Дар Тошканд намояндагии НОТУ ифтитоҳ мешавад

  • 15 Май, 2014

Бино ба иттилоъи расмии НОТУ ва давлати Ӯзбакистон, қарор аст дар шаҳри Тошканд қароргоҳи Созмони Паймони Отлинтики Шимолӣ (НОТУ) боз шавад.

Дар ин замина як масъули НОТУ ба хабаргузории РИА “Новости”-и Русия хабар дода, нашрияи “Новий век”-и Ӯзбакистон ба таъйиди ин хабар аз ҷониби мақомоти Ӯзбакистон ишора кардааст.

Дар назар аст, фардо, 16 май, дар маросими ифтитоҳи намояндагии НОТУ дар шаҳри Тошканд Ҷемс Аппатурай, намояндаи ин созмон дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ширкат кунад.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин намояндагии минтақаии НОТУ чи аҳдоф ва вазоиферо пайгирӣ хоҳад кард.

Маросими ифтитоҳи намояндагии НОТУ дар Ӯзбакистон ба замони тира шудани равобити Ғарб бо Русия дар пайи бӯҳрони Укройн мусодиф будааст.

Зимнан, Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, ки дар Рӯзи Хотира ва Посдорӣ дар 9 майи соли ҷорӣ суханронӣ мекард, хостори ҳалли мусолиматомези бӯҳрони Укройн шуд.

Равобити Ӯзбакистон бо Созмони Паймони Отлинтики Шимолӣ дар соли 1991 шурӯъ шуда, аммо ба дунболи ба таври бераҳмона саркӯб шудани тазоҳурот дар шаҳри Андиҷон равобити ин кишвар бо кишварҳои Ғарб, бахусус, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико тира шуд.

Бо тақозои Ӯзбакистон Омрико пойгоҳи низомии худ дар Хонободи ин кишварро таътил кард.

Дар соли 2008 равобити Ӯзбакистон бо НОТУ беҳбуд ёфта ва як соле баъд Ӯзбакистон ба ниҳоди ироъаи колоҳои низомӣ ба Афғонистони НОТУ мавсум ба “Самти шимол” пайваст.

Дар ҷараёни хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар соли ҷорӣ ин созмон аз ҳудуди Ӯзбакистон истифода хоҳад кард.

Матолиби муртабит