Пирӯзии ҳизби зиддириёзатии Сиризо дар интихоботи Юнон

  • 26 Январ, 2015
Image copyrightEPA
Image caption Олексий Сипрос, раҳбари 40-солаи ҳизби Сиризо қавл дода,то барои тағйири шароити бозпардохти бидеҳиҳои Юнон талош кунад

Ҳизби Сиризо дар Юнон, ки мухолифи сиёсатҳои риёзати иқтисодӣ аст, барандаи як пирӯзии равшан дар интихоботи умумӣ шуда ва Юнонро бар сари тарҳи Наҷоти бузурги миллӣ дар масири бархурди билқувва бо Иттиҳодияи Урупо қарор додааст.

Дар ҳоле ки тақрибан 75 дарсади оро шумориш шуда пешбинӣ мешавад, ки ин ҳизб 149 курсӣ касб кунад, ки фақат ду курсӣ камтар аз аксарияти мутлақ аст, ҳарчанд ин рақам метавонад тағйир ёбад.

Алексий Сипрос, раҳбари Сиризо қавл додааст, барои бозбандии бидеҳии Юнон бо вомдиҳандагони байналмиллалӣ вориди музокира шавад. Ӯ ҳамчунин қавл дода, ки бисёре аз тадобири риёзатиро лағв кунад.

Ӯ якшанбешаб гуфт, ки “имрӯз мардуми Юнон таърихсоз шуданд.”

Оқои Сипрос дар баробари ҷамъияти шодмони ҳаводоронаш дар Отан гуфт, ки раъйдиҳандагони Юнонӣ муҷаввизи “равшан ва қавӣ” барои ҳидояти кишвар дар ихтиёри ҳизби ӯ вогузоштаанд.

Ӯ ҳамчунин қавл дод, ки барои як роҳҳали миллии мунсифона ва муфид ба музокира биншинад.

Ҳизби ҳокими “Демукросии нав” ба фосилаи зиёд дуввум шудааст.

Онтониюс Соморос, назхуствазири Юнон ва раҳбари Демукросии нав, шикаст дар интихоботро пазируфт.

Ӯ дар тамос бо Олексий Спирос, раҳбари Сиризо пирӯзии ӯро дар интихоботи порлумонии ин кишвар табрик гуфт.

Оқои Соморос бо ишора ба инки Юнон рӯзҳои сахти бӯҳрони иқтисодиро пушти сар гузошта гуфт, натоиҷи ҷорӣ инъикоси орзӯи мардуми Юнон аст ва ӯ ба он эҳтиром мегузорад.

Аммо нахуствазири Юнон гуфт ки ҳизби “Демукросии нав” нақши таъйинкунандае дар таҳаввулоти оянда ва тазмин боқӣ мондани Юнон дар минтақаи Урупо бозӣ хоҳад кард.

Ӯ гуфт Юнонро дар шароите соли 2012 таҳвил гирифта, ки кишвар дар “остонаи фоҷеъа” буда ва акнун бӯҳронро пушти сар гузоштааст.

Натоиҷи интихоботи Юнон дар хориҷ ба диққат дунбол мешуд, чун тасаввур мешавад пирӯзии Сиризо метавонад мояи дилгармӣ ва ташвиқи аҳзоби чапгарои родикол дар саросари Урупо шавад.

Понус Оскурлетис, сухангӯи Сиризо пештар гуфт: “Мусаллам аст, ки агар мо ба пирӯзии таърихӣ бирасем паёми он нафақат барои мардуми Юнон балки барои тамоми мардуми Урупо хоҳад буд.”

Дар ҳоле ки 67 дарсади оро шумориш шуда, Сиризо 36 дарсади ороро ба даст оварда ва ҳизби Демукросии нав 28 дарсадро касб кардааст.

Интизор меравад панҷ ҳизби дигар – аз ҷумла рости ифротии Сапедаи тиллоӣ ва ҳизби миёна дар порлумон ки 300 курсӣ дорад ҳузур дошта бошанд.

Дарсади орои аҳзоби кучактар таъсире бузург бар шонси Сиризо барои касби 151 курсии лозим барои ташкили давлат бо аксарияти мутлақ хоҳад дошт.

Раъйдиҳандагони юнонӣ рӯзи якшанбе барои интихоби аъзои ҷадиди порлумон пойи сандуқҳои раъй ратанд.