Шабдолов: 'Истиқлоли Тоҷикистон маҳсули дасти кумунистон аст'

  • 22 Феврал, 2015
Шодӣ Шабдолов Image copyrightBBC World Service
Image caption Шабдолов: "Қотеъона мегӯям, агар дар шуморидани оро дар интихобот тақаллуб нашавад, мо ҳатман раъйи лозимаро хоҳем гирифт"

Раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон мегӯяд, ки ин кишвар танҳо истиқлоли сиёсӣ ва марзӣ дорад ва он маҳсули дасти кумунистон аст.

Шодӣ Шабдолов бо ёдоварӣ аз таъсиси ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон дар авоили қарни 20, гуфт ки давлати кумунистҳо Тоҷикистонро аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҷудо ва ба унвони як давлат эътироф кард.

Раҳбари Ҳизби кумунист мегӯяд, дар ҳоли ҳозир низ рушди Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд ва минтақа ба иттиҳоди онҳо бастагӣ дорад. Ҷонибдорӣ аз муттаҳид шудани кишварҳои ин ҷирга яке аз бахшҳои аслии барномаи интихоботии ҳизби кумунист будааст.

Оқои Шабдолов дар мусоҳиба бо ҳамкорамон Заринаи Хушвақт аз вижагиҳои барномаи ҳизби кумунист барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ, ки якуми март баргузор мешавад, мегӯяд:

***

Шодӣ Шабдолов: Аслан барномаҳои аҳзоби сиёсӣ барои ширкат дар интихобот дар Тоҷикистон шаклан ба ҳамдигар монанд ҳастанд, вале моҳиятан бо ҳамдигар тафовут доранд. Яъне чӣ? Шаклан ҳама мехоҳанд, ки арсаҳои мухталиф дар Тоҷикистон, барои мисол, тандурустӣ, маъориф зиндагии иҷтимоъии мардум хуб бошад. Фарзи мисол, арсаи тандурустӣ, ҳамагон мехоҳанд, ки доруворӣ арзон бошад, мудово дар бемористонҳо ройгон бошанд. Арсаи маъориф низ ҳамин тавр. Ҳамаи аҳзоб мехоҳанд, ки ин арса рушд кунад ва омода кардани мутахассисон дар донишгоҳҳо дар сатҳи баланд қарор гирад.

Шумораи андаке аз афроди доро фарзандонашонро барои таҳсил ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, чун Бритониё ва Омрико, барои таҳсил мефиристанд, аммо ағлаби мардуми, ки камбизоъат ҳастанд, наметавонанд ба сабаби молӣ фарзандонашонро барои таҳсил ба донишгоҳҳои пешрафта фиристанд. Диплуми донишгоҳи тиббии мо то даврони Исҳоқӣ дарс атҳи байналмилалӣ шинохта мешуд, аммо ҳоло сатҳи тадрис дар ин донишгоҳ паст аст ва бисёре аз пизишконе, ки баъд аз тамом кардани он ба кор меоянд, ҳатто ҷарроҳии дуруст наметавонанд кунанд.

Инро ҳама медонад ва зарурати онро низ дарк мекунанд. Ҳамеша такрор ба такрор ҳама ба он таъкид мекунанд. Бале, ин масоил тақрибан дар барномаҳои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон мунъакис мешавад.

Лекин феълан истиқлоли иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ё не? Ман дар суханронӣ таъкид кардам, ки дар Тоҷикистон истиқлоли озуқаворӣ вуҷуд надорад. Бибинед, дар тамоми мағозаҳо ва фурӯшгоҳҳо дар Тоҷикистон тақрибан 95 дарсади маводди ғизоӣ аз хориҷ ворид мешавад. Одитарин маҳсулоти тавлидотии ватанӣ нест, зеро тоҷирон алоқаманди тавлиди он дар ватан нестанд, чун барояшон судманд нест.

Истиқлоли энержӣ надорем, ҳоло низ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар фасли зимистон маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ вуҷуд дорад. Мо сармояро, мебахшед, пули кафанпулии мардуми бечораро барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ҷамъ кардем, вале чанд сол гузашт, ин нерӯгоҳ бунёд намешавад, ба ҷуз аз корҳои таъмир дар бархе аз тунелҳои он, сохтмони комил дар ин нерӯгоҳ пеш намеравад.

Севум истиқлоли иттилоъотӣ, ки як амри муҳимтарин барои кишвар аст, дар Тоҷикистон заррае аз он вуҷуд надорад. Интернет тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Лекин мо бояд ҳадди ақал амнияти иттилоъотиро дар ин кишвар дошта бошем, то ки иттилоъоти макруҳ ба фарҳанг, зеҳн ва бахусус ба ҷавонон мо таъсир нарасонад, аз ҷумла иттилоъоти ифротӣ, ки мо то ҳол пеши роҳи онро нагирифтем.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Шабдолов: "Мардуми тоҷик аз шунидани барномаҳои ҳамаи ҳизбҳо хаста шудаанд"

Аммо муҳимтарин шакли истиқлоле, ки мо дорем, истиқлоли сиёсии давлати Тоҷикистон аст, ки Созмони Милали Муттаҳид низ онро пазируфтааст. Яъне ин давлат қонуни асосӣ, порлумон, додгоҳ, додситонии кул, забони давлатӣ ва бахусус марзҳо дорад, ин аст муҳимтарин истиқлоли як кишвар!

Бисёре аз зиёиён дар Тоҷикистон фикр мекунанд, ки росту дуруғ "истиқлол дорем" гӯянд ва барои раҳбарон хушоянд бошад, ин хуб аст, вале чи фоида аз он таърифу тавсифи беҷо аст, агар дар асл он вуҷуд надошта бошад? Аввалин истиқлоле, ки мо бояд ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳ дорем, ин истиқлоли сиёсии мост. Ин истиқлол аз куҷост? Он маҳсули ҳизби кумунисти Тоҷикистон ва давлати Советӣ (Шӯравӣ) аст.

Соли 1924 ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон таъсис ёфт ва сипас дар соли 1929 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт, ки тибқи қонун як кишвари ҷудогона шуд. Яъне он чи маҳсули дасти мо ҳаст, вазифаи аввалини мо кумунистон аст, ки аз он мо ҳимоят мекунем. Мо ҳамчунин аз давлати дунявӣ будани Тоҷикистон қотеъона ҳимоят хоҳем кард ва намегузорем, ки ифротгароён дар шакли мухталиф ва дуруғин зеҳни мардумро хароб кунанд, мардумро ба майдон кашанд ва онро барҳам диҳанд.

Вале дар барномаи ҳизби шумо роҳҳое барои расидан ба ин ҳадаф муъайян шудаанд ё хайр?

Бале! Фарзи мисол, истиқлоли молӣ дар ягон кишвари ҷаҳон вуҷуд надорад ва агар як кившар ба буҳрони иқтисодӣ рӯбарӯ шавад, тамоми кишварҳои дигари дунёро бо худ ба ин буҳрон мекашад. Сабаби дар буҳрони иқтисодӣ фурӯ рафтани кишвари кӯчаки мо дар он аст, ки бозори мо бозори алоҳида ва майда аст. Ин бозори моро ширкатҳои хориҷӣ аз муддатҳо қабл ишғол кардаанд. Аз дасти онҳо мо халос шуда наметавонем, чунки рақобат дар бозори дохилӣ надорем. Дар бозори худи мо маҳсулоти мо рақобатпазир нест ва ҳамин тавр маҳсулоти кишварҳои дигари ҳамсояи мо низ бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд.

Ягона роҳ барои раҳоӣ аз ин мушкил бозорҳои майдаи кушварҳои собиқ Шӯравиро дар шакли УруОсиё муттаҳид кардан лозим аст. Бозорҳо, ки муттаҳид шуданд, дар ин шакл мо метавонем бо кишварҳои дигар рақобат кунем, вале дар алоҳидагӣ ҳеҷ яке аз ин кишварҳо наметавонанд маҳсулоти хешро рақобатпазир кунанд. Чин созмондиҳандаи ин бозори ягона хоҳад буд ва ҳатто Эрону Покистон хостори ворид шудан ба онро доранд. Ин роҳест, ки ҳизби кумунист аз он қотеъона ҷонибдорӣ мекунад. Ин пешниҳоди мо дар Тоҷикистон мухолифон дорад ва агар рӯйирост гӯем, мухолифон онҳое ҳастанд, ки аз кишварҳои Ғарб ва Омрико ҳимоят мекунанд.

Бунёди нерӯгоҳҳои бузург низ ба ворид шудани Тоҷикистон ба иттиҳоди ягонаи давлатҳо бастагӣ дорад, ҳатто омода кардани тарҳи нерӯгоҳ ба донишгоҳи ба номи Жук, ки дар Маскав аст, бастагӣ дорад. Ва ҳамчунин Русия, Қазоқистон ва ҳатто Узбакистон ногузир дар бунёди нерӯгоҳи "Роғун" маблағгузорӣ хоҳанд кард. Кишварҳои дигари осиёӣ, аз ҷумла Покистон, низ бо дарназардошти ниёзмандӣ ба нерӯи барқ дар ин тарҳ сармоягузорӣ хоҳанд кард ва мо ба истиқлоли энержӣ метавонем бирасем.

Истиқлоли озуқаворӣ (ғизоӣ) низ дар чаҳорчӯби иттиҳод ҳал хоҳад шуд, яъне иттиҳоди гумрукӣ, ки шуд, ин масъала худ ба худ ҳал мешавад. Мо пахта тавлид мекунем ва гандуму маҳсулоти дигарро аз дигар кишварҳои иттиҳод бидуни пардохти молиёти роҳ ворид хоҳем кард. Бибинед, ки корхонаи олуминюм низ муфлис шуд, зеро аз корхонаҳои дигари олуминиюми кишварҳои пасошӯравӣ ҷудо шуд ва маҳсулоташро натавонист ба бозор бароварад. Танҳо чизеро, ки мо метавонем, батанҳоӣ пеш барем, фарҳангу ҳунар, таърих, илм ва забони мардуми тоҷик аст.

Ҳамчунин, дар ҳалли масъалаи нафақа (маъоши бознишастагӣ) низ мо бояд худамон ҷаҳд кунем. Сармоя барои нафақа дар Тоҷикистон ҳаст, вале ин сармояро бояд ба фонди (сандуқи) нафақа гузаронанд. Пешниҳоди мо ҳамин аст, ки сармояе, ки аз ҳисоби хусусигардонии корхонаҳо дар Тоҷикистон ба даст омад ва ҳоло дар ҳисоби захиравии Тоҷикистон қарор дорад, ба сандуқи нафақа рехта шавад.

Охир, ман дар ҷаласаҳои порлумон даҳо бор ба ин нукта таъкид кардам, ки садҳо милюн сармоя аз ҳисоби фурӯши корхонаҳои давлатӣ ба куҷо рафт? Зеро он корхонаҳо аз сӯйи сокиноне, ки ҳоло бознишаста (нафақахӯр) ҳастанд, бунёд шуда буданд. Ин таҷруба дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Белорус, Русия ва ҳатто дар Бритониё, амалӣ шуда буд. Вале мақомоти мо мегӯянд, ки не, ин сармоя бояд дар ҳисоби сармояи захиравӣ боқӣ бимонад. Ҳатто маълум нест, ки ин фонди депозитиро кӣ назорат мекунад. Мо кумунистҳо инро талаб хоҳем кард, то мардум тавонад нафақаи хуб дарёфт кунад.

Аммо яке аз пешниҳодҳое, ки аъзои ҳизби шумо ироа доданд, бозгардондани молиёти пардохтии муҳоҷирон аз хориҷ ба ватан ва ба сандуқи маъоши бознишастагӣ рехтани он буд. Шумо бо кадом шевае ин амрро иҷро хоҳед кард?

Сармояи интиқолдодаи муҳоҷирон ҳамасола то панҷ милёрд дулор ба Тоҷикистон тавассути бонкҳо ворид мешавад. Ин сармоя бо дулор ба Тоҷикистон ворид мешавад ва ин ҷо ба сомонӣ дарёфт мешавад ва ин омил аз боло ва паст шудани қурби сомонӣ муҳоҷирон аз он зарар мебинанд. Агар мо ба иттиҳодияи УруОсиё ва бозори умумӣ ворид нашавем, ин сармоя ин ҷо ворид намешавад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Раҳбари ҳизби кумунист: "Агар тақаллуб нашавад, мо метавонем то 15-20 нафарро вориди порлумон кунем"

Илова бар ин, миқдори бисёри сармоя дастӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад ва давлат инро идора карда наметавонад. Мо дар иттиҳодия бояд саъй кунем, ки дулор аз муъомилот барояд. Зеро дулор ба пулҳои ин кишварҳо латма задааст. Дулор коғази холӣ аст ва арзише надорад, аммо бозори кишварҳои моро хароб карда ва милёрд-милёрд даромади моро ба воситаи бонкҳои хориҷӣ ба берун мебарад.

Шояд ба хотири он ки бисёре аз кишварҳои ин иттиҳодия ва Тоҷикистон маҳсулоти тавлидӣ кам доранд?

Шумо нафаҳмидед, истеҳсоли ватанӣ ҳам рушд кунад, аммо пули холӣ, ки меояд аз он суде барои кишвар оид намешавад. Арзе, ки аслӣ аст, онро Омрико ин ҷо намефиристонад, он сармоя дар бонкҳои худаш боқӣ мемонад. Ин ҷо пули қоқи коғазӣ мефиристад ва бонкҳои мо онро ҳамчун арз қабул мекунанд. Соли гузашта аз Тоҷикистон се милёрд дулор берун рафт.

Агар мо дар иттиҳод аз дулори коғазӣ наҷот ёбем ва арзии ягона дар муъомилот ворид шуд, дигар ғорати кишварҳои мо ба воситаи дулори коғазӣ тамом мешавад. Дулор он замон судовар хоҳад буд, ки агар дар пушташ тило ва сангҳои қиматӣ бошанд.

Вале ба ҳар ҳол, бозгардем ба сармояи муҳоҷирон. Пешниҳоди шумо барои бозгардондани онҳо ба сандуқи маъоши бознишастагӣ дар Тоҷикистон чи гуна иҷро хоҳад шуд?

Мо ин масъаларо дар СНГ (Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд) баррасӣ кардем, ки молиёти иҷтимоъие (андоз), ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҷараёни корашон месупоранд, ҳамон пурра ба Тоҷикистон ба сандуқи нафақа бозгардонда шавад.

Аммо оё давлати Русия бо ин пешниҳод розӣ хоҳад буд?

Ҳатман розӣ мешавад. Замоне, ки ба бозори ягона Тоҷикистон ворид мешавад, ногузир Русия ба ин пешниҳод розӣ хоҳад шуд ва дар Тоҷикистон ин сармояро он идда аз муҳоҷрионе, ки ба ватан бозмегарданд ва нафақахӯр ва ё маълул мешаванд, дарёфт мекунанд. Аз ин рӯ, барномаи ҳизби мо бо аҳзоби дигар комилан фарқ мекунанд. Ба ҷуз аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд.

Владимир Ленин мегӯяд, ки “замоне, ки масоили зиёд матраҳ шуд, бояд ҳалқаи асосии онро кашид ва масоили дигар худ ба худ ҳал мешаванд.” Аз ин рӯ, мо ворид шудан ба як иттиҳодияро роҳи бурунрафт аз тамоми мушкилоти кишвар медонем.

Хуб барномаи интихоботии ҳизби шумо то андозае барои мо маълум шуд. Ҳоло лутфан бигӯед, ки барои ширкат дар интихобот ҳизби шумо комилан омода аст?

Мо фақат як мушкили молӣ, яъне камбуди маблағ барои пардохти гарав ва омода кардани тоблуҳои таблиғотиро дорем. Мо метавонем аз хориҷ маблағ ворид кунем, лекин мо усулан ин корро намекунем. Агар сад дулор аз хориҷ ворид кунем, моро аз ширкат дар интихобот барканор мекунанд. Дар заминаҳои дигар, яъне баромад дар телевизиюнҳо ва родиюҳо, таблиғот, мубоҳисот бо аҳзоби дигар мо сад дарсад омодаем ва мушкилоти дигар надорем.

Аммо мушкили дигаре, ки зимни ширкат дар анҷумани ҳизби шумо ба назарам расид, мухолифати раҳбари қаблии ҳизбатон дар вилояти Суғд буд. Оё барканор кардани Ҷаббор Аҳмедов аз узвияти ҳизб наметавонад мунҷар ба дуқутбӣ шудани ҳизб гардад?

Ҳеҷ таъсире нахоҳад гузшот. Ҷаббор Аҳмедов бо истифода аз бемории Абдуалӣ Маҳкамов, раиси ин бахш дар вилоят, худсарона риёсати ин ҳизбро дар вилояти Суғд бар уҳда гирифт. Вай ҳамчунин бо бисёре аз ақидаҳо ва пешниҳодҳои ҳизби мо ҳамеша дар ҳама ҷо мухолифат мекард. Аз ҷумла, намояндагони мо зидди пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ, ба ҷуз аз қисмати ағбаи он буданд. Вале Аҳмедов аз он ҷонибдорӣ кард.

Дар дохили ҳизб "кабутарони дубома" фаровон ҳастанд ва ин тоифа, ки соли 1991 аз ҳизб гурехта буданд, вале мадорики худро таслим накарданд. Баъд аз панҷ-шаш сол омада, худро дар бахшҳои ҳизб дар вилоёт сабт карданд. Ҳадафи аслии онҳо бо истифода аз ҳизби кумунист мансабталабӣ аст. Назари мо ин аст, ки дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ чунин афродро аз узвият дар ҳизб барканор кунем.

Агар дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ ва ё раъйдиҳӣ ин ё он фарде, ки худро кумунист мегӯяд ва ҳизбҳои дигарро таблиғ мекунад, мо чунин аҳзои ҳизбро аз миёнамон дур мекунем. Мумкин нест, ки ту узви як ҳизб бошӣ ва барои ҳизби дигаре барои гирифтани мақоме дар давлат кори таблиғотӣ кунӣ! Тавре ки дар миёни мардум мегӯянд, “дар ҳавлии худамон саг асту сӯйи манзили ҳамсоя меҷакад.”

Ин ҳуқуқи мо ҳаст ва ин ҷараён яке аз марҳалаҳои аслии поксозии суфуфи ҳизби кумунист аз афроди ноқобил аст. Ва дар соли 2016 дар дохили ҳизби кумунист, дар корзори интихоботии дохили ҳизб, ки аз бахшҳои ибтидоии ҳизб сар мешавад, аз раис то ба поён, тағйироти ҷиддӣ амалӣ мешавад.

Ба назари Шумо, қазияи миёни аъзои ҳизби кумунист дар вилояти Суғд мунҷар ба коҳиши шумори аъзои ҳизб нахоҳад шуд? Ва оё дар Тоҷикистон ду ҳизби кумунист таъсис нахоҳад шуд?

Шумо бибинед, ки дар Русия 12 ҳизби мустақилли кумунист вуҷуд дорад. Аз куҷо чунин шумора пайдо шуд? Ва ҳамаи онҳо бо як номи "кумунист" дар интихобот ширкат карданд. Шумораи зиёди ҳизб раъйдиҳандагонро гумроҳ мекунад. Аммо ин омил раъйдиҳандагонро гиҷ кард ва билохира ағлаби мардум дар Русия тамоми номзадҳои ин ҳизбро аз варақаи оро хат заданд.

Дар Гурҷистон чаҳор ҳизби кумунисти ҷудогона ва дар Қазоқистон се ҳизби кумунист, ки сабти ном нашудаанд ва дар Қирғизистон ду ҳизби кумунист сабт шудаанду вуҷуд доранд. Дар Узбакистон ва Туркманистон аслан ин ҳизб вуҷуд надорад ва бархе кумунистон ба таври зерзаминӣ дар ин кишварҳо фаъъолият доранд ва фақат дар Тоҷикистони ҷангзада як ҳизби кумунист фаъъол аст.

Ба назаратон, дар Тоҷикистон дасти севуме ҳаст, ки қасд дорад ҳизби шуморо таҷзия кунад?

Оре! Ва ин ҳам суфоришӣ буда ва суфоришгарони хориҷӣ аст, ки мехоҳанд, ки ҳизби моро барҳам зананд, зеро танҳо кумунистҳо дар Тоҷикистон натарсида ва наҳаросида рӯйирост мегӯянд, ки пешравии кишварҳои мустақилли ҳамсуд дар иттиҳоди онҳост. Мо натарсида мегӯем, ки иттиҳод барқарор мекунем.

Яъне ин хориҷиён ҳастанд, ки дар миёни аъзои ҳизби шумо тафриқа меандозанд?

Бале, супориш аз хориҷ аст, вале он дасти севум дар ин ҷо одамҳои зинда дорад, ки тарҳи онҳоро дар ин ҷо (Тоҷикистон) амалӣ мекунанд. Актёрҳо (бозигарҳо) ҳамин ҷо ҳастанд, ки пул мегиранд ва вақ-вақ карда мегарданд, ки гурӯҳу фракcия кунем, гуфта доду бедод мекунанд. Ин гуна мардуми дурӯя ба ғайр аз карйеризм-ҷоҳталабӣ дигар ягон ҳадаф надоранд ва барои онҳо ватану ҳизб ва маънавияту виҷдон низ вуҷуд надорад.

Шумо барои ҷилавгирӣ аз парокандагии аъзои ҳизб дар марҳалаи кунунӣ чи тадобире меандешед?

Ҳоло анҷумани ҳизб Мубинҷон Маҳмудовро масъул кард, ки то интихоботи соли 2016-и ҳизб раҳбарии кумунистҳо дар вилояти Суғдро ба дӯш бигирад. Вале онҳое, ки мехоҳанд аз ҳизб бароянд, метавонанд ҳизби дигари сиёсиеро бо номи дигаре таъсис диҳанд. Ҳар номе, ки гузоранд, фақат ба номи кумунист дар минтақаи Суғд ҳизбе таъсис нахоҳад шуд. Зеро шумори бештари кумунистҳои вилояти Суғд аз ҷумлаи афроди содиқ ба ин ҳизб ҳастанд ва аз паси фиребгарон намераванд. Вале кӯшиши ҷудоихоҳӣ бо супориши дасти севум дар вилояти Суғд вуҷуд дорад.

Лутфан бигӯед, ки шумори расмии аъзои ҳизби кумунист дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир чанд нафарро ташкил медиҳад?

Як чизро мехоҳам бигӯям, масалан намояндаи Суғд гуфт, ки шумори мо 17 ҳазор аст ва мо бояд дар феҳристи пешниҳодии номзадҳо аввал бошем. Агар тамоми аъзои ҳизби кумунист якҷо бо пайвандонашон дар интихобот раъй диҳанд, як кас ҳам ба порлумон ворид намешавад. Зеро барои ин бояд мо ҳудуди 160 ҳазор раъй бигирем. Ва аъзои ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон низ ба чунин шумора намерасад. Танҳо ҳизби халқи демукрот, ҳизби ҳоким эълом кардааст, ки 200 ҳазор аъзо дорад. Мумкин аъзои ин ҳизб барои ҳизбашон раъй диҳанд ва як нафар аз онҳо гузарад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption "Тақдири интихобот дар таблиғоти интихоботӣ нест, балки дар замони шуморидани оро ҳал мешавад"

Аҳзоби дигар умед ба интихобкунанда доранд. Аммо ҳизби мо дар миёни мардум нуфузи зиёд дорад. Ин нуфуз ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ ба мо мерос мондааст. Ва ин обрӯ ва маҳбубияти он даврон аст.

Аммо дар бораи шумори аъзои мо агар гӯем, мо ҳеҷ гоҳ кӯшиш накардаем, ки аъзои ҳизб зиёд шавад. Мо 127 ҳазор нафар аъзо доштем. Бештари онҳо чаҳор тараф думро хода карда, гурехтанд. Баъзеҳо аъзои аҳзоби дигар шуданд ва бисёреҳо дар Русия ҳастанд. Барои мо шумори зиёд зарурӣ нест.

Владимир Ленин дар соли 1918, замоне ки бисёриҳо аз ҳизби кумунист рӯ гардонданд, гуфта буд, ки “бало ба пасашон, коҳиши шумори одамони дурӯя дар суфуфи ҳизби кумунист ба суди мост.” Шумора муҳим нест, муттаҳидӣ хуб аст. Барои мо 45 ҳазор нафар ҳам зиёд аст. Ҳамасола мо аз миёни ҷавонони то 25-сола то як ҳазор нафарро ба узвияти ҳизб мепазирем.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, бештари аъзои ҳизби кумунист солмандон ҳастанд, назари Шумо дар ин бора чист?

Ин комилан нодуруст аст. Шумораи афроди бознишаста дар ҳизби мо шояд даҳ дасадро ташкил диҳанд. Аксари аъзои ҳизби кумунист афроди то 30 ва 40-сола ҳастанд.

Мушорикати муҳоҷирони корӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар раъйдиҳиро чи гуна арзёбӣ мекунед? Ҳизби Шумо дар миёни ин афрод ҷонибдороне дорад?

Зиёд ҳастанд. Мо бо муҳоҷирон мулоқотҳо анҷом додем ва бисёре аз онҳо аз ҷонибдории худ ба ҳизби мо мегуфтанд. Акнун умед ба раъйи онҳо камтар аст. Чуннки бисёре аз онҳо дар ҷойҳои дур аз ҳавзаҳои раъйдиҳӣ зиндагӣ мекунанд ва имкони раъйдиҳӣ надоранд. Ҳарчанд мо пешниҳод кардем, ки марокизи раъйгирии бештар дар Русия боз шавад, аммо ин пешниҳоди мо нагузашт.

Шумо бовар доред, ки дар интихоботи порлумонии моҳи март раъйи кофӣ барои ворид кардани чанд нафар аз аъзои ин ҳизб ба порлумонро ба даст хоҳед овард?

Қотеъона мегӯям, ки агар дар шуморидани оро дар интихобот тақаллуб нашавад, мо ҳатман раъйи лозимаро хоҳем гирифт. Аз таҷрибаи интихоботи қаблӣ аз маркази раъйдиҳии назди манзиламон мисол меорам. Тамоми бошандагони манзили нӯҳошёнае, ки ман он ҷо зиндагӣ мекунам, мегӯянд, ки ба ҷонибдорӣ аз ҳизби мо раъй доданд, аммо замоне ки пурсон мешавем, масъулон мегӯянд, ки ҳизби мо панҷ овоз гирифтааст. Агар ҳамин тавр нашавад, мо метавонем то 15-20 нафарро вориди порлумон кунем.

Барои ҷилавгирӣ аз тақаллуб дар интихобот чи пешниҳод доред?

Мо аз пешниҳодҳо дигар хаста шудем. Гуфтем, ки намоянда аз аҳзоби сиёсӣ монанди давлатҳои пешрафта дар ҳавзаҳо ва марказҳои раъйдиҳӣ ширкат кунад, аммо ба мо ҷавоби рад доданд. Мардуми тоҷик аз шунидани барномаҳои ҳамаи ҳизбҳо хаста шудаанд. Вале замоне, ки мардум ба ҳизби мақбулаш раъй медиҳаду раъйи ӯ дуздида мешавад, ин бадбахтӣ дар Тоҷикистон аст.

Ҳатто баъзе аз раъйдиҳандагон аз масъулони ҳавзаҳои интихоботӣ дархости нишон додани варақаҳои раъйро кардаанд, аммо масъулон ин талаби онҳоро нодида гирифтаанд. Ва онҳо афроди шикоятгарро ба додгоҳҳо ва додситониҳо барои ҳалли ин мушкил мефиристанд. Аммо маълум аст, ки додгоҳҳо ва додситонҳо тобеъи кӣ ҳастанд? Аз ин рӯ, ба ақидаи ман, тақдири интихобот дар таблиғоти интихоботӣ нест, балки сарнавишти он дар замони шуморидани оро ҳал мешавад ва агар ин бор дар шумориши оро тақаллуб нашавад, ба суди давлати Тоҷикистон хоҳад буд.

Аммо муҳимтар аз ҳама чиз он аст, ки муборизоти интихоботӣ ва раъйдиҳӣ дар фазои орому орӣ аз ҳар гуна муноқишот ва кашмакашиҳо баргузор шавад. Зеро агар теруру кашмакашиҳо ва зӯроварӣ оғоз ёбад, мардум ба пойи сандуқҳои раъй намераванд. Амният бояд дар ҷараёни ин тадобир комилан таъмин шавад.

Сипос барои суҳбат!

Матолиби муртабит