Ғаффоров: 'Бедории сиёсии мардум рӯзбарӯз бештар мешавад'
Image copyrightBBC World ServiceРаҳбари ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон мегӯяд, ки раванди мушорикати номзадҳои ин ҳизб дар муборизоти интихоботӣ бидуни ҳеҷ монеъе идома дорад.
Ин ҳизб дар интихоботи порлумонии аввали март бо шаш номзад аз феҳристи ҳизбӣ ва се номзад аз ҳавзаҳои инфиродии Панҷакент ва Айнӣ ширкат мекунад. Се нафар аз миёни ин номзадҳо зан ҳастанд.
Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ба расмият шинохташудаи ҳизб, мегӯяд, ки мулоқоти номзадҳои ин ҳизб бо мардум аз дохили васоили мусофирбарӣ оғоз меёбад, зеро мардум дар васоили мусофирбарӣ бидуни фишор аз мушкилоти худ суҳбат мекунанд.
Дар мусоҳибае, ки ҳамкорамон Заринаи Хушвақт бо оқои Ғаффоров анҷом дода, нахуст аз ӯ дар бораи равандаи ширкати ин ҳизб дар муборизоти интихоботӣ пурсидааст:
Абдуҳалим Ғаффоров: Номзадҳои ҳизби мо дар бештари маврид барои мулоқот бо мардум бо васоили мусофирбарии одӣ мераванд ва баъзан дар ҷараёни сафар бо мардум дар мавриди ниёзмандиҳои онҳо ва интизороташон аз намояндагон дар порлумон суҳбат мекунанд. Мардуми одӣ бештари вақт дар дохили васоили мусофирбарӣ аз мушкилоти зиндагии худ мегӯянд.
Ман дар ҷараёни сафарам дарк кардам, ки аксари мардум нисбат ба интихоботи порлумонӣ бетафовут нестанд ва бедории сиёсии мардум рӯз то рӯз бештар мешавад. Мардум ҳис карданд, ки интихобот бояд шаффоф ва демукротик баргузор шавад. Мардум ба интихоботи имсол назари нек низ дорад.
Наздик будан бо мардум ва фаъъолият бо онҳо яке аз бахшҳои аслии барномаи мо аст. Имсол барои мардум соли тақдирсоз аст ва зиндагии ояндаи ҷомеъаи мо аз ҳар як фард дар Тоҷикистон вобаста аст. Замоне ки ба порлумон афроди баруманд ворид шаванд, онҳо метавонанд дарду ормонҳои мардумро баррасӣ карда ва барои беҳтар қабул кардани қонунҳои зарурӣ талош меварзанд.
Намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ аз эҷоди мавонеъ дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ ва мулоқотҳои худ бо мардум аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ ва ё кормандони интизомӣ шикоят мекунанд. Оё номзадҳои ҳизби шумо ҳам бо чунин мушкилоте рӯбарӯ шудаанд ё хайр?
Дар беш аз 20 мулоқоте, ки мо доир кардем, хушбахтона, барои мо ҳеҷ гуна мавонеъ эҷод нашудааст. Ростӣ, дар ҷараёни мулоқотҳо мо дарк кардем, ки алоқамандии мардум ба интихобот дар манотиқи рустоӣ бешар аз шаҳрҳо будааст.
Дар ҷараёни суҳбатҳо мардум алоқаманди он буданд, ки дарду мушкилотеро, ки онҳо доранд, ба порлумон ва давлат расонда шавад. Яке аз душвориҳое, ки бештари мардум ба он таъкид карданд, ин буд, ки дар даҳсолаи ахир ҳеҷ нафар аз намояндагони порлумон, ки мардум ба онҳо раъй додаанд, боре ҳам ба назди мардум нарафтаанд. Ҳарчанд намояндагони порлумон ҳар замоне вақти муъайяне барои мулоқот бо мардумро доранд.
Дар навоҳии Айнӣ ва Панҷакент мардум бештар ба ин нукта таъкид карданд ва гуфтанд, ки ҳамон афроде бояд вориди порлумон шаванд, ки бамавқеъ аз дарду мушкилоти мардум бохабар шаванд ва барои аз миён бурдани он кӯшиш кунанд. Мо агар ба порлумон ворид шавем, манфиъати як маҳаллро не, балки аз манфиъати тамоми мардуми Тоҷикистон ҳимоят хоҳем кард.
Бо вуҷуди ширкати намояндагони ҳизби шумо дар интихоботи қаблӣ, шумо натавонистед ҳеҷ яке аз номзадҳоро вориди маҷлис кунед. Лутфан бигӯед, ки чи авомиле дар ин замина вуҷуд дошт, ки аз ворид шудани номзадҳои ҳизби шумо ба порлумон монеъ шуд?
Мушкили аслӣ он аст, ки мо он замон намедонистем, ки манобеъи асосие, ки аз ҳизби мо ҷонибдорӣ мекунанд ва ба барномаҳои мо алоқаманд ҳастанд, дар куҷо буданд. Вале ҳоло дарк кардем, ин манобеъ, ки мо бояд ба онҳо такя кунем, аз ҷумлаи сокинони вилояти Суғд, мардуми шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он ҳастанд.
Чунки шумори аъзои ҳизби мо барои мисол дар навоҳии Тавилдара ё вилояти Бадахшони Тоҷикистон андак аст. Аз ин рӯ, имсол мо кӯшиш кардем, ки бештар барномаҳои худро дар ҳамин минтақаҳо ташвиқ кунем. Ҳамчунин, мо бо таваҷҷуҳ ба мардуми ширкаткунанда дар толор барномаи худро муъаррифӣ кардем.
Барои мисол, агар дар толор шумори ҷавонон зиёд бошанд, мо аз барномаҳо барои ин қишри ҷомеъа суханронӣ мекунем ва ё агар шумораи занон ва духтарон бештар бошад, барномаҳоро барои онҳоро ташвиқ мекунем. Бавижа, масъалаи саломати модаронро дар барномаамон ҷо додаем. Зеро духтарон модарони оянда ҳастанд ва аз саломати хуби онҳо саломати ояндаи ҷомеъаи Тоҷикистон бастагӣ дорад.
Тавре ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ин солро соли хонавода эълом кардааст ва хонаводаи закӣ ва хирадманд танҳо дар асоси маънавиёти баланд барпо хоҳад шуд. Аз ин рӯ, мо ба порлумон пешниҳоди тасвиби қонуни маънавиётро кардем.
Ин масъала дар меҳвари барномаи интихоботии ҳизби Шумо дохил шудааст. Луфтан аз бахшҳои дигари барномаи худ ба мо бигӯед?
Тавре, ки дар паёми солонаи Президент Раҳмон омадааст, ки маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ дар сол 45 милёрд ва 500 милюн сомониро ташкил мекунад. Мо пешниҳод кардем, ки бояд як дарсади ин маҳсулот барои бунёди манозили иҷтимоъӣ (ройгон) масраф шавад.
Чиро? Зеро агар як дарсади онро, ки 450 милюн сомонӣ хоҳад буд, мо барои иҷрои ин иқдом равона кунем, мо метавонем ҷавонони соҳибистеъдод, кормандони будҷетӣ ва сокинони дигари ниёзмандро, ки дар навбати дарёфти манозил ҳастанд, барои онҳо манозили маскуниро тибқи навбат ва бепул (ройгон) таъмин кунем.
Агар ин пешниҳоди мо гузарад, солиёна давлат метавонад барои ҳудуди 11 ҳазор сокин дар сартосари Тоҷикистон манзилро таъмин кунад.
Масъалаи дувум ба ҷавонони соҳибистеъдод дахл дорад, ки аз манзили маскунӣ маҳрум ҳастанд. Мо пешниҳод мекунем, ки барои ин қишри ҷомеъа давлат субсид (ёрона) ва ё ипотека (воми маскан) бидиҳад, то онҳо тавонанд манзилро дарёфт ва бо мурури замон пули онро пардохт кунанд.
Яке аз бахшҳои дигари барномаи мо пардохти нафақаи иҷтимоъӣ аст. Ҳамчунин, соҳибкорони хусусӣ ва муҳоҷирон низ бо нафақа (маъоши бознишастагӣ) таъмин шаванд ва миқдори ин маъош бояд то андозае бошад, ки фард тавонад дар солмандӣ бо он зиндагӣ кунад.
Бахши тандурустӣ низ дар барномаи мо ҷо ёфтааст ва ройгон кардани хадамоти тиббӣ барои мардум дар меҳвари барнома қарор дорад. Аммо дар канори он бояд муассисоти тандурустии пулакӣ барои мардуми доро фаъъол шаванд.
Яке дигар аз масоили доғи ҷомеъаи имрӯзӣ фасоди молӣ ва аз миён бурдани он низ дар барномаи ҳизби мо ҷо гирфтааст. Ба ин мушкил дар мулоқоти оқои Раҳмон бо кормандони амниятии Тоҷикистон низ таъкид шуд ва мо низ бо фасод, ки дар ин кишвар решаҳои амниқе дорад, мубориза хоҳем кард.
Аммо иддае аз коршиносони сиёсӣ мегӯянд ширкати ҳизби шумо дар интихоботи порлумонӣ танҳо барои намоиши демукросӣ будани раванди интихобот аст. Яъне ба ҷуз аз се ҳизби умдаи мухолифи давлат ҳизби шуморо дар канори бархе дигар аз аҳзоби сиёсии ба истилоҳ “кисагӣ” медонанд. Шумо дар ин маврид чи ақида доред?
Ман розӣ шуда наметавонам. Бисёре аз шахсиятҳое дар ҷумҳурӣ ҳастанд, ки мутаассифона қимати шахсии худро намедонанд ва ҳам қимати сиёсии аҳзоби дигарро низ дарк намекунанд. Аз ноуҳдабароӣ мегӯянд, ки ҳизби мо кисагӣ аст.
Чунки бузургонро танҳо бузургон баҳо дода (арзёбӣ карда) метавонанд. Агар мо ҳизби кисагӣ мебудем, ба мо имкони ширкат дар чандин ҷаласоти порлумонро намедоданд. Вале азбаски мо оппозитсияи конструктивӣ (мухолифони созанда) ҳастем ва мақсади асосии мо аз он иборат аст, на ин ки бо шеваи дуғу пуписа ва бад кардани аҳзоби дигар, балки ба таври порлумонӣ вориди сиёсат шавем.
Мо як бор шоҳиди он шуда будем, ки ташвиқи нодуруст то ба чи расонида буд. Аммо дар чандин соли ахир ман шоҳиди он нашуда будам, ки раҳбари ягон ҳизби сиёсӣ, ба ҷуз аз ҳизби мо, матолиби интиқодӣ дар расонаҳо ба чоп расонда бошанд. Ман дар ин муддат ҳудуди 120 матлаб дар мавзӯъоти мухталиф, аз ҷумла мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ, навиштам ва китоберо низ чоп кардам.
Аммо аҳзоби дигар, ба ҷуз аз Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо дар мубоҳисот ширкат мекунанд ва ё дар мавриди ҳизбашон иттилоъот медиҳанд.
Шумо танҳо Ҳизби сусиёлистӣ дар Тоҷикистон ҳастед ё ҷиноҳи дигаре бо номи ҳизби сусиёлистар ин кишвар фаъъол ҳаст?
Ҷиноҳ набуд, нест ва нахоҳад буд. Мо танҳо ҳизби расмии сабтшудаи сусиёлистӣ ҳастем.
Шумори расмии аъзои ҳазби шумо ҳоло ба чанд расидааст?
Ҳизби мо 21 ҳазору 634 нафар узв дорад, ки 33 дар сади онҳоро занон ва духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, беш аз 44 дарсади аъзои ҳизби моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва беш аз 10 ҳазор нафар аз узви ҳизби мо даро вилояти Суғд ҳастанд.
Оқои Ғаффоров, умеди Шумо аз интихоботи моҳи март чи хоҳад буд? Оё Шумо метавонед ҳадди ақал чанд нафар аз аъзои ҳизбро вориди порлумон кунед?
Ман ба ин боварӣ дорам ва умедам ҳаст, ки имсол мо ба порлумони Тоҷикистон ворид хоҳем шуд.
Бисёре аз намояндагони аҳзоби мухолиф дар интихоботи гузашта аз тақаллуб дар шумориши оро шикоят мекарданд. Бовар доред, ки интихобот ва шумориши оро дар Тоҷикистон имсол шаффоф мегузарад?
Ростӣ дар мулоқотҳое, ки имсол баргузор гардид, ман шоҳиди он нашудам, ки касе ба мо халал расонда бошад. Вале дар кишвари мо, баъзан салла гӯӣ, калларо гирифта меоранд. Баъзе аз афроде ҳастанд, хидмати хола хирсона мекунанд.
Шумо масъулони ҳавзаҳо ва марокиизи раъйдиҳиро дар назар доред?
Бале! Мумкин ки баъзеҳо аз онҳо ҳамин корро мекунанд, яъне ба манфиъати аҳзоб ё ҳизби ҳоким, ё ҳизби наҳзат ва ҳизби мо тақаллуб карданашон мумкин аст.
Вале ман фикр мекунам, ки ҳар як масъули ҳавзаи интихоботӣ бояд андеша ва дарк кунад, ки аъзои ҳар яке аз аҳзоби сиёсӣ фарзанди кишвари Тоҷикистон ва миллати он ҳастанд.
Ҳар раъйдиҳандае, ки раъйи худро дар интихобот медиҳад, сарнавишти як миллатро ҳал мекунад ва агар масъуле тақаллубкорӣ кунад, ин кораш ба суди миллат ва давлат нест, балки ба зарари миллат ва давлат аст.
Сипос барои суҳбат.
