Солеҳ: “Каримов довталабона аз қудрат намеравад”

Муҳаммад Солеҳ, раҳбари ҳизби мухолифи давлати Ӯзбакистон мавсум ба “Эрк” (“Озодӣ”) гуфтааст, Ислом Каримов аз роҳҳои демукротик ва интихобот аз қудрат нахоҳад рафт.
Оқои Солеҳ ба Би-би-сӣ гуфт, аз соли 1991 то ба ҳол Ислом Каримов аз тариқи ҳамапурсӣ ва интихоботҳои тахаллуфӣ ба унвони раиси ҷумҳурӣ боқӣ мондааст.
Зимнан, ду рӯзе қабл Ҳизби либерол-демукроти Ӯзбакистон номзадии Ислом Каримовро ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар дар рӯзи 29 марти соли ҷорӣ пешниҳод кард.
Бад ин тартиб, Ислом Каримови 77-сола бори дигар дар интихобот барои курсии раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон вориди корзор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Муҳаммад Солеҳ, дар ҳоле ки бар асоси қавонини Ӯзбакистон як нафар метавонад дар ду навбат ба муддати 5 сол раиси ҷумҳурӣ интихоб шавад, оқои Каримов дар муддати 26 соли ахир дар ин мақом боқӣ мондааст.
Ба эътиқоди коршиносон, бо таваҷҷӯҳ ба мавориди фаровони тақаллуб ва адами номзадҳои шинохта мумкин аст оқои Каримов дар ин интихобот низ бидуни мушкил пирӯз шавад.
Муҳаммад Солеҳ, раҳбари ҳизби мухолифи давлати Ӯзбакистон мавсум ба “Эрк” (“Озодӣ”) дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон дар соли 1991 рақиби ягонаи Ислом Каримов маҳсуб шуда ва 12,7 дарсади ороро ба даст оварда буд.
Аммо пас аз баёнияҳои оқои Солеҳ дар мавриди тақаллуб дар интихобот фишорҳои ниҳодҳои давлатӣ болои ӯ афзоиш ёфта ва дар соли 1993 Ӯзбакистонро тарк кард.
Ислом Каримов барои аввалин бор 29 декабри соли 1991 раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон интихоб шуда, дар соли 1995 тавассути ҳамапурсӣ муддати раёсати ҷумҳурии ӯ то соли 2000 тамдид шуд.
9 январи соли 2000 ба Қонуни асосии Ӯзбакистон тағйирот ворид шуда ва муддати раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 сол тамдид гардид. Дар солҳои 2000 ва 2007 ду маротиба курсии раёсати ҷумҳурии кишварро соҳиб шуд.
Дар соли 2011 порлумони Ӯзбакистон бори дигар Қонуни асосиро ислоҳ карда ва муддати раёсати ҷумҳуриро 5 сол таъйин кард. Мақомоти Ӯзбакистон гуфтаанд, бар асоси ин тағйирот муддати раёсати ҷумҳурии қаблии Ислом Каримов лағв шуда ва ӯ метавонад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 29 марти соли ҷорӣ ширкат кунад.
Созмонҳои байналмилалӣ интихоботҳо дар Ӯзбакистонро “ғайришаффоф ва ғайридемукротик” арзёбӣ кардаанд.
Аз ҷумла, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо интихоботи порлумонӣ дар Ӯзбакистон дар рӯзи 21 декабри соли гузаштаро “бидуни рақобати воқеъӣ” хонда ва аз эъзоми ҳайъати нозирон ба ин интихобот худдорӣ кард.
Вазорати хориҷаи Омрико зимни баррасии натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2000 дар Ӯзбакистон, ки Абдулҳафиз Ҷалолов, рақиби Ислом Каримов ба оқои Каримов раъй дода буд, “хандадор” хонда буд.
