Хоксупории Сарнаев: Мусалмонони Верҷиниё дар ташвишанд

Пас аз он ки хабари ба сурати махфӣ супурда шудани ҷанозаи Темурланг Сарнаев ба хок дар як қабристони кучаки иёлати Верҷиниёи Омрико мунташир шуд, мусалмонони ин иёлат дар ташвиш уфтоданд.
Темурланг Сарнаеви 26-сола яке аз мазнунони бумбгузории Бустун буд, ки дар ҷараёни даргирӣ бо пулис кушта шуда буд. Бародари хурди ӯ Ҷавҳар Сарнаев боздошт шуда ва дар истифодаи аслиҳаи куштори ҷамъӣ муттаҳам аст.
Имоми маркази исломии Верҷиниё гуфтааст, вай аз он нороҳат будааст, ки афроди дигар низ, ки пайвандонашон дар ин қабристон дафн шудаанд, водор хоҳанд буд, ба ҳамин қабристон оянд.
Мақомот аз он дар ташвишанд, ки қабри Сарнаев метавонад маҳалли гирдиҳамоиҳои афроди зиддиомрикоӣ шавад.
Пас аз он, ки чандин иёлат иҷозаи дафни Темурланг Сарнаевро дар хоки худ надоданд, хоксупории ӯ дар қабристоне дар наздикии шаҳри Ричмунди Верҷиниё ба сурати комилан махфӣ анҷом шуд.
Ҳафтаи гузашта дар рӯбарӯи сохтмони идораи марбут ба маросими тадфини Вустери Мосочуст, ки ҷанозаи Темурланг Сарнаев дар онҷо буд, даҳҳо муътаризон гирдиҳамоӣ карда буданд.
Пештар эълом шуда буд, ки Кэтрин Рассел, ҳамсари Темурланг нахостааст, ки ин идора ҷанозаи шавҳарашро ба ӯ таҳвил бидиҳад ва иҷоза додааст, ки пайвандони Темурланг хоксупории ӯро бар ӯҳда бигиранд.
Охири ҳафтаи гузашта Руслан Сорнӣ, амуи Темурланг Сарнаев аз иёлати Мериланд бо се дусташ ба Масачуст омад, то расми хоксупории писарбародарашро табқи суннатҳои мусалмонӣ анҷом бидиҳад.
Ӯ ба хабарнигорон гуфт: “Ман машғули омодагӣ ба хоксупорӣ ҳастам. Кушташуда бояд ба хок супурда шавад.”
