Роҳпаймоӣ дар Русия дар солгарди "кудато" дар Укройн

Тарафдорони давлати Русия имрӯз дар солгарди он чи "кудато" дар кишвари ҳамсояи Укройн мехонанд, дар Маскав роҳпаймоӣ мекунанд.
Қарор аст, ҳазорон нафар дар ин роҳпаймоӣ, ки расонаҳои давлатии Русия бо шиори "Фаромӯш нахоҳем кард, нахоҳем бахшид" онро таблиғ кардаанд, ширкат кунанд.
Эътирозоти соли гузашта дар Укройн ба сарнагунии Виктор Янукович, раиси ҷумҳури ин кишвар мунҷар шуд.
Аз он замон, Русия нимҷазираи Қримро замимаи хоки худ карда ва муттаҳам аст, ки аз шӯришиёни шарқи Укройн ҳимоят мекунад.
Давлати Укройн, раҳбарони ғарбӣ ва НОТУ мегӯянд, шавоҳиди ошкоре вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад Русия бо силоҳҳои сангинва нерӯи низомӣ ба шӯришиёни укройнӣ кумак мекунад. Коршиносони мустақил низ ин иттиҳомро матраҳ мекунанд, аммо Русия зимни ради он таъкид дорад, ки русҳое ки ба кумаки шӯришиёни укройнӣ мераванд, довталабона ин корро мекунанд.
Аз оғози даргириҳо дар шарқи Укройн дар апрели соли гузашта беш аз 5400 нафар кута шудаанд.
"Агар кишваратонро дӯст доред, биёед"
Қарор аст, мардуми Русия аз сартосари ин кишвар дар роҳпаймоии "зиддимайдон" ширкат кунанд. Ин ишоратест, ки эътирозоте, ки соли гузашта ба тарафдорӣ аз Иттиҳодияи Урупо дар майдони истиқлоли шаҳри Киев маъруф ба "Майдон" баргузор шуд.
Пеш аз роҳпаймоии Маскав расонаҳои давлатии русия аз ҳама касоне, ки худро "меҳанпараст" медонанд ва мухолифи "инқилобҳо" ҳастанд, дар ин роҳпаймоӣ ширкат кунанд.
Телевизиони Русия "24" дар барномаҳои худ гуфт: "Агар кишваратонро дӯст доред, биёед".
Ин роҳпаймоӣ як рӯз пас аз он баргузор мешавад, Пётр Порошенко, раиси ҷумҳурии Укройн, Русияро ба дахолати мустақим дар тирандозиҳо муттаҳам кард, ки тайи рӯзҳои 18- 20 феврали соли гузашта ба кушта шудани даҳҳо нафар мунҷар шуд.
Оқои Порошенко дар маросими ёдбуд дар Киев гуфт, яке аз дастёрони раиси ҷумҳурии Русия "гурӯҳҳоеро аз тактирандозони хориҷӣ"-ро созмондиҳӣ карда буд. Вай ба иттилооте ишора кард, ки сервисҳои амниятии Укройн дар ихтиёраш гузоштаанд.
Вазорати хориҷаи Русия дар вокуниш ба ин иддаъо онро "ҳарза" хонд.
Нооромиҳои Укройн ва шӯришҳои зидди Виктор Янукович аз моҳи ноябри соли 2013, замоне шурӯъ шуд, ки ӯ ба таври ногаҳонӣ аз имзои қарордоди тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо сар боз зад ва ба ҷойи он ба Русия бештар наздик шуд.
