Президент Каримов “вуҷуди норизоятиҳои мардум”-ро эътироф кардааст

  • 2 Январ, 2015
Image copyrightuza
Image caption Нашрияҳои Ӯзбакистон ба ҳангоми нашри паёми табрикии Президент Каримов акси 20 соле қабли ӯро чоп кардаанд

Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба мавориди норизоиятии сокинони ин кишвар таъкид карда ва илали онро “низоми кӯҳнаи маъмурӣ” унвон кардааст.

Президент Каримов дар паёми табрикии худ ба мардуми Ӯзбакистон дар иртибот ба Соли нави милодӣ гуфтааст, “барои аз байн бурдани авомили норизоятиҳо талош карда ва мардумро аз ин вазъият раҳо хоҳем кард.”

Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, мумкин аст ин ибрози назари раиси ҷумҳурӣ ишорае ба таҳвуллоти эҳтимолӣ дар сохтори давлат бошад.

Дар пайи интихоботи порлумонӣ дар Ӯзбакистон дар моҳи гузашта қарор аст дар моҳи ҷорӣ нахуствазири ин кишвар интисоб шавад.

Шавкат Мирзиёев, нахуствазири феълӣ намояндаи Ҳизби либерол-демукрот аст, ки дар ин интихоботи порлумонии Ӯзбакистон курсиҳои бештареро ба даст овардааст.

Аммо рӯшан нест, ки ин ҳизб оқои Мирзиёевро дубора ба симати нахуствазирӣ пешниҳод хоҳад кард ё хайр.

Дар ҳамин ҳол, Шавкат Мирзиёеви 57-сола, ки дар зарфи 11 соли ахир мақоми нахуствазири Ӯзбакистонро ба ӯҳда дорад, аз ҷумлаи довталабон ба курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар маҳсуб мешавад.

Қарор аст, интихоботи раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон 29 марти соли ҷорӣ баргузор шуда ва Ислом Каримови 77-сола ба имкони ширкаташ дар интихобот ишора кардааст.

Ислом Каримов дар авохири даҳаи 1980 Дабири аввали Ҳизби кумунисти Ӯзбакистон, ки мақоми раҳбарии кишвар маҳсуб мешуд, баргузида шуда ва пас аз касби истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 симати раиси ҷумҳурии Ӯзбакистонро ба ӯҳда дорад.

Матолиби муртабит