Барои мазнунони бумбгузории Бустун қабр пайдо намешавад
Як мудири маросими тадфин, ки ҷанозаи Темурланг Сарнаев ба ӯ супорида шуда, мегӯяд ҷое барои тадфини ӯ пайдо намекунад ва қабристонҳои Мосочусет ҷанозаи ин мазнун ба бумбгузориро қабул намекунанд.
Дар ҳамин ҳол гузориш шудааст афроде, ки мухолифи тадфини Темурланг ҳастанд, дар маҳалле, ки ҷасади ӯ нигаҳдорӣ мешавад, таҷаммуъ кардаанд.
Темурланг Сарнаев, 26-сола, чанд рӯз пас аз воқеъаи бумбгузорӣ дар моротуни Бустун дар даргирӣ бо пулис кушта шуд.
Ин бумбгузорӣ дар 15 апрел дар масири моротуни маъруфи Бустун боъис шуд се нафар кушта ва беш аз 260 нафар маҷрӯҳ шаванд.
Питер Истефон, мудири маросими тадфин, ки хонаводаи Сарнаев аз ӯ хостаанд ҷасади Темурлангро ба хок биспорад, гуфтааст, ки ҳатто Лӣ Ҳорвӣ Озволд ва Тимутей Маквей, ки чеҳраҳои манфуре дар Омрико ҳастанд ҳам саранҷом дафн шуданд.
Лӣ Ҳорвӣй Озволд касе аст, ки бар асоси таҳқиқоти мухталифи давлатӣ дар Омрико масъули терури Ҷон Кеннедӣ, раиси ҷурмҳури вақти Иёлоти Муттаҳида дар соли 1963, шинохта шудааст.
