Созмонҳои расонаӣ: 'Аз рӯзноманигорон истифодаи сиёсӣ накунед'

  • 16 Феврал, 2015
Рӯзноманигорони тоҷикImage copyrightBBC World Service
Image caption Масъулони созмонҳои расонаҳо аз кормандони интизомии Тоҷикистон даъват кардаанд ки аз хушунат алайҳи рӯзноманигорон ҷилавгирӣ кунанд

Cе созмони рӯзноманигории Тоҷикистон бо судури баёнияе хостори манъи истифода аз рӯзноманигорон ва расонаҳо барои “бадномсозии” номзадҳо ба интихоботи порлумонӣ шудаанд.

Дар баёнияи ин созмонҳо ҳамчунин омадааст дар бархе аз матолибе, ки ахиран дар расонаҳо пахш шуда, аз рӯзноманигорон ба унвони василаи муборизоти сиёсӣ истифода шудааст.

Ин баёния, ки рӯзи душанбеи 16 феврал пахш шуд, аз сӯйи Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё Нансмит, Шӯрои расонаҳо ва Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон таҳия шудааст.

Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки бо вуҷуди таъкиди ҳамешагӣ ба баргузории интихоботи одилона, шаффоф ва демукротик бархе аз марокизи қудрат аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ барои бадномсозии рақибони худ истифода мекунанд.

Ҳарчанд дар ин баёния шавоҳиде дар ин маврид оварда нашуда, аммо масъулони ин созмонҳо мегӯянд, ки дар ин авохир мавориди нодида гирифтани асли бароат (эҳтимоли бегуноҳӣ) дар иттилоъияҳои дафтарҳои матбуъотии ниҳодҳои давлатӣ ба мушоҳида мерасад. Ин дар ҳолест, ки танҳо додгоҳҳо метавонанд гунаҳкор ва ё бегуноҳ будани афродро дар Тоҷикистон собит кунанд.

Дар баёния омадааст: "Тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъъолияти рӯзноманигорӣ, расонаҳо ва рӯзноманигорон ҳангоми инъикоси парвандаҳои ҷиноятӣ бояд аз пешдоварӣ (қазоват) дар бораи гунаҳкор будани ин ё он шахс худдорӣ кунанд. Вале асли мазкур дар маводди омоданамудаи марказҳои матбӯъотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷумҳурӣ на ҳамеша риъоят мегардад."

Ҳамчунин масъулони созмонҳои расонаӣ дар баёнияи худ аз афзоиши таъқиб ва ҳамла ба хабарнигорони расонаҳои мустақил хабар медиҳанд.

Аз ҷумла онҳо менависанд: "Афроде таҳти имзоҳои мустаъор аз иттилоъоте истифода мекунанд, ки ба сирри шахсӣ ва касбии рӯзноманигорон рабт дошта, гувоҳи дарёфти ин иттилоъот аз роҳи ғайриқонунӣ мебошад. Баъзе рӯзноманигороне, ки худро аз афроди озодандеш ва мустақил медонанд, ҳадафи чунин ҳамлаҳои лафзӣ қарор гирифтаанд."

Аз ин рӯ, дар баёния аз кормандони интизомии Тоҷикистон даъват шудааст, ки аз фишору иръоб ва хушунат алайҳи рӯзноманигорон ҷилавгирӣ кунанд. Ҳамчунин, барои таъмини амнияти онҳо, бавижа дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон талошҳое ба харҷ диҳанд.

Матолиби муртабит