Додгоҳи Испониё дархости истирдоди як мухолифи Раҳмонро рад кард

  • 23 Июл, 2014
Шарофиддин ГадоевImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Гадоев бо хатари истирдод ба Тоҷикистон рӯбарӯ буд

Додгоҳе дар Испониё як мухолифи давлати Тоҷикистонро аз иттиҳоми даст доштан дар тахаллуфоти молӣ табраа карда ва аз истирдоди ӯ ба ин кишвар монеъ шудааст.

Шарофиддин Гадоев, аз аъзои "Гурӯҳи 24", ки ба унвони паноҳандаи сиёсӣ дар Испониё ба сар мебарад, рӯзи чаҳоршанбеи 23 июл бо ҳукми додгоҳи Модрид аз иттиҳомоти ворида табраа шуд. Додгоҳ давлати Испониёро муваззаф карда, ки аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон худдорӣ кунад.

Дар ин бора худи оқои Гадоев ба Би-би-сӣ хабар дод. Вай гуфт, ки тамомии иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бепоя ва сохтагӣ буда ва додгоҳ бегуноҳии ӯро собит кардааст.

Вай гуфт: "Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи иттиҳомотро қалбакӣ карда буд, дар рӯзҳое ки ман дар Тоҷикистон набудам, маро ба иртикоби ҷароим муттаҳам карда буд. Аммо дар ин рӯзҳо ман дар хориҷа будам ва сафарҳоям дар шиносномаи ман сабт шуда буд. Ин ҳамаро қуззоти додгоҳи Испониё худ диданд."

Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Гадоев, мақомоти Тоҷикистон ӯро муттаҳам карда буданд, ки ба таърихи 13 декабри соли 2011 то 13 феврали 2012 дар Чин мошин харида ва ба таври қочоқӣ вориди Тоҷикистон кардааст. Аммо додгоҳ собит карда, ки ӯ дар ин муддат ба Покистону Ҳинд мусофират доштааст.

Оқои Гадоев пештар ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро бар асоси панҷ моддаи қонуни кайфарии ин кишвар ба тамаъҷӯӣ, тақаллуб, ҷаъли аснод, қочоқи коло ва мавод ва ба таври ғайриқонунӣ маҳрум кардани шахсе аз озодӣ муттаҳам кардаанд.

Вале додгоҳи Испониё танҳо иттиҳомоти ворида бар асоси ду моддаи 289 ва 340 дар бораи қочоқи коло (кам нишон додани молу коло зимни убур аз марз) ва ҷаъли аснодро баррасӣ ва ӯро табраа кардааст.

Аз ҷумла, мақомоти тоҷик ӯро муттаҳам карда буданд, ки дар моҳи феврали соли 2012 теъдоди 30 худравро вориди Тоҷикистон карда ва ҳар кадомеро бо қимати 8000 дулор дар гумрук ба сабт расондааст, ҳарчанд арзиши ин мошинҳо 49 ҳазор дулор будааст. Дар натиҷа, давлат гӯё 280 ҳазор дулор хисорат дидааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи худи оқои Гадоев, рӯзи таҳвили ин худравҳо аз марз ва андозаи аворизи гумрукӣ, ки мебоист пардохта шавад, дар асноди парванда зикр нашуда буд. Ҳеч далеле ҳам дар бораи ин ки худравҳо бо арзиши 49 ҳазор дулор харида шудаанд, вуҷуд надошт.

Оқои Гадоев ҳамаи иттиҳомот алайҳи худро бепоя хонда ва баръакс мақомоти Тоҷикистонро ба тасарруфи амвол ва дороиҳои худ муттаҳам мекунад. Вай ҳамчунин иддиъо дорад, ки дар бораи муъомилоти тиҷории ба гуфтаи ӯ номашрӯъи афроди наздик ба раисҷумҳури Тоҷикистон мадорике дар ихтиёр дорад.

Шарофиддин Гадоев рӯзи 2 феврали соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони пулиси Испониё дар Модрид боздошт ва ба таври машрут озод шуд. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ ҳудуди якуним сол аст, ки дар Испониё ба унвони паноҳандаи сиёсӣ сабти ном шуда ва ба таври қонунӣ зиндагӣ мекунад.

Ҳудуди ду ҳафта пеш Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Миёна, як созмони мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ, ки дар Фаронса мустақар аст, бо интишори баёнияе аз давлати Испониё хоста буд, ки аз истирдоди оқои Гадоев ба Тоҷикистон худдорӣ кунад.

Рӯзи 22 май созмони Афви Байналмилалӣ низ додгоҳ ва давлати Испониёро аз хатароти эҳтимолӣ дар сурати истирдоди Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон, аз ҷумла эҳтимоли шиканҷа шудани ӯ аз сӯйи маъмурони амниятии ин кишвар, ҳушдор дода буд.

Шарофиддин Гадоев мутаваллиди соли 1985 дар ноҳияи Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, аст. Вай қаблан риёсати ширкати "Голд Тур Транс"-ро ба уҳда дошт. Вале ба гуфтаи наздиконаш, ӯ дар пайи интиқодҳояш аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, таҳти фишор қарор гирифта ва Тоҷикистонро тарк кардааст.

Оқои Гадоев аз ҷумлаи шуморе аз мухолифони давлати Тоҷикистон аст, ки дар соли 2012 ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов, тоҷири саршинос, эътилоферо ба номи "Гурӯҳи 24" таъсис доданд.

Ахиран чанде аз видеуҳои суханронии ӯ ва ҳамроҳонаш, ки аз раисҷумҳури Тоҷикистон башиддат интиқод мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, монанди Ютюб ва Фейсбук мунташир шудааст. Мақомоти тоҷик ҳанӯз ҳеч вокунише ба ҳукми додгоҳи Испониё дар мавриди ӯ накардаанд.

Матолиби муртабит