Каримови кӯчак: Ман бо режими Узбакистон дар набард ҳастам

Бештари фаъъолони ҳуқуқи башар Узбакистонро ба Куреи Шимолӣ ташбеҳ мекунанд, ки ҳар он чи онҷо мегузарад, аз чашми ҷомеъаи ҷаҳонӣ пинҳон мондааст.
Дар солҳои ахир тасвири Узбакистон дар матбӯъоти ҷаҳон бо матолибе дар бораи саркӯби хунини муътаризони Андиҷон дар соли 2005, сӯиистифода аз нерӯи кӯдакон дар ҷамъоварии маҳсули панба ва истифодаи муназзам аз шиканҷа дар зиндонҳо тира зоҳир мешавад.
Ислом Каримов аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ то ба имрӯз зимоми умурро дар Узбакистон дар даст дорад. Оқои Каримов аз мусоҳиба бо расонаҳои Ғарб парҳез мекунад ва ба дастури ӯ фаъъолияти дафтари Би-би-сӣ дар Тошканд чанд сол пеш мутаваққиф шудааст.
Аммо Ислом Каримови дигар, набераи Президент Каримов, дар Ландан барои суҳбат бо Би-би-сӣ розӣ шуд.
Ислом Каримов мегӯяд: "Ҳоло ман ба як душман ва ҳадафе барои давлати Узбакистон мубаддал шудаам. Тани танҳо бо режими ин кишвар дар ҳоли набард ҳастам."
Ба гуфтаи оқои Каримов, ӯ ба хотири дифоъ аз Гулнора Каримова, модараш, ки замоне духтари нозпарварди раиси ҷумҳурӣ буд ва ҳоло робитааш бо падар тира шуда ва дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, мубориза мекунад.
Ба эътиқоди Ислом Каримови кӯчак, дар пайи мухолифат бо гурӯҳе қудратталаб дар Узбакистон ситораи модараш дар саҳнаи сиёсии он кишвар ғуруб карда, ниҳодҳои амниятӣ, модар ва хоҳараш ӯро таъқиб мекунанд. Гулнора ба навбаи худ модару хоҳарашро ба ҷодугарӣ муттаҳам кардааст.
Каримови кӯчак ин гуна вазъиятро дар хонаводаи Президент Каримов як ҳодисаи ғайримаъмулӣ хонда ва мегӯяд, ки агар Вилём Шекспир ҳоло дар Узбакистон ба сар мебурд, аз ин гирудори хонаводагӣ қиссаи аҷибу ғарибе менавишт.
Гулнора Каримова, ки як замон “Маликаи узбак” унвон мешуд, дар аксҳои ахираш озурдаву афсурда ба чашм мехурад. Бар асоси аксҳо ва наворҳое, ки ба таври махфӣ аз Узбакистон ба хориҷ ирсол шудаанд, хонум Каримова аз камбуди маводди ғизоӣ ва кумаки пизишкӣ шикоят кардааст.
Ба гуфтаи Гулнора Каримова ӯ ва духтараш дар ҳабси хонагӣ қарор дошта ва вазъияти онҳо "аз ҳоли саг ҳам бадтар" аст.
Набераи раиси ҷумҳурии Узбакистон вазъияти феълӣ дар хонаводаашро "мубориза барои тақсими қудрат" тавсиф кардааст.
Ислом Каримов гуфт: "Дар мавриди рафтани қудрат аз дасти падарбузургам чизе наметавонам бигӯям. Яъне, дар ин бора иттилоъи дақиқе надорам. Ба фикри ман, худи ӯ аз ин ҳаводис хабаре надорад."
"Боре падарбузургам аз ман хост, то истифода аз интернетро омӯзиш диҳам ва ман розӣ шудам. Рӯзи дигар модарбузургам ин корро мамнӯъ кард ва гуфт: "Ақл дорӣ, агар ӯ аз интернет ҳамаи хабарҳоро хонад, чи хоҳад шуд?" Сипас, сими интернетро буриданд. Ба далели мухолифати ҳамсараш қудратмандтарин фарди Узбакистон аз истифода аз шабакаи интернет маҳрум мондааст."
Каримови кӯчак мегӯяд, ки ду сол қабл ба ӯ ва модараш сӯиқасде анҷом шуда ва онҳо аз заҳри филиззе сангин масмум шудаанд. Истифода аз маводди саммӣ тавассути Идораи амнияти миллии Узбакистон алайҳи мухолифони давлат ва истифода аз шиканҷа дар зиндонҳо ҳодисаи тозае нест. Дидбони Ҳуқуқи Башар аз мавориди истифода аз шиканҷаи ваҳшатнок дар зиндонҳои Узбакистон гузориш додааст.
Пас аз пахши мусоҳибаи Ислом Каримови кӯчак дар Бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ дар рӯзи 11 ноябри соли ҷорӣ унвонии Би-би-сӣ аз Лола Каримова, духтари дигари Президент Каримов, номае ворид шуд.
Хонуми Каримова иддиъоҳои Каримови кӯчакро дар мавриди хонаводаи Президент Каримов туҳмат арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки барои дифоъ аз ҳуқуқ ва ҳайсияти худ ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
