Шокир Ҳакимов ҳамчун номзад сабти ном шуд

  • 7 Феврал, 2015
ҲакимовImage copyrightBBC World Service
Image caption Шокир Ҳакимов ба унвони номзад дар интихоботи порлумонӣ сабти ном шуд

Шокир Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот, ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии шумораи 19-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сабти ном шудааст.

Оқои Ҳакимов дар ҳафтаи гузашта ба Би-би-сӣ гуфта буд, бо вуҷуди ҷамъоварии 3,5 ҳазори имзои сокинони шаҳри Конибодом ба тарафдории ӯ кумисиюни ҳавзаи интихоботии шумораи 19-и шаҳри Конибодом бо баҳонаҳои мухталиф аз сабти номи ӯ ба унвони номзади интихоботи порлумонӣ имтиноъ ҷустааст.

Аммо ӯ иброз дошт, ки таҳрими интихоботи порлумонӣ аз ҷониби Ҳизби сусиёл-демукрот дар роҳи сабти номаш мушкилу мавонеъи маснӯъиро пеш овардааст.

Зимнан, рӯзи 20 январи соли ҷорӣ оқои Зойиров зимни як баёния аз КМИҲ ва Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хост, то дар муддати 10 рӯз қазияи зиндонӣ шудани Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи саршинос ва узви ҲСДТ-ро, ки ба муддати 9 сол равонаи зиндон шудааст, расидагӣ кунанд.

Ӯ ҳушдор дод, дар ғайри ин сурат Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар анҷумани худ интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллиро, ки қарор аст дар рӯзи 1 марти соли ҷорӣ баргузор шавад, таҳрим хоҳад кард.

Ба дунболи он Кумисиюни Марказии Интихобот ва Ҳамапурсии Тоҷикистон ба ниҳодҳои худ тавсия дод, то замони рӯшан шудани мавзеъи ҲСДТ аз сабти номи намояндагони ин ҳизб худдорӣ кунанд.

Аммо дар авохири ҳафтаи гузашта масъулони Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) зимни як нома унвонии Кумисиюни Марказии Интихобот ва Ҳамапурсии Тоҷикистон гуфтанд, дар тасмими худ мабнӣ бар таҳрими интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ таҷдиди назар кардаанд.

Барои бори сеюм аст, Шокир Ҳакимов дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Конибодом дар интихоботҳои Маҷлиси намояндагони ба унвони номзад ширкат карда ва ноком шудааст.

Аз ҷумла, дар интихоботи порлумонии соли 2010 бо Насрулло Маҳмудов, додситони пешини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон рақобат карда, аммо пирӯз нашуд.

Он замон оқои Ҳакимов иллати нокомии худ дар корзори интихоботиро ба мавориди фаровони тахаллуф ва ношаффофу ғайридемукротӣ баргузор шудани интихобот марбут хонда буд.