Дар бораи бародарон Сарнаевҳо чӣ медонем?

Темурланг Сарнаеви 26-сола, ки шаби ҷумъа дар тирандозӣ кушта шуд, буксер буда ва Омрикоро барои он дӯст медошт, ки дар ин кишвар метавонист кор даромад дошта бошад. Ҷавҳари 19-сола ба гуфтаи падараш “мисли як фаришта” будааст.
Анзор Сарнаев, падари бародарон Сарнаевҳо, ки дар бумбгузории моротуни Бустун мазнун ҳастанд, дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфтааст: “Маъмурони пулис талош дорад ин ҳамларо ба писарони ман нисбат диҳад.”
Ӯ, ки дар Махачкалаи Русия зиндагӣ мекунад, ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфт: “Ман фарзандонамро медонам. Онҳо писарони мисли алмос тоза буданд, ки мурчаро озор намедоданд”.
Амак бародарзодагонашро маҳкум кард
Руслан Сарна, амаки Сарнаевҳо рӯзи ҷумъа дар ҷараёни сӯҳбат бо хабарнигорон дар наздикии манзилаш дар Мериленд, воқеъ дар наздикии Вошингтун гуфт, ки бародарон дар Қирғизистон ба дунё омада ва чанд соле дар онҷо ба сар бурдаанд.
Руслан Сарна зимни маҳкум кардани аъмоли бародарзодаҳояш гуфт, ки омодааст шахсан дар пеши наздикони қорбониёни инфиҷори бумб дар моротуни Бустун ба зону бишинад ва аз онҳо узр хоҳад. Ӯ ҳамчунин аз Ҷавҳар хост, худро фавран ба мақомот таслим кунад.
Тибқи иттилоъи мақомот бародарон дар замонҳои мухталиф ба Иёлати Муттаҳида омдааанд – яке аз онҳо ҳамроҳ бо волидайн дар соли 2002 ва дигаре дар соли 2004 вориди ин кишвар шудаанд.
Бино ба гузориши Асошиейтед Прес Сарнаевҳо дар соли 2001 аз Қирғизистон ба Махачкала омадаанд ва тӯли чаҳор моҳ дар мактаби рақами 2 (ҳоло гимназия) таҳсил мекарданд. Ин хабаргузорӣ ба нақл аз Ирина Бандурина, раиси ин мактаб навиштааст, ки Ҷавҳар дар марти соли 2002 ба Омрико рафтааст.
Ҷавҳар ва Темурланг ду хоҳар доштаанд.
Сафҳаи Ҷавҳар дар ВКонтакте
Дар сафҳаи хусусии Ҷавҳар Сарнаев дар шабакаи иҷтимоъии ВКонтакте омадааст, ки ӯ донишҷӯи мактаби олии Кембриҷ будааст ва дар солҳои 1999-2001 дар мактабе дар Махачкала, пойтахти Доғистон таҳсил мекардааст. Охирин бор сафҳаи вай дар моҳи марти соли 2012 барӯз шудааст.
Дар ин сафҳа ӯ дар бораи донистани се забони чеченӣ, русӣ ва инглисӣ хабар медиҳад. Дар ҳамин саҳифа Ҷавҳар навиштааст, ки ҳадафаш дар зиндагӣ кор ва пул аст. Қисмати “дидгоҳ”-и саҳифаашро ӯ бо калимаи “ислом” хонапурӣ кардааст.
Дар ҳоли ҳозир корбарони дигари ин шабакаи иҷтимоъӣ дар саҳифаи ӯ беш аз панҷ ҳазор шарҳи манфӣ ва маҳкумкунанда нашр кардаанд.
Падар: “Ҷавҳар фариштаи воқеъӣ буд”
Бино ба иттилоъи Асошиейтед Пресс Ҷавҳар дар соли 2011 аз ҳукумати шаҳри Кембриҷи иёлати Масачуст бурси 2500 дулорӣ барои идомаи таҳсилаш дарёфт кард. Ҳарду бародар – Ҷавҳар ва Темурланг дар Кембриҷ зиндагӣ мекарданд.
Анзор, падари Сарнаевҳо ба Асошиейтед Пресс гуфтааст, ки писари хурдиаш Ҷавҳар донишҷӯи соли дувуми як пажуҳишгоҳи тиббӣ дар Иёлоти Муттаҳида буд. Ӯ Ҷавҳарро “як фариштаи воқеъӣ” тавсиф кард.
Хабаргузорӣ аз қавли ин падар, ки дар Махачкала зиндагӣ мекунад, навиштааст: “Ӯ бисёр писари боақл аст. Мо мунтазири таътилоташ будем, ки биояд.”
Падари Сарнаевҳо дар мусоҳибааш бо Интерфакс гуфтааст, ки пулиси Омрико талош дорад ҳамларо ба фарзандонаш нисбат диҳад.
Тибқи иттилоъи Би-би-сӣ Зубайда Сарнаева, ки ҳадс зада мешавад, ки модари мазнунон бошад ва низ дар иёлати масачуст ба сар мебарад, дар соли 2012 барои дуздӣ дар фурушгоҳ боздошт шуда буд.
Темурланг: “Дар Омрико метавон пул кор кард”
Рӯзномаи The Lowell Sun 21-уми январи соли 2004 навишта буд, ки хонаводаи Сарнаевҳо ба Омрико бо умеди оғози зиндагии нав омадаанд. Он замон Темурланг дар мусобиқоти букси шаҳри Лоуели Масачуст ширкат мекард.
Ман Омрикоро дӯст медорам, чун инҷо кор зиёд ҳаст, он чи наметавон дар бораи Русия гуфт. Дар инҷо агар аз кор натарсӣ шонс барои пайдо кардани даромад вуҷуд дорад
Рӯзномаи The Lowell Sun он замон акси Темурланг Сарнаевро ба ҳангоми дарёфти ҷоизааш дар ин мусобиқа мунташир карда буд.
Ин рӯзнома аз қавли Темурланг Сарнаев дар мусоҳибаи соли 2004 навишта буд: “Ман Омрикоро дӯст медорам, чун инҷо кор зиёд ҳаст, он чи наметавон дар бораи Русия гуфт. Дар инҷо агар аз кор натарсӣ шонс барои пайдо кардани даромад вуҷуд дорад.”
Ӯ он замон ба хабарнигори The Lowell Sun гуфта буд, ки мусиқиро дӯст медорад ва дар Русия навохтани пиону ва ғиҷҷакро омӯхтааст.
Раддипо дар Туркия
Муаммер Гулер, вазири корҳои дохилии Туркия гуфтааст, ки Темурланг - яке аз бародарон дар соли 2003 бо шиносномаи қирғизӣ ба Туркия омада буд ва 10 рӯз дар онҷо ба сар бурдааст. Се нафари дигар, ки номи фомили ӯ - Сарнаевро доштанд ҳамроҳи ӯ будаанд.
Оқои Гулер гуфт, ки ба ҷуз ин сафари 10 рӯза, бародарон бо Туркия дигар иртиботе надоштаанд. ИН суханони вазири кишварро сойти хабарии туркӣ мавсум ба “Hurriyet” гузориш кардааст.
WBZ – шабакаи телевизиюнии Бустун иттилоъ додааст, ки Руслан Сарнаев, амаки бародарон аз соли 2009 бо хонаводаи Сарнаевҳо иртибот надоштааст ва ҳадс задааст, ки падару модари бародарон ба Русия баргаштаанд.
Ҳарчанд худи Руслан Сарнаев дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар наздикии манзилаш гуфт, ки бори охир ҳудуди се моҳ қабл бо бародарзодаҳояш тамос дошт.
Алви Сарнаев, як амаки дигари бародарон Сарнаевҳо ба шабакаи телевизиюнии WBZ гуфтааст, бовар надорад, ки бародарон ба амалиёти терруристии Бустун иртибот доранд. Ин шабакаи телевизиюнӣ ҳамчунин бо яке аз ҳамкурсҳои Ҷавҳар Сарнаев сӯҳбат кардааст ва ӯ Ҷавҳарро “як писари маъмулии омрикоӣ” хондааст.
