'Номзадҳои ҲНИТ беш аз 100 шикоят ба КМИҲ ироа додаанд'

  • 3 Феврал, 2015
ҲНИТImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар ҷаласаи ҳизби наҳзати исломӣ аз мавориди фаровони фишор бар ин ҳизб аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ ва пулис шикоят шуд

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз мавориди фаровони фишор бар ин ҳизб аз сӯйи мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва пулис дар остонаи интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ шиква карданд.

Аз ҷумла, Маҳмадалии Ҳайит, муъовини раҳбар ва раиси ситоди интихоботии ҳизби наҳзати исломӣ, дар як ҷаласаи вижаи аъзо ва фаъъолони ин ҳизб муносибату бархурди ниҳодҳои давлатӣ бо ҲНИТ-ро ба "рафтори волидайн бо фарзанди ӯгай (нофарзандӣ)" шабеҳ арзёбӣ кард.

Муҳиддини Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ки рӯзи сешанбеи 3 феврал дар ҷаласаи васеъи номзадҳо ва ситодҳои интихоботии ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Душанбе суҳбат мекард, гуфт, ки бо вуҷуди ин гуна фишорҳо аъзо ва номзадҳои ҲНИТ дар корзори интихоботӣ бояд ботаҳаммулу бурдбор бошанд.

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки пас аз интихоботи порлумонӣ дар соли 2010 фишору таъқиб бар аъзо ва тарафдорони ҳизби наҳзати исломӣ афзоиш ёфта, "филмҳои фаҳшо ва таҳқиромез алайҳи ҲНИТ пахш шуда ва мақолаҳои олимони фолбин дар бораи ҳизби наҳзат чоп шудаанд."

Ҳамзамон, оқои Кабирӣ аз эҷоди мушкилоту мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи сабти номи номзадҳои ҲНИТ дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар бархе маворид кумисиюнҳои интихоботӣ дар ҳавзаҳо барои радди салоҳияти номзадҳои ин ҳизб "баҳонаҳои ночиз ва ҳатто хандадорро" пеш меоранд.

Аз ҷумла, раҳбари ҲНИТ аз рӯйдоде дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ёдовар шуд, ки муъаллими собиқадору бознишастае ба далели "надонистани забони тоҷикӣ" сабти ном нашудааст.

Ӯ гуфт: "Агар ягон баҳонаи мантиқиро меоварданд, мо қабул доштем. Вале муъаллиме, ки солҳои тӯлонӣ ба шогирдон бо забони тоҷикӣ сабақ дода ва ба ғайр аз тоҷикӣ забони дигарро намедонад, ба надонистани забони тоҷикӣ ҳукм кардан хандаовар аст."

Ҷалолиддини Маҳмуд, намояндаи ҲНИТ дар Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ), гуфт, ки танҳо дар ин замина номзадҳои ҳизби наҳзат бо кумисиюнҳои ҳавзавӣ мушкил доштаанд ва дар мавриди радди салоҳияти номзадҳои ҲНИТ ба иллати надонистани забони тоҷикӣ ва ҷудо нашудани бино барои баргузории ҷаласаҳои қабл аз интихобот аз онҳо ба КМИҲ беш аз 100 шикоят ворид шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Маҳмуд, аз аҳзоби сиёсии дигари Тоҷикистон, ки дар интихоботи порлумонӣ ширкат мекунанд, ба КМИҲ ҳеч шикояте ворид нашудааст.

Ӯ гуфт, ки масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ мушкили радди салоҳияти номзадҳо ба далели надонистани забони тоҷикиро ҷиддӣ гирифта ва барои баррасии ин масъала кумисиюни вижаеро таъсис кардаанд.

Ҷалолиддини Маҳмуд гуфт, ки то ҳол ҳизби наҳзати исломӣ бо КМИҲ мушкиле надошта ва мавзӯъи мавриди баҳс дар кумисиюнҳои ҳавзаӣ вуҷуд дорад, ки дастурҳои КМИҲ-ро иҷро накарда ва тибқи нишондодҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ фаъъолият мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, фаъъолони ҲНИТ гуфтанд, ки ин ҳизб дар садад аст, дар мавриди "хиёнати вобастагонаш дар раванди интихоботи порлумонӣ" унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, номае ирсол кунад.

Зимнан, Ҳизби назҳати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, тибқи феҳристи ҳизбӣ 27 нафар ва дар ҳавзаҳои якмандатӣ 21 нафарро ба ҳайси номзад ба интихоботи Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст.

Ҳамчунин, 145 номзади ин ҳизб ба интихоботи маҷолиси вилояту шаҳрҳо ва 681 номзад ба интихоботи маҷолиси навоҳӣ пешниҳод шудаанд ва пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи маҷолиси шӯрои ҷамоъатҳо идома доштааст.

Қарор аст, интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли ҷорӣ баргузор шавад.

Матолиби муртабит