Мулоқоти фаъъолони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо ҷавонон
Image copyrightBBC World ServiceДар шаҳри Душанбе раҳбарон ва намояндагони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони созмонҳои ҷавонон барномаҳои хешро барои ин қишри ҷомеъа муъаррифӣ карданд.
Дар ин мулоқот, ки рӯзи ҷумъаи 30 январ доир шуд, ба ҷуз аз намояндагони ду ҳизби сусиёлист ва ислоҳоти иқтисодӣ аксари масъулони аҳзоби сиёсии дигари Тоҷикистон ширкат доштанд.
Ин нишаст ба ибтикори созмони ҷавонони мавсум ба “Насли нав” доир шуд ва ҳадаф аз он ошноии ҷавонон бо барномаҳои интихоботии аҳзоби сиёсии мухталифи Тоҷикистон будааст.
Аммо шумори намояндагони созмонҳои ҷавонон дар ин ҳамоиш андак ба назар мерасид ва ба гуфтаи баргузоркунандагон, сабаби аслии ин тағйири макони ҳамоиш дар остонаи баргузории он будааст.
Аксари раҳбарон ва фаъъолони аҳзоби сиёсӣ қабл аз муъаррифии барномаҳои хеш аз мавҷудияти мушкилоти мухталиф дар зиндагии ҷавонон сухан гуфтанд.
Сипас, зимни муъаррифии барномаҳои худ, онҳо гуфтанд, ки рафъи мушкилоти бекорӣ, тарбияти ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва аз миён бурдани ҷароим ва падидаҳои дигари номатлубро дар меҳвари барномаҳои худ қарор додаанд.
Аз ҷумла Фирӯзаи Шарифӣ, раҳбари бахши ҷавонони дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон, ҳизби ҳоким, гуфт: "Ҳизби мо ба ҷавонон чун ба нерӯи ояндаи давлати соибистиқлол эътимод дорад ва ба хотири аз миён бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад."
"Бахусус, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати корӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъъолиятҳои мухталиф дар сохторҳои давлатӣ, дастрасӣ ба таҳсилот ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо тадобири вижаеро анҷом медиҳад."
Ба гуфтаи вай, ҳамчунин мубориза бо масрафи маводди мухаддир дар миёни ҷавонон яке аз бахшҳои аслии барномаи ҳизби ҳокими халқи демукрот барои ҷавонон будааст.
Раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолиф, зимни муъаррифии барномаи ин ҳизб гуфт, ки дар барномаи вижаи ин ҳизб барои ҷавонон се масъалаи аслии насли ҷавон дар Тоҷикистон матраҳ шудааст.
Раҳматилло Зоиров мегӯяд, воқеъият он аст, ки имрӯзҳо насли ҷавони Тоҷикистон тақрибан ба таври созмонёфта вуҷуд надорад ва пароканда аст.
Оқои Зоиров дар мавриди ду масъалаи дигар гуфт: “Дувум ин, ки ҳуқуқи ҷавонон дар ин кишвар хеле маҳдуд аст, муҳити солим барои рақобат сарфи назар аз таъаллуқоти ҳизбӣ ва миллият коста аст. Ва севум ин ки ҷонибдорӣ аз ҷавонон дар сиёсат аз сӯйи давлат интихобӣ аст."
Ӯ мегӯяд, порлумон, ки мақоми қонунгузор аст, бояд аз парокандагии ҷавонон, маҳдудияти ҳуқуқу имконоти онҳо ҷилавгирӣ кунад ва рақобати солим дар ҷомеъаро таъмин созад.
Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки пешниҳоди аслии онҳо роҳ кушодан барои тоҷирони ҷавон аз тариқи коҳиши мизони молиёт барои соҳибкорӣ ва тиҷорат аст.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз аҳзоби умдаи мухолиф, бо ишора ба андак будани шумори ҷавонон дар толор гуфт, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ва умеди онҳо ба аҳзоби сиёсӣ, интихобот ва порлумон коҳиш ёфтааст.
Оқои Кабирӣ афзуд: "Чаро ҷавонон ба ин ҷо биёянд ва вақти худро дар ин толори сард гузаронанд, дар сурате ки ҷавонон бовар доранд, ки ҳеҷ тағйире дар зиндагиашон нахоҳад шуд? Ғайр аз шунидани чанд ҳарфи зебо, ягон натиҷае нахоҳад шуд?”
Раҳбари ҲНИТ афзуд, ки вазифаи аслии намояндагони аҳзоби сиёсӣ, давлат, раиси ҷумҳурӣ ва порлумон он аст, ки умед ба ояндаро ба ҷавонони имрӯзӣ бозгардонанд. Оқои Кабирӣ мегӯяд, ки шиъори аслии барномаи ҳизби онҳо “Мо барои Тоҷикистон, Тоҷикистон барои ҳамагон” аст.
Яке аз суолоти матраҳ аз сӯйи иддае аз ҷавонон дар ҳамоиш бо фаъъолони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ин буд, ки оё онҳо дар барномаҳои хеш мубориза бо нақзи ҳуқуқи ҷавононро матраҳ кардаанд ё хайр?
Иддае аз раҳбарони аҳзоб гуфтанд, ки дифоъ аз ҳуқуқи ҷавонон ва ақшори дигари ҷомеъаи Тоҷикистон дар барномаҳои интихоботии онҳо мунъакис шудааст.
