Инфиҷор дар дувумин шаҳри бузурги Укройн ду кушта ва чанд маҷруҳ бар ҷой гузошт
Image copyrightAPДастикам ду нафар, аз ҷумла як маъмури пулис дар асари инфиҷори бумбе дар ҷараёни роҳпаймоии ваҳдати миллӣ дар Харков, дувумин шаҳри бузурги Укройн кушта ва 10 нафар захмӣ шуданд.
Ин бумби соъати 13:20 ба вақти маҳаллӣ ва замоне рух дод, ки гурӯҳе аз мардум барои ширкат дар роҳпаймоӣ дар маҳал ҷамъ шуданд.
Мақомот мегӯянд, ки чанд нафар ба занни даст доштан дар ин бумбгузорӣ тавассути маъмурони амниятӣ боздошт шудаанд.
Харков дар наздикии минтақаи ҷангзадаи шарқи Укройн воқеъ аст, ки ба назар мерасад, оташбас саранҷом дар он дар ҳоли барқарор шудан аст.
Нерӯҳои давлатии Укройн ва шӯришиёни тарафдори Русия тавофуқ кардаанд, ки силоҳҳои сангинро аз ҷабҳаҳои даргирӣ ақаб бикашанд.
Қарор аст рӯзи сешанбе оташбас дар ин минтақа барқарор шавад.
