Поёни раванди сабти номи номзадҳо

  • 9 Феврал, 2015

Шоми 7 феврали соли ҷорӣ равнади сабти номи номзадҳо дар интихоботи порлумонӣ аз ҳавзаҳои якмандатӣ поён ёфт.

Интизор меравад, баъд аз зӯҳри душанбеи 9 феврал Кумисиюни Марказии Интихобот ва Ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) феҳристи номзадҳо дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳалии кишварро эълом кунад.

Ин афрод барои ба даст овардани курсиҳо дар интихоботи порлмонӣ, ки рӯзи якшанбеи 1 маррти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, ширкат хоҳанд кард

Бино ба иттилоъи манобеъи КМИҲ, номзадҳо бар асоси феҳристи ҳизбӣ сабти ном шуда ва қарор аст, 103 номзади ин феҳристҳо ба соҳиб шудан ба 22 курсии Маҷлиси Намояндагон мубориза хоҳанд бурд..

Зимнан, дар моҳи ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон се иҷлос баргузор карда ва рӯзи 27 феврал ба фаъъолияти 5 солаи худ хотима мебахшад.