ҲНИТ натоиҷи аввалияи интихоботро намепазирад

  • 4 Март, 2015
Раъйдиҳи дар Душанбе Image copyrightBBC World Service
Image caption Шӯрои сиёсии ҲНИТ эълом кард, ки натиҷаи муқаддамотии интихоботи порлумониро эътироф намекунад

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) эълом карда, ки натиҷаи муқаддамотии интихоботи порлумонии рӯзи якуми март дар ин кишварро намепазирад.

Аъзои ин шӯро бо пахши баёнияе аз ончи тақаллуб дар шумориши оро дар интихобот хондаанд, шадидан интиқод карда ва натоиҷи эъломшударо зарбае бузург бар арзишҳои мардумсолорӣ ва сабот дар ҷомеъаи Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.

Дар ин баёния, ки рӯзи чаҳоршанбеи 4 март пахш шуд, раҳбарони ҲНИТ аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки доираҳое, ки имкони тақаллуб дар интихоботро фароҳам сохтанд, бо ин иқдом роҳ барои гароиши бештари ҷавонон ба ифроту тундравиро боз мекунанд.

Ҳамчунин, дар баёния омадааст: "Масъулияти ноумедии бештари ҷавонон аз мардумсолорӣ, волоияти қонун ва адолати сиёсиву иҷтимоъӣ ва гароиши эҳтимолии онҳо ба самти тундравӣ бар дӯши доираҳое мебошад, ки интихоботро бо чунин шакл баргузор карданд."

Дар ин баёния аз давлат барои истифода аз рӯҳониёну мазҳабиён барои таблиғи аҳдофи як ҳизби сиёсӣ интиқод шудааст. Фаъъолони ҲНИТ ин амрро "поймол кардани мароми Қонуни асосӣ, яъне асли ҷудоии мазҳаб аз сиёсат дар Тоҷикистон" унвон кардаанд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамчунин бо ёдоварӣ аз таъқибу фишори аъзои ин ҳизб дар чанд соли ахир аз давлати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки ба ин аъмол хотима диҳад ва фазои сиёсии номусоъидро ба вазъи мусолиматомез ва ваҳдати миллӣ бозгардонанд.

Пахши баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи 2 март Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ), дар нишасте хабарӣ натоиҷи муқаддамотии интихоботи Маҷлиси намояндагонро эълом кард.

Тибқи ин хабар ҳизби ҳокими Халқи демукроти Тоҷикистон бо касби 65,2 дарсади оро барандаи интихобот эълом шуд. Ҳизби кишоварзӣ бо ба даст овардани панҷ курсии порлумон имкони ташкили фроксиюни худ дар порлумонро пайдо кардааст. Се нафар ҳам аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ вориди порлумон шудаанд.

Аз аҳзоби демукрот ва сусёлист низ якнафарӣ баранда эълом шуданд. Аммо аҳзоби наҳзати исломӣ бо касби 1,5 дарсад (58 ҳазору 27 раъй), кумунист бо касби 2,3 дарсад (87 ҳазору 12 раъй) ва сусиёл-демукрот бо касби 0,5 дарсад (18 ҳазор раъй)-и оро ба порлумон роҳ наёфтанд.

Ин се ҳизб натавонистаанд номзадҳои худро вориди порлумон кунанд. Тибқи қонун аҳзоб танҳо бо ба даст овардани панҷ дарсади оро метавонанд курсии порлумонро ба даст оваранд.

Масъулони ин кумисиюн баргузории интихоботро шаффоф ва демукротик хонданд, аммо баъд аз як рӯз нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар нишасте матбӯъотӣ интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистонро "ношаффоф ва ғайриозод" унвон карданд.

Раиси ҳайъати нозирони ин созмон раъй додани як нафар ба ҷои аъзои хонавода ва раъйдиҳии такрориро аз ҷумлаи мавориди нақзи қонуни интихобот дар Тоҷикистон хондааст.

Матолиби муртабит