Содиқов ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат озод шуд
Image copyrightBBC World ServiceАлександр Содиқов, пижӯҳишгаре, ки дар моҳи июн ба иттиҳоми ҷосусӣ барои кишваре солис дар Бадахшон боздошт шуд, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқоматаш озод шудааст.
Вай соъате пеш дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Ман дар хона ҳастам, хушҳолам, ҳамроҳи хонавода ҳастам. Ҳолам хуб аст, рафтори (маъмурони амниятӣ) бо ман хуб буд."
Оқои Содиқов рӯзи 16 июн аз сӯи маъмурони амниятии Тоҷикистон дар порки шаҳри Хоруғ, маркази устони худмухтори Бадахшон, дар шарқи ин кишвар, боздошт шуд.
Ин пижӯҳишгар пас аз он боздошт шуд, ки дар чорчӯби тарҳе пижӯҳишӣ дар бораи роҳҳои рафъи ихтилофот дар минтақаи Осиёи Миёна барои донишгоҳи Эксетери Бритониё бо Алим Шерзамонов, яке аз фаъъолони ҷомеъаи маданӣ дар Бадахшон, мусоҳиба мекард.
Ин тарҳ бо 500 ҳазор дулор ҳимояти молии Шӯрои пажӯҳишҳои иқтисодию иҷтимоъии Бритониё анҷом мешавад. Мавзӯъи он рӯйкарди тоза ба пажӯҳиши мунозеъотест, ки дар байни солҳои 2005 ва 2012 дар Тоҷикистону Узбакистон ва Қирқизистон иттифоқ уфтодаанд.
Вазъият дар шаҳри Хоруғ дар авохири моҳи май дар пайи амалиёти маъмурони пулис алайҳи афроди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддир, ки рӯзи 21 май анҷом шуд, рӯ ба вахомат гиройид..
Мардуми маҳаллӣ дар эътироз ба ин амалиёт, ки гуфта мешавад дар маҳалле пурҷамъият ва бо тирандозӣ ҳамроҳ буд, сохтмонҳои додситонӣ, пулис ва додгоҳи маҳаллиро оташ заданд. Ҳамчунин аз ҳамлае мусаллаҳона ба идораи маҳаллии амният дар шаҳри Хоруғ гузориш шуд.
Дар ин ҳаводис дастикам панҷ нафар кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин рӯйдодҳо ба норизоятии густардаи мардуми маҳаллӣ доман зад ва иддаи зиёде чанд рӯз дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд.
Ба гуфтаи манобеъи Донишгоҳи Эксетери Бритониё, оқои Содиқов мебоист дар Бадахшон бо шуморе аз фаъъолони ҷомеъаи маданӣ ва мақомҳои давлатӣ мусоҳиба кунад.
Пас аз боздошт, мақомҳои амниятӣ алайҳи оқои Содиқов иттиҳоми ҷосусӣ ва хиёнат ба ватанро матраҳ карданд. Дар баёнияе, ки Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интишор дод, омада буд, ки оқои Содиқов дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои иттилоъотии хориҷӣ мазнун аст.
Аммо дар ин баёния аз ҳеч кишваре ном бурда нашуда буд. Бархе аз манобеъи амниятӣ гуфтанд, ки "ба хотири мулоҳизоти диплумотик" аз кишвари мавриди назар номе бурда нашудааст.
Ба дунболи ин рӯйдод, устодону донишҷӯёни шуморе аз донигоҳҳои муътабари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар, монанди Афви Байналмилалӣ, Гузоришгарони Бидуни Марз, Хонаи Озодӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо бо судури баёнияҳое боздошти оқои Содиқовро маҳкум карда ва хостори озодии сареъи шуда буданд.
