Шӯришиёни Укройн "силоҳҳои сангини худро таҳвил медиҳанд"

  • 22 Феврал, 2015
Image copyrightAP
Image caption Табодули усаро: чанд шӯришии захмӣ ки нерӯҳои давлатӣ онҳоро озод кардаанд

Як женроли руси даргир дар иҷрои тавофуқи оташбас дар шарқи Укройн гуфтааст, ки шӯришиён дар ин минтақа пазируфтаанд, ки силоҳҳои сангини худро таҳвил диҳанд.

Женрол Александр Лентсов гуфт, ки шӯришиёни тарафдори Русия мувофиқатномаеро имзо кардаанд, ки бар асоси он таҳвили силоҳҳои сангин аз имрӯз якшанбе, 22 феврал оғоз ва тайи ду ҳафтаи оянда такмил мешавад.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки нерӯҳои давлатии ҳозир дар шарқи Укройн ҳам аз ин равиш пайравӣ мекунанд ё на.

Ин дар ҳоле аст, ки ду тараф машғули табодули усарои ҷангӣ ҳастанд.

Табодули усаро бахши муҳимме аз қарордоди оташбасе аст, ки рӯзи 12 феврал ва бо миёнҷгарии Олмон ва Фаронса дар Минск, пойтахти Белорус ба даст омад.

Омрико таҳдид карда буд, ки дар сурати идомаи нақзи оташбас таҳримҳои сангине алайҳи Русия эъмол кунад, аммо давлати Русия гуфт, ки эъмоли таҳрим ба ҳали буҳрони Укройн мунҷар нахоҳад шуд.

Ин таҳаввулот дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳазорон укройнӣ ва чанд раҳбари урупоӣ қарор аст имрӯз дар Киев, пойтахти Укройн дар тазоҳуроте ёди кушташудагони эътирозоти соли гузаштаро гиромӣ бидоранд.

Матолиби муртабит