Мазнуни дуюми бумбгузории Бустун дастгир шуд

Пулиси Омрико мегӯяд, ки Ҷавҳар Сарнаев, мазнуни дуюми бумбгузории Бустун дастгир шудааст.
Маъмурони амниятӣ асри ҷумъа ба вақти маҳаллӣ хонаеро дар шаҳри Вотертауни иёлати Мосочуст муҳосира карданд, ки мазнуни дуюм дар қоиқе дар ҳавлии ин хона паноҳ гирифта буд.
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ҷумъа шаб ба вақти маҳаллӣ дар суханронӣ дар Кохи Сафед аз талошҳои нерӯҳои амниятӣ бароидастгирии мазнун ташаккур кард.
Вай гуфт таҳқиқот ҳамчунон дар ин замина идома хоҳад дошт.
Борок Убомо дар суханонаш таъкид кард, ки Омрико кишваре бо танаввуъи нажод аст ва гуфт набояд бо аҷала дар бораи миллиятҳои мухталиф тасмимгирӣ кард.
Соъате пеш, қабл аз дастгирии мазнун садои тирандозӣ ва партоби норинҷакҳои садодор дар маҳал шунида шуда буданд.
Гузоришҳои аввалия ҳокист, ки мазнун захмӣ шуда ва бо омбулонс ба бемористон мунтақил шудааст.
Пулиси Бустун дар пайи дастгирии Сарнаев дар ҳисоби корбарии Твитер навишт, ки “Адолат пирӯз шудааст”.
Пулиси федерол (FBI) ҳидояти амалиётро бар ӯҳда дошт.
Аз замони интишори хабари дастгирии мазнун аҳолии Бустун ба ҷашну шодӣ пардохтанд.
Ҷавҳар Сарнаев, ки 19 сол дорад тайи шаби гузашта ба вақти маҳаллӣ бо пулис даргир шуда буд, аммо тавонист аз маҳал ҷарор кунад. Бародараш Темурланг Сарнаеви 26 сола дар он даргирӣ кушта шуд.
Дар он воқеъа як пулис кушта ва теъдоде захмӣ шуданд.
Пулис мегӯяд ин ду бародар асолатан аҳли Чечен ҳастанд, масъули бумбгузорӣ дар моротун ҳастанд.
Тайи соъоте, ки мамнуъияти тараддуд дар шаҳри Вотертаун ва атрофи он барқарор буд, нерӯҳои амниятӣ ба хонаҳо дар 20 куча сар заданд ва онҳоро ҷустуҷӯ кардаанд.
Вокуниши хонавода
Теъдоде аз аъзои хонаводаи ин ду бародар дар мусоҳибаҳои ҷудогона эълом кардаанд, ки онҳо бегуноҳ ҳастанд.
Онҳо мегӯянд пулиси Омрико талош дорад ин ҳамларо ба онҳо нисбат диҳад.
Анзур Сарнаев, падари ду мазнун, ки дар Русия ба сар мебарад гуфт писараш наметавониста даст ба куштор бизанад.
Вай писараш Темурлангро “як фариштаи воқеъӣ” тавсиф кард.
Амма ва модари ин ду бародар низ ақида доранд, ки иттиҳоми пулиси Омрико бепояву асос аст.
Амуи онҳо пештар аз Ҷавҳар Сарнаев, ки ҳамчунон фарорӣ буд хост ки худро ба пулис таслим карда ва аз аъзои хонаводаҳои бозмондагон тақозои афв кунад.
Ӯ гуфт ин ду бародар бо аъмоли худ ба ваҷҳаи чеченҳо латма задаанд.
