Руқияи Нурӣ: 'Бо ҳиҷоб вориди порлумон хоҳам шуд'
Image copyrightBBC World ServiceДар интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки қарор аст 1 марти соли ҷорӣ баргузор шавад, ду фарзанди Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар, ширкат мекунанд.
Муҳаммади Нурӣ ба унвони номзад аз феҳристи ҳизбӣ ва Руқияи Нурӣ ҳам аз феҳристи ҳизбӣ ва ҳам аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе вориди корзори интихоботӣ гардидаанд.
Зимнан, Руқияи Нурӣ дар соли 2010 дар интихоботи Маҷлиси шаҳри Душанбе ширкат карда ва ноком шуд. Ҳамакнун хонуми Нурӣ барои касби курсии порлумон вориди корзори интихоботӣ шудааст. Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад зимни суҳбат бо Руқияи Нурӣ нахуст аз ӯ пурсидааст, ки агар духтари оқои Нурӣ набуд, ба ин интихобот ба унвони номзад роҳ меёфт?
Руқияи Нурӣ: Дар ҳизби наҳзати исломӣ номзадҳои зан ба интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ хеле зиёданд ва онҳо духтарони Саид Абдуллоҳи Нурӣ нестанд. Ширкат дар интихобот ҷуръат мехоҳад. Мехоҳад барои мардум хидмат кунанд.
Аз сӯйи дигар, ман дар хонаводае бузург шудам, ки на танҳо рӯҳияи рӯҳонӣ доштанд, балки сиёсӣ низ буданд. Шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ба хонаводаи мо меомаданд. Ҳадафи Ҳизби наҳзати исломӣ низ, ки падарам поягузораш буду ман ҳам узви он ҳастам, дифоъ аз манофеъи миллӣ буду ҳаст. Ман ба унвони як зани мусалмон талош мекунам рӯсаридоре низ дар курсии порлумон нишинад.
Ширкати Шумо ва бародаратон Муҳаммад дар интихоботи порлумонӣ ба маънии вуруди фарзандони Абдуллоҳи Нурӣ ба саҳнаи сиёсии Тоҷикистон аст?
Мо аз қаблан ба саҳнаи сиёсӣ ворид шуда будем. Зиндагии мо худ сиёсӣ буд. Чун падари мо марде сиёсатмадор буд, мо аз хурдӣ ба сиёсат хӯ гирифта ва бо сиёсат бузург шудем. Яъне, мо дар сиёсат навқадам нестем.
Вақте оқои Нурӣ фавт кард, ҳама интизор доштанд, ки Муҳаммад ҷонишини падар мешавад. Он замон ӯ ҷавон буду ҳоло бузург шуда ва дар интихобот ҳам ширкат мекунад.
Сару садоҳое ҳаст, ки дар сурати ноком шудани ҲНИТ дар интихоботи порлумонӣ дар сохтори ҳизб таҳаввулоти ҷиддӣ рух хоҳад дод. Имкон дорад дар ҳошияи ин таҳаввулот Муҳаммад риёсати ҲНИТ-ро ба уҳда бигирад?
ҲНИТ Риёсати олӣ ва Шӯрои сиёсӣ дорад. Ҳамаи таҳаввулот бар пояи демукросӣ ва бо раъйгирӣ анҷом мешавад. Пешниҳоди номзадҳо дар интихобот низ тибқи ҳамин систем сурат гирифтааст. Муҳаммади Нурӣ бояд дар ҷомеъа худро ҳамчун шахсият муъаррифӣ кунад.
Падарам ҳамеша насиҳат мекард, ки дар сояи шуҳрати Саид Абдуллоҳи Нурӣ зиндагӣ накунед, роҳу равиши худро пайдо кунед ва худ як шахсият шавед. Муҳаммад низ бояд собит кунад, ки сазовори чунин мақом аст. Он замон ҲНИТ тасмим мегирад. Барои Риёсат ва Шӯрои сиёсии ҳизб муҳим нест, ки фарзанди кӣ ҳастӣ. Муҳим малака, истеъдод ва шахсият будан аст.
Чун Шумо вориди корзори интихоботӣ шудед, сангинии ин равандро эҳсос мекунед? Пас аз фавти Суҳроб Шарифов, сиёсатмадори саршинос, дар ҳавзаи интихоботӣ рақиби нерӯманде доред?
Дар ҷараёни мулоқот бо интихобкунандагон рақибони лаёқатманди худро дидам. Ду номзади ҷавон арзанда буданд. Аммо интихобкунандагон худ тасмим мегиранд, ки кадоме аз мо сазовори курсии порлумон ҳастем.
Ба пирӯзии худ дар интихобот бовар доред?
Ҳафтод дарсад мутмаин ҳастам, ки интихобкунанадгон аз номзадии банда ҷонибдорӣ мекунанд. Ба шарте, ки интихобот дар шароити шаффоф, озод ва демукротик анҷом шавад.
Чун Шумо зане исломӣ ҳастед, шавҳаратон аз ин иқдоми сиёсии Шумо пуштибонӣ мекунад? Бо номзади интихобот шудани Шумо мухолифат накардааст?
Ҳар иқдоме, ки дар хонавода сурат мегирад, бар пояи машварту маслиҳат анҷом мешавад. Пешниҳоди номзадии банда аз ҷониби ҲНИТ-ро бо ризояти шавҳарам пазируфтам. Шавҳарам дар мактаби Саид Абдуллоҳи Нурӣ бузург шуда ва марди озодандеше аст. Феълан бо тиҷорат машғул аст. Ӯ тасмимро ба худам вогузор кард. Дар корзори интихоботӣ кумак мекунад.
Ба ҳайси номзаде муҳаҷҷаба дар интихоботи порлумонӣ бароятон мушкиле пеш омада ва вокуниши интихобкунандагон дар мулоқотҳо ба сурати зоҳирии Шумо чи гуна буд?
То ҳол ҳеч мушкиле надоштам. Маросими санади сабти номи номзадии банда хеле муаддабона буд. Дар панҷ мулоқот, ки куллияи номзадҳои ҳавза бо интихобкунанадгон анҷом додем, истиқбол хуб буд. Хуб гӯш медоданд, суолҳо низ хашину таҳриккунанда набуд.
Тибқи барномаи ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур бояд то 25 феврал бо интихобкунандагон 13 мулоқот баргузор мекардем. Вале пас аз панҷ мулоқот, ки бо мусоъидати ҳукумати ноҳия сурат гирифт, масъулон гуфтанд, дигар худатон бо нерую имконоти худ мулоқотҳо созмон диҳед.
Умдатан аз Шумо чи суол мекарданд?
Бештар дар мавриди рӯсарӣ. Барояшон гуфтам, ки намояндаи рӯсаридор метавонад дар порлумон мушкилатонро ҳал кунад. Дар мавриди ташкили ҳизби сиёсӣ дар ислом суол карданд. Гуфтанд, дар Қуръон омадааст, мардумро ба фирқаро тақсим накунед. ҲНИТ мардумро ба гурӯҳҳо тақсим намекунад? Оё ниёзе ба вуҷуди чунин ҳизб дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳаст?
Ҳамчунин, мепурсиданд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ бо чунин қудрату тавоноӣ чиро интиқоди коршиносонро фишор талаққӣ карда ва худро дар ҷомеъа бечора вонамуд мекунад?
Посухи Шумо чи буд?
Гуфтам, ки фишору таҳдид ва таъқиб дар қиболи ҲНИТ буд, ҳаст ва оянда низ хоҳад буд. Сабру таҳаммулро пеша кардани ҳизби наҳзати исломӣ нишонаи бечорагӣ нест. Чун ҲНИТ як ҷониби сулҳи Тоҷикистон аст, ба хотири пойдории сулҳ дар қиболи фишору таъқибҳо таҳаммул мекунад.
Агар интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ низ ғайришаффофу ғайридемукротик баргузор шуда ва ба далоили мухталиф ба нафъи номзади Ҳизби ҳокими халқи демукротик анҷом шавад, боз ҳам сабр хоҳед кард?
На, эътироз хоҳем кард.
Чи гуна эътироз?
Тавассути Ситоди марказии ҲНИТ ба кумисиюнҳои ҳавзаҳо шикоят мебарем.
Вале хуб медонед, ки ин гуна шикоятҳо натиҷае нахоҳад дод...
Дигар намедонам чи эътирозе кунам. Дар мулоқотҳо бархе аз афрод гуфтанд, ҳазор ҳаракате кунед, ҳам дар интихобот пирӯз намешавед. Аммо дар интихобот нозирони байналмилалӣ ҳастанд. Аз тахаллуфот ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ хоҳанд гуфт. Яъне, ҳақиқат пинҳон нахоҳад монд. Этирози мо дар чорчӯби қонунҳои Тоҷикистон хоҳад буд. Шояд ба хотири ҳифзи сулҳ боз ҳам сабр кунем.
Вале ба назар мерасад, ки ҷониби дигари сулҳ, давлати Тоҷикистон, дар ин замина талош намекунад? Бештари коршиносон таҳаммули Шуморо тарс арзёбӣ мекунанд. Ҳар қадаре ки ҲНИТ сабр кард, ҳамон қадар фишор бар он бештар шудааст. Ҳамин тур нест?
Бале. Дар корзори интихоботӣ бештари номзадҳои маҷолиси маҳаллӣ аз ҲНИТ-ро бо баҳонаҳои мухталиф сабти ном накарданд ё пас аз сабти ном ҳам "маслиҳат" доданд, ки "бо хоҳиши худ" аз ширкат дар корзори интихоботӣ худдорӣ кунанд.
Номзадии иддае аз аъзои ҳизб ба далели ноком шудан дар интиҳони забони тоҷикӣ рад шуд. Ин дар ҳолест, ки имтиҳони забони тоҷикӣ танҳо барои номзадҳои интихоботи порлумонӣ буда, бо номзадҳои интихоботи маҷолиси маҳаллӣ бояд дар мавриди донистани забони тоҷикӣ танҳо суҳбат сурат бигирад.
Оё дар участкаҳо ё марказҳои раъйгирӣ намояндагони ҲНИТ ҳастанд ва дар шумориши оро ширкат мекунанд?
Тибқи қонуни интихобот онҳо ҳаққи ҳузур дар шумориши ороро надоранд. Мушкили аслӣ дар ин ҷост. Дар ин ҷо ба орои мардум хиёнат мешавад. Агар ин мушкил ҳал шавад, интихобот шаффофу озод хоҳад гузашт.
Нуктаи аслии барномаи қабл аз интихоботи Шумо кадом аст?
Баробарии ҳама дар назди қонун.
Аммо ин нукта танҳо шиъор аст, даъват аст. Дар барномаи интихоботии Шумо ҳаддиақал нуктае дар бораи таъмин ё ҳимоят аз ҳуқуқи зан вуҷуд дорад?
Дар ҷараёни мулоқот бо интихобкунандагон дар бораи таъмини ҳуқуқи занҳое, ки шавҳарҳояшон дар муҳоҷират ҳастанду барояшон пуле намефиристанд, пешниҳоде кардам. Дар давлати Тоҷикистон бояд Сандуқе боз шавад барои ироаи кумаки молӣ ба ин занҳо. Маболиғи ин хазина аз ҳисоби пули муҳоҷирон таъмин шавад. Яъне, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мардони муҳоҷири “гумном”-ро дар Русияю Қазоқистон пайдо карда ва ин маболиғро аз онҳо бистонанд.
Имкон дорад сармояи аввалияи ин сандуқ аз ҳисоби як дарсади маболиғи интиқолӣ аз муҳоҷирон тавассути бонкҳо, ки беш аз 350 ҳазор дулорро ташкил медиҳад, ташкил шуда ва сипас, ин маблағ аз муҳоҷирони “гурезпо” ситонда шавад.
Дар кишвари мардсолоре чун Тоҷикистон ворид шудани зан бо пӯшиши исломӣ ба саҳнаи сиёсӣ душвор аст?
Дар ҳизби наҳзати исломӣ чунин мушкиле вуҷуд надорад. Дар феҳристи ҳизбӣ ҳафт номзади зан дар интихоботи порлумонӣ ширкат мекунанд. Дар мулоқотҳо низ беэътиноии мардҳо нисбат ба номзадҳои занро эҳсос накардам.
Аз ҷумлаи шаш номзад дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба интихоботи порлумонӣ се нафарашон занон ҳастанд. Мардсолорӣ ба мушоҳида намерасид. Танҳо барномаҳои моро гӯш медоданд ва суол мекарданд.
Шумо аз мавориди фишор ва эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар корзори интихоботӣ суҳбат кардед. Ба андешаи Шумо, бо вуҷуди имкони фаровони идорӣ ва дар даст доштани расонаҳои ҷамъӣ чиро мақомоти Тоҷикистон аз пирӯзии эҳтимолии номзадҳои ҲНИТ нигаронанд?
ҲНИТ дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳизбе фаъъол аст. Аз сӯйи дигар, ин ҳизб ҷанба ё характери динӣ дорад ва 99 дарсади мардуми кишвар мусалмонанд. Ин амр ҳизби наҳзатро ҳизби мардумӣ кардааст. Бештари мардум аз ҲНИТ тарафдорӣ мекунанд ва ин вазъ ҳукумати Тоҷикистон тарс додааст.
Сару садоҳое вуҷуд дорад, ки гӯё Президент Раҳмон ба фарзандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ таваҷҷуҳ дорад ва ин эҳтимол меравад, ки яке аз онҳо вориди порлумон шаванд. Барои Шумо низ чунин сару садоҳо расида?
Чунин хабарҳо ба мо ҳам расидааст. Агар ин хабар дуруст мебуду ман ба порлумон роҳ меёфтам, ин хабари хубе барои занҳои мусалмон хоҳад буд. Агар шаффофият дар ҳавзаи интихоботӣ таъмин шавад, шояд шонси пирӯзӣ дар интихобот барои банда бештар шавад.
Аз ҷумлаи панҷ рақиб дар ҳавзаи интихоботӣ кадоме бештар бароятон рақиби ҷиддӣ аст?
Абубакр Комилов, номзад аз ҳизби ислоҳоти иқтисодиро рақиби ҷиддӣ медонам. Донишманду болаёқат ба назар мерасад ва дар мулоқотҳо бо интихобкунандагон хеле фаъол буд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳизби ҳокими халқи демукрот гуфтааст, ки аз номзадии Баҳром Абдуаминов, узви ин ҳизб, пуштибонӣ хоҳад кард. Магар ӯ рақиби ҷиддӣ нест?
Агар ҲХДТ чунин баёнияе карда бошаду интихобот шаффоф нагузарад, ин мард пирӯз хоҳад шуд.
Шумо, ки ҳамеша бо пӯшиши исломӣ дар ҷомеъа зоҳир мешавед ва барои мулоқот бо интихобкунандагон низ бо рӯсарӣ меравед, дар сурати ворид шудан ба порлумон аз ҳуқуқи занону духтарони муҳаҷҷаба, ки ҳуқуқашон дар донишгоҳҳо ё бозорҳо нақз мешавад, дифоъ хоҳед кард?
Бале. Ба ҳамин хотир, мехоҳам курсии порлумонро ба даст оварда, нахуст барои ислоҳи Қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд” талош кунам. Мехоҳам ду банди ин қонун, мамнӯъ будани рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷид барои ибодат ва манъ будани рафтани духтарону занон бо ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатӣ лағв шавад.
Порлумон ҷойи мубоҳисот аст. Ба намояндагон хоҳам гуфт, ки ба зоҳир на, балки ба ҷавҳари инсон нигаранд. Ин суол матраҳ шавад, ки рӯсарӣ ё ҳиҷоб чи зараре ба ҷомеъа мерасонад?
Тасаввур кунед, дар интихобот ба порлумон роҳ ёфтеду мехоҳед вориди бино шавед, Шуморо бо ҳиҷоб ба порлумон роҳ намедиҳанд. МегӯяндТоҷикистон давлати дунявӣ асту бо ҳиҷоб вориди муассисаи давлатӣ шудан мамнӯъ аст. Шумо чи кор мекунед? Тарки ҳиҷоб мекунед ё тарки порлумон?
Ман ҳеч гоҳ аз эътиқоди худ намегардам. Беҳтар медонам, ки аз баҳри намояндагӣ гузарам, аммо бидуни ҳиҷоб вориди порлумон нахоҳам шуд. Барои курсие эътиқодоти чандсолаи худро тарк нахоҳам кард. Аммо фикр намекунам, ки ҳамчунин иттифоқе пеш ояд. Агар чунин шуд, ин заъфи давлати Тоҷикистон хоҳад буд.
Сипос барои суҳбат.
