Рекурди ҷаҳонии довари ӯзбак

  • 7 Июл, 2014
Равшан Эрматов,

Равшан Эрматов, довари ӯзбак, дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Брозил ба рекурди ҷаҳонӣ даст ёфт.

Рақобати дастаҳои мунтахаби Ҳуланд ва Коста Рика дар рӯзи 5 июли соли ҷорӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии футбол бозии 9-уме маҳсуб мешавад, ки оқои Эрматов дар ин мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ доварӣ кардааст.

Қаблан се довар, Жоэл Киню аз Фаронса, Бенито Арчундӣ аз Мексик ва Хорхе Ларрион аз Уругвой дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол 8 маротибагӣ доварӣ карда буданд.

Фаъъолияти доварии Равшан Эрматов дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Офриқои Ҷанубӣ дар соли 2010 шурӯъ шуда, ӯ дар ин мусобиқот 5 бозӣ, аз ҷумла, рақобати ниманиҳоии дастаҳои мунтахаби Ҳуланд ва Уругвойро доварӣ карда буд.

Дар мусобиқоти феълии Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Брозил оқои Эрматов ба 4 бозии миёни дастаҳои Суис-Эквадор, Хорватӣ-Мексик, Омрико-Олмон ва Ҳуланд-Коста Рика доварӣ кардааст.

Абдуҳамидулло Расулов, довари ӯзбак ва Баҳодур Қӯчқоров, довари қирғиз аъзои гурӯҳи доварии таҳти раҳбарии Равшан Эрматов маҳсуб мешаванд.

Ба гуфтаи коршиносон, мумкин аст Равшан Эрматов дар бозиҳои ниманиҳоии дастаҳои Брозил-Олмон ва Оржентин-Ҳуланд ва ҳатто бозиии ниҳоӣ доварӣ кунад.

Дар канори бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол Равшан Эрматов дар мусобиқоти футболи қораи Осиё ва Бозиҳои Улампики Лондон дар соли 2012 ба ҳайси довар ширкат дошта ва ӯ ба унвони 4 довари беҳтарини қораи Осиё эътироф шудааст.