Маъмурони FBI мазнуни муртабит бо инфиҷорҳои Бустунро куштанд

Фарде, ки дар иртибот ба инфиҷорҳои шаҳри Бустун мавриди бозпурсии Пулиси федероли Омрико (FBI) буда, дар шаҳри Урлондои иёлати Флуридо кушта шудааст. Ӯ замоне кушта шуд, ки маъмурони Пулиси федеролро мавриди ҳамла қарор дод.
Дар ин бора шабакаи телевизиюнии Сибиэси (CBS) Омрико хабар додааст.
Бар асоси иттилоъоти мавҷуда ин фард Иброҳим Тодашеви 27 сола аст.
Рӯзномаи Orlando Sentinel навиштааст, ки ҷасади ӯро яке аз дӯстонаш шиносоӣ кардааст.
Ин фард ҳамроҳи як марди дигар гуфта мешавад ба далели ошноӣ бо Темурланг Сарнаев, яке аз мазнунони инфиҷорҳои моротун дар Бустун, аз суи маъмуронбозпурсӣ мешудаанд.
Гузориш шуда, ки оқои Тодашев муддате пеш аз инфиҷорҳо бо оқои Сарнаев дар иртибот будааст. Ӯ барои дидор бо Сарнаев ба Бустун рафта буда ва қасди сафар ба ҷумҳури Чеченро доштааст.
"Даргирӣ"
Бар асоси иттилоъи хабарнигори Сибиэс, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, пас аз нимашаб ба вақти маҳаллӣ аз опортумоне, ки оқои Тодашев иқомат дошта, садои тирандозӣ шунида шудааст.
Пеш аз тирандозӣ миёни ӯ ва маъмурони Пулиси федерол мушоҷара сурат гирифтааст, ки дар ҷараёни он гуфта мешавад Тодашев ба яке аз маъмурон ҳамла кардааст.
Яке аз кормандони пулиси федероли Омрико дар гуфтугӯе бо шабакаи телевизиюнии Local 6 марги ин фарди мазнунро таъйид кардааст.
Дейв Куверте, маъмури вижаи Пулиси федерол гуфтааст: "Дар ҳоли ҳозир мо бо маъмури вижаи Пулиси федерол тирандозиро таҳқиқ мекунем."
Ӯ афзуд: "Маъмури пулис, ки дар ҳоли анҷоми вазоифаш буда, бо фарди мазнун даргир шудаанд. Фарди мазнун ҷон додааст."
Темурланг Сарнаев чанд рӯз пас аз инфиҷорҳои Бустун ба ҳангоми табодули оташ бо пулис кушта шуд. Бародари ӯ як рӯз баъд дастгир шуд.
