Нозирони хориҷӣ интихоботи Тоҷикистонро "ношаффоф" хонданд

  • 2 Март, 2015
ИнтихоботImage copyrightBBC World Service
Image caption Нозирони САҲУ интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистонро "ношаффоф" хондаанд

Нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистонро "ношаффоф ва ғайриозод" унвон карданд.

Миклош Ҳарастӣ, раиси Ҳайати нозирони ин созмон, рӯзи душанбеи 2 март, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, нозирон чанд мавориди нақзи қонуни интихоботро сабт кардаанд.

Оқои Ҳарастӣ раъй додани як нафар барои аъзои хонавода ва раъйдиҳии такрориро аз ҷумлаи чунин маворид арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар кумисиюнҳои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ кормандони ниҳодҳои давлатӣ шомил буданд ва дар шумориши оро ширкат доштанд, мумкин аст ин амр ҳисоби мунсифонаи оро таъсиргузор бошад.

Раҳбари Ҳайъати нозирони САҲУ аз нақши расонаҳои давлатӣ дар бадномсозии Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси аз омилони ҷанги дохилӣ инт иқод карда ва гуфт, чунин иқдом ба қавонини интихобот муғойират доштааст.

Ин дар ҳолест, ки нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Ҳамсуд интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистонро "ҷавобгӯи қавонини Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ" хондаанд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарони аҳзоби мухолиф аз натоиҷи интихоботи порлумонӣ ибрози норизоиятӣ карда ва ин интихоботро "ғайришаффоф" арзёбӣ кардаанд.

Аз ҷумла, Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, билофосила пас аз эъломи натоиҷи интихоботи порлумонӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "ин интихобот нест, он як фарс, як таъйинот аст, бо супориши зимомдорон анҷом ёфтааст".

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон касби 0,5 дарсади орои ин ҳизб дар интихоботро шикастани раъйи мардум, латмаи ҷиддӣ ба мардумсолорӣ дар ин кишвар хонд.

Бо ин вуҷуд, оқои Зойиров гуфт, ки аз мавроиди нақзи Қонуни интихобот дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба додгоҳ шикоят нахоҳад бурд, зеро "ин кори бефоида аст".

Ин дар ҳолест, Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демукроти Тоҷикистон натоиҷи муқаддамотии интихоботи порлумониро шаффоф арзёбӣ карда ва гуфт, касби 1,7 дарсади оро нишонаи доштани тарафдорони қобили мулоҳизаи ҳизб дар ҷомеъаи Тоҷикистон аст.

Бино ба иттилоъи манобеъи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ин ҳизб аз натоиҷи интихоботи порлумонӣ розӣ набуда ва ин масъала дар ҷаласаи сиёсии ҲНИТ баррасӣ ва арзёбӣ хоҳад шуд.

То ин соъат ҷаласаи шӯро, ки пуштҳои дарҳои баста анҷом мешавад, поён наёфта, арзёбии Ҳизби наҳзат аз натоиҷи интихобот ва тасмими баъдии ин ҳизб эълом нашудааст.

Матолиби муртабит