Нигаронии Каримов аз вуруди гурӯҳҳои теруристӣ ба Афғонистон

  • 11 Декабр, 2014
Image copyrightReuters

Раиси ҷумҳурии Узбакистон аз Русия барои муқобала бо гурӯҳҳои теруристӣ дар Осиёи Марказӣ дархости кумак кардааст.

Ислом Каримов, ки шоми чаҳоршанбеи 10 декабр дар шаҳри Тошканд пас аз дидору гуфтугӯ бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ, дар баробари хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт: "Имрӯз вазъияти Ироқ такрор мешавад. Нишонаҳои вуруди бархе аз аъзои Доъиш аз Ироқу Сурия ба Афғонистон ба мушоҳида мерасад."

Ӯ афзуд: "Дар пайи густариши доманаи терурисм ва бунёдгароӣ Осиёи Марказӣ бо таҳдидҳое рӯбарӯ аст. Бидуни шак, ҳузури Русия дар ин минтақа дар таъмини амният, сабот, муқобала бо қочоқи маводди мухаддир ва ҷароими созмонёфтаи фаромарзӣ омили муҳим маҳсуб мешавад."

Дар ин робита оқои Каримов хостори тавсеъаи равобит дар чорчӯби ҳамкориҳои низомию фаннӣ бо Русия шудааст.

Владимир Путин гуфтааст, ки Русия низ чун кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вазъияти Афғонистон пас аз хурӯҷи нерӯҳои байналмилалии мубориза алайҳи терурисм аз ин кишвар дар соли ҷорӣ нигарон аст.

Руасои ҷумҳурии Русия ва Узбакистон дар канори масоили сиёсию амниятӣ мавзӯъи тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодиро низ матраҳ кардаанд.

Гузоришҳо ҳокист, ки дар ҷараёни дидори Президент Путин аз Узбакистон Русия 865 милюн дулор ё 85 дарсади бидеҳиҳои Узбакистонро муъоф кардааст.

Антон Силуанов, вазири молияи Русия, ба хабарнигорон гуфтааст, ки ин бидеҳиҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравии пешин ва дар солҳои 1992-1993 анбошта шуда ва Русия бо лағви бахши умдаи онҳо роҳро барои ҳамкориҳои бештари иқтисодию тиҷоратӣ миёни ин ду кишвар боз кардааст.

Оқои Силуанов Узбакистонро дар канори Қазоқистону Белорус аз шарикони умдаи Русия хонда ва гуфтааст, ки танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ табодули коло миёни Русия ва Узбакистон чаҳор милёрд дулорро ташкил додааст. Ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта 10 дарсад бештар будааст.

Зимнан, дидори Владимир Путин дар остонаи интихоботи порлумонӣ дар Узбакистон, ки қарор аст рӯзи 21 декабри соли ҷорӣ баргузор шавад, анҷом шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, интихоботи порлумонӣ дар Узбакистон рӯйдоди муҳимме буда, ин кишвар дар садад аст аз низоми раиси ҷумҳурӣ ба низоми порлумонию раиси ҷумҳурӣ гузарад ва муддати риёсати ҷумҳурӣ низ коҳиш ёбад.

Интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар 22 марти соли оянда баргузор хоҳад шуд ва бархе мегӯянд, ки мумкин аст дар он мавзӯъи интиқоли қудрат матраҳ шавад, ҳарчанд бисёриҳо дар ин амр тардид доранд.

Вазъи норӯшани сиёсии Узбакистон, ихтилофи машкуки байни Ислом Каримов ва духтараш Гулнора, нақши Рустам Иноятов, раиси Идораи амнияти миллӣ дар моҷарои талош барои қудрат, афзоиши таҳдиди гурӯҳҳои тундрави исломӣ ва марзи ноороми Афғонистон ин интихоботро таҳти соя қарор додааст.

Матолиби муртабит