"Ақибнишинии нерӯҳои укройнӣ аз шаҳри истротижики Деболтсево"
Image copyrightAFPБо идомаи нақзи оташбас ва шиддат гирифтани даргириҳо дар шарқи Укройн гузориш мерасад, ки шуморе аз нерӯҳои тарафдори давлати Укройн шуруъ ба ақибнишинӣ аз шаҳри муҳими Деболтсево кардаанд ва теъдоде аз онҳо низ бо шӯришиёни тарафдори Русия ба набард машғуланд.
Як афсари пулис ин набардро як ҷанги тамом айёри хиёбонӣ хондааст.
Як фармондеҳи шибҳнизомии Укройн гуфт шӯришиён саъй доштанд монеъ аз хуруҷи нерӯҳои тарафдори давлати Укройн аз шаҳр шаванд.
Аммо сафири Укройн дар Иттиҳодияи Урупо дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ мавзуъи ақабнишинии нерӯҳои ин кишварро такзиб кард.
Ӯ хоҳони фишори байналмилалӣ бар Русия барои таваққуфи нақзи оташбас шуд.
Як афсари баландпояи пулис хоҳони он шуда, ки нерӯҳои тақвиятӣ ба ин шаҳри истротежик эъзом шаванд.
Пештар Ҷу Бойден, муъовини раиси ҷумҳури Омрико ба Русия дар мавриди идомаи нақзи оташбас ҳушдор дода буд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи сешанбе, 17 феврал , аз давлати Укройн хост, ки нерӯҳои ин кишвар дар шаҳри истротежики Деболтсево таслим шаванд.
Оқои Путин дар боздид аз Маҷористон ҳамчунин гуфт умедвор аст шӯришиён иҷоза диҳанд сарбозоне, ки дар Деболтсево асир шудаанд, назди хонаводаҳояшон баргарданд.
Баъд аз изҳороти оқои Путин сафири Омрико дар Созмони Милал башиддат ба Русия тохт ва аз Маскав хост даст аз тазоҳур дар мавриди рафтораш дар Укройн бардорад.
Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳам хостори поёни фаврии даргириҳо дар ин шаҳр шудааст.
