Масъалаи пардохти молиёт байни НОТУ ва давлати Афғонистон ҳал шуд

Ҳукумати Афғонистон эълом кард, ки баъд аз музокира бо мақомоти НОТУ комюнҳои тадорукотии ин нерӯҳоро, ки дар марзҳои Афғонистон ба далели напардохтани молиёт мутаваққиф буданд, иҷозаи ҳаракат додааст.
Умар Зохилвол, вазири молияи Афғонистон бо таъйиди ин хабар ба Би-би-сӣ гуфт: "Аҷносе, ки НОТУ вориди Афғонистон мекарданд, бар асоси мувофиқатномаи "фаннии низомӣ" миёни Афғонистон ва НОТУ аз пардохти молиёти маъоф буданд."
Ӯ афзуд, ки ҳукумати Афғонистон дар ин авохир мутаваҷҷеҳ шуд, ки ширкатҳои тарафи қарордоди НОТУ, ки амволи ин нерӯҳоро интиқол медиҳанд бо истифода аз ин ном миқдори колои тиҷориро ба номи таҷҳизоти нерӯҳо НОТУ вориди бозор карда ва бо истифода аз маъофияти молиётӣ ба фурӯш мерасонанд.
Оқои Зохилвол таъкид кард, ки ҳукумати Афғонистон шавоҳид ва аснодеро ба даст оварда буд ва ба ҳамин далел шуморе аз комюнҳои нерӯҳои НОТУ дар марзи Турхам дар шарқи Афғонистон барои муддате мутаваққиф шуданд.
Оқои Зохилвол гуфт, ки НОТУ ва ҳукумати Афғонистон тавофуқ карданд, ки монанди гузашта амволе, ки тавассути ширкатҳои тарафи қарордоди НОТУ барои ин нерӯҳо вориди Афғонистон мешаванд, аз пардохти молиёт маъоф бошанд.
Ӯ афзуд, ки НОТУ ваъда дода тамоми амволе, ки дар гузашта ширкатҳои тарафи қарордоди онон интиқол дода, феҳристашро ба давлати Афғонистон таҳвил диҳад ва амволе, ки ба онон таҳвил дода нашуда, ширкатҳои тарафи қарордод бояд дубора молиёташро ба давлати Афғонистон бипардозад.
Зохилвол бо ишора ба ин ки давлати Афғонистон феҳристи тамоми ширкатҳои тарафи қарордоди НОТУро дар ихтиёр дорад, аз ин нерӯҳо хост, ки тамоми амволеро, ки баъд аз ин барои нерӯҳои НОТУ интиқол дода мешавад, бояди феҳристи тасдиқшудаи он ба давлати Афғонистон дода шавад.
Ӯ афзуд, ки ин раванд метавонад дар афзоиши даромади дохилии Афғонистон, ки бештари он аз тариқи молиёт таъмин мешавад, кумак кунад.
Нерӯҳои НОТУ низ бо ирсоли хабарномае таъйид карда, ки ихтилоф дар заминаи интиқоли амволи нерӯҳои НОТУ ва ҳукумати Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба "мувофиқатномаи фаннии низомӣ" ҳал шудааст.
НОТУ бо ибрози қадрдонӣ аз давлати Афғонистон гуфтааст, ки ду тараф мутаъаҳҳид ба ҳамкорӣ дар ин замина шудааст.
Аз чанде қабл ҳукумати Афғонистон эълом кард, ки нерӯҳои НОТУ бояд барои ворид кардани амволи худ ба давлати Афғонистон молиёт бидиҳад. Ин мавзуъ боъис шуд, ки ҳудуди 70 ҳазор комюн ва континари ҳомили амволи нерӯҳо НОТУ дар банодири Афғонистон мутаваққиф шавад.
Дар ин вокуниш теъдоде аз сенотурони омрикоӣ эълом карданд, ки дар изои ҳар дулори молиёт, ки давлати Афғонистон аз амволи нерӯҳои НОТУ бигирад, давлати Омрико чаҳор дулор аз кумакҳои ваъдадодашуда ба давлати Афғонистонро кам хоҳад кард.
