ММИТ додгоҳро танҳо мушаххаскунандаи ҷурм хонд

  • 7 Июл, 2014
Сайфулло СафаровImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Сафаров гуфт, ки қавонини мавҷуда дар Тоҷикистон бегуноҳ будани фард то замони баргузории додгоҳро таъмин мекунад

Масъулони Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон мегӯянд, ки танҳо додгоҳҳо дар ин кишвар метавонанд муқассир будани фард дар иртикоби ҷурмро собит кунанд.

Сайфулло Сафаров, муъовини раиси ин марказ, рӯзи душанбеи 7 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, то замоне, ки додгоҳ даст доштани Александр Содиқов дар ҷосусиро собит накунад, коршиносони марказ ин қазияро наметавонанд ташреҳ диҳанд.

Оқои Сафаров дар посух ба суоли қазияи боздошти ин таҳлилгар ва даст доштани кишварҳои севум дар ноором кардани вазъият дар Тоҷикистон, гуфт, ки маъмулан аз чунин кишварҳо ном гирифта намешавад.

Вай афзуд: “Маъмулан аз ин кишварҳо дар маърази умум ном гирифта намешаванд. Аммо ҳама чиз маълум ва шаффоф аст. Он чизе, ки буд, дар расонаҳо пахш шуда ва ҳарчанд дар бархе аз расонаҳо замони пахши иттилоъот дар ин маврид ба иштибоҳ роҳ дода шуд. Аммо мо то замоне, ки додгоҳ ин қазияро баррасӣ накунад, гуфта наметавонем, ки касе дар ин ҷурм муқассир аст.”

Вай гуфт, ки қавонини мавҷуда дар Тоҷикистон бегуноҳ будани фард то замони баргузории додгоҳро таъмин мекунад.

Аммо оқои Сафаров ҳангоми шарҳ додани таҳдидҳо ба субот дар Тоҷикистон гуфт, ки коршиносон мавҷудияти таҳдид ба се манбаъи аслӣ дар ин кишварро муъайян карда ва ӯ гуфт, ки манбаъи аввал ин таҳдид ба боварии мардум ба сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад.

Ӯ гуфт: “Василаи дуввум, ки амнияти моро таъмин мекунад, ин боварии зиёди мардум ба президент аст. Ва сувумин манбаъ ин синфи миёна (табақаи мутавассит) дар ҷомеъаи Тоҷикистон аст, ки мардум беҳбудии зиндагии иҷтимоъии худро эҳсос карда ва ба тазоҳурот ва дигар корҳо даст намезананд.”

Тоҷикистон бояд ин се манбаъро ҳифз кунад ва бештар дар бораи беҳбудии вазъи табақаи мутавассити ҷомеъа ва боло бурдани ҷойгоҳи ин табақа дар сиёсати иқтисодии ин кишвар пажӯҳиш анҷом шавад.

Ҳарчанд дар идомаи нишасти матбуъотии Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон дар мавриди Александ Содиқов, таҳлилгари боздоштшуда дар Тоҷикистон суолоте ироа шуд, аммо оқои Сафаров аз шарҳи бештари ин мавзӯъ худдорӣ кард.

Оқои Содиқов дар 16 июни соли ҷорӣ ҳангоми дидор бо Алим Шерзамонов, як фаъъоли мухолифи давлат аз ҳизби сусиёл-демукрот дар порки шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, боздошт шуд.

Рӯзе баъд Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе эълом кард, ки оқои Содиқов ба занни "ҷосусӣ" барои кишваре солис боздошт шуда, ҳарчанд аз он кишвар ном набурд.

Оқои Содиқов худ шаҳрванди Тоҷикистон буда ва давраи дуктурояшро дар Донишгоҳи Турунтуи Конодо сипарӣ мекунад. Вай дар замони таътилоти тобистонияш бар асоси қарордоде барои Донишгоҳи Эксетери Бритониё дар мавзӯъи мудирияти низоъ дар Осиёи Миёна пажӯҳише анҷом медод.

Чунин ба назар мерасад, ки дар нишастҳои матбуъотии ниҳодҳои мухталифи ин кишвар, ки дар шаш моҳ як бор доир мешаванд, хабарнигорон дубора қазияи боздошти ӯро дар миён хоҳанд гузошт.

Матолиби муртабит