Роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои Укройн алорағми инфиҷор дар Хоркиф

  • 23 Феврал, 2015
Роҳбарони урупоӣImage copyrightGetty
Image caption Роҳбарони урупоӣ дар роҳпаймоии Кийиф ширкат кардаанд

Алорағми инфиҷори бумбе дар остонаи таҷаммуъ дар шаҳри Хоркиф ва марги ду нафар, ҳазорон укройнӣ дар "роҳпаймоиҳои ҳайсият" дар пойтахт ва соири шаҳрҳо ширкат кардаанд, то ёди қурбониёни тактирандозиҳо дар ҷараёни эътирозоти феврали соли гузаштаро гиромӣ бидоранд.

Раҳбарони урупоӣ, аз ҷумла Дунолд Тоск, раиси Шӯрои Урупоӣ, Юохим Говк, раиси ҷумҳурии Олмон, ва раҳбарони Литвонӣ, Лаҳистон ва Мулдовӣ дар поҳпаймоии Кийиф ширкат кардаанд.

Дейвид Истерн, хабарнигори Би-би-сӣ дар Кийиф, мегӯяд, ки фазои ин роҳпаймоиҳо гирифта буд.

Пештар дастикам ду нафар, аз ҷумла як маъмури пулис, дар асари инфиҷори бумбе дар ҷараёни роҳпаймоии ваҳдати миллӣ дар Хоркиф, дувумин шаҳри бузурги Укройн, кушта ва 10 нафар захмӣ шуданд.

Инфиҷор дар соъати 13:20-и рӯзи якшанбе ба вақти маҳаллӣ ва замоне рух дод, ки гурӯҳе аз мардум барои ширкат дар роҳпаймоӣ дар маҳал ҷамъ мешуданд.

Мақомҳо мегӯянд, ки чаҳор нафар ба занни даст доштан дар ин бумбгузорӣ тавассути маъмурони амниятӣ боздошт шудаанд.

Ба гузориши расонаҳои Укройн инфиҷор дар Хоркиф дар ҳоле рӯй дод, ки мардум дар наздикии "Кохи варзиш" барои тазоҳурот дар ҳимоят аз ваҳдати миллӣ ҷамъ мешуданд.

Image copyrightReuters
Image caption Аҳолии Хоркиф акси куштаҳо аз ин шаҳр дар набардҳоро ба даст гирифтанд

Мақомҳо ибтидо гуфтанд, ки василаи инфиҷорӣ аз як утумубил партоб шудааст, аммо баъдан гуфтанд, ки дар барф мадфун шуда буд.

Мақомҳо мегӯянд, ки мазнунони дастгиршуда дар ин иртибот шаҳрванди Укройн будаанд ва дастурот ва силоҳҳояшонро дар шаҳри Белгуруди Русия дар он сӯи марз дарёфт карда буданд.

Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, ин ҳамларо "талоше густохона барои густариши терурисм" хонд ва қавл дод, ки омилонро муҷозот кунад.

Хоркиф, дар шимоли шарқи Укройн, тайи се моҳи гузашта шоҳиди беш аз 12 ҳамла будааст. Дар яке аз он ҳамалот бумбе дар як майхонаи маҳалли истифодаи фаъъолони ҳаводори давлат мунфаҷир шуд ва беш аз 10 нафарро захмӣ кард.

Он ҳамла ба як гурӯҳи ҳаводори Русия, ки худро портизонҳои Хоркиф меномад, нисбат дода шуд.

Соли гузашта беш аз 100 нафар дар ончи то он замон бадтарин хушунатҳо дар торихи Укройн ба унвони як кишвари мустақил маҳсуб мешавад, кушта шуданд.

Image copyrightGetty
Image caption Роҳпаймоиҳо дар чанд шаҳр, аз ҷумла Кийиф, баргузор шуд.

Хоркиф дар наздикии минтақаи ҷангзадаи шарқи Укройн воқеъ аст, ки ба назар меарсад оташбас саранҷом дар он дар ҳоли барқарор шудан аст.

Нерӯҳои давлатии Укройн ва шӯришиёни тарафдори Русия тавофуқ кардаанд, ки силоҳҳои сангинро аз ҷабҳаҳои даргирӣ ақаб бикашанд.

Қарор аст рӯзи сешанбе оташбас дар ин минтақа барқарор шавад.

Давлати Укройн мувофиқат карда, ки ақаб кашидани силоҳҳои сангин аз майдони набардро аз якшанбе оғоз кунад ва шӯришиён ҳам гуфтаанд, ки ин фарояндроо рӯзи сешанбе оғоз хоҳанд кард.

Рӯзи шанбе бо мубодилаи 191 асир миёни ду тараф яке дигар аз аносири тавофуқи оташбаси Минск иҷро шуд.

Бо ин ҳол, мақомҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо мегӯянд, ки оташбас ҳамчунон дар мавориде, бахусус дар шаҳри Деболтсефе, нақз мешавад. Ин шаҳр як поёнаи муҳимми таробарӣ аст, ки шӯришиён дар рӯзҳои ахир онро ишғол кардаанд,

Олексондер Ҳог аз ин созмон гуфт, ки авзоъ дар он шаҳр "нисбатан фоҷеъабор аст."

Ӯ гуфт: "Мардуми маҳаллӣ ба мо гузориш доданд, ки об, ғизо, гоз, гармо, барқ ё дору вуҷуд надорад. Ва осори набард бар ҳамаи сохтмонҳое, ки нозирони мо дидаанд, дида мешавад."

Image copyrightna
Image caption Ду тараф гуфтаанд зарфи чанд ҳафта силоҳҳои сангинро ақаб мекашанд.

Матолиби муртабит