Даргириҳои шарқи Укройн ба рағми оташбас ҳамчунон идома дорад
Image copyrightGettyГулӯлаборони шадиди шаҳри Дунетск дар шарқи Укройн ба рағми тавофуқи оташбас ҳамчунон идома дорад.
Гузоришҳои маҳаллӣ хотирнишон мекунанд, ки бештари даргириҳо дар наздикии фурудгоҳ ҷараён доранд.
Нерӯҳои артиши Укройни мегӯянд шӯришиён камокон ба нерӯҳои давлатӣ дар наздикии шаҳри бандарии Мориупул ҳамла мекунанд.
Дар ин миён раҳбарони Русия, Укройн, Фаронса ва Олмон телефунӣ гуфтугӯ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол намояндаи Русия дар Созмони Милал дархости Укройн барои фиристодани нерӯҳои ҳофизи сулҳ ба шарқи Укройнро маҳкум кардааст. Ӯ ин иқдоми Укройнро таҳдиде барои оташбас хондааст.
Нерӯҳои давлатии Укройн ва ҷудоиталабони тарафдори Русия якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.
Ён Понел, гузоришгари Би-би-сӣ дар Дунетск мегӯяд, ки ба назар мерасад гулӯлаборон аз ҳар ду тараф анҷом мешавад, ҳарчанд чунин чизе қобили тайид нест.
