Саидҷаъфар Исмонов: 'Бадтарин давлат беҳ аз бедавлатист'
Image copyrightBBC World ServiceҲизби демукроти Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҳизб, Маҳмудҷон Холов, муъовини ӯ, Таваралӣ Зиёзода, муъовини аввали раҳбари ҳизб ва Аҳмадшоҳи Комилзода, узви шӯрои сиёсии ҳизбро барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ номзад кардаст.
Шамсияи Қосим дар бораи афкор ва эътиқодоте, ки ин ҳизб бо онҳо вориди муборизоти интихоботӣ мешавад, бо Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҳизби демукрот, мусоҳибае анҷом додааст:
Аз интихобот чӣ интизор доред?
То имрӯз ҳизби демукрот мушкилоти зиёдеро пушти сар кард, бавижа бо ҷиноҳбозиҳое, ки ба вуҷуд омад. Тақрибан тайи ду соли ахир мо ҳизбро аз нав эҳё карда истодаем. Нуфузу таҷрубае, ки дигар аҳзоб доранд, мо аз онҳо кам нестем, вале аз лиҳози таҷруба рақибон беҳтар ҳастанд. Онҳо мунтазам оромона дар интихоботҳои қаблӣ ширкат карданд. Ҳар кас бояд ба рақибонаш дуруст баҳо дода тавонад.
Ҳоло теъдоди тарафдорони мо ҳудуди панҷ ҳазор нафар аст. Ҳизби халқи демукрот манобеъи идорӣ зиёд дорад, нуфуз дорад, ё ҳизби наҳзати исломӣ тарафдор зиёд дорад. Қисса кӯтоҳ, мо инҳоро дида, фақат чаҳор номзад гузоштем.
Аммо ҳамон ҳизби наҳзати исломӣ, ки мегӯяд тарафдори бамаротиб бештар аз шумо доранд, ҳеҷ гоҳ бештар аз чаҳор курсӣ нагирифтааст. Пас чаҳор номзад барои ҳизби Шумо зиёд нест?
Мо як бартарӣ дорем. Дар вақти гузариш ба арзишҳои демукротик ҳизби демукрот яке аз ҳизбҳои аввалин буд. Яъне мо собиқаи тӯлонӣ дорем. Имрӯз дудилагӣ ва рашку ҳасудии мардум нисбат ба ҳизби мо гум шуд ва пас аз интихоботи риёсати ҷумҳурӣ мо ҳоло 18 ҳазор ариза дорем барои пайвастан ба ҳизби мо. Яъне мизони маҳбубият ва тарафдор бештар мешавад. Мо бо нерӯи нав вориди интихобот мешавем.
Як сол қабл, Шумо дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ фақат як дарсади раъйи мардумро касб кардед. Пас аз интихобот ба Би-би-сӣ гуфтед, ки ҳизбатон барои интихоботи порлумонии 2015 омодагии ҷиддӣ хоҳад гирифт. Дар ин замина чӣ кор анҷом додед?
Мавқеъи ҳизби мо оппозитсияи (мухолифати) конструктивӣ (созанда) аст. Имрӯз қариб ҳамаи ҳизбҳои мухолиф фақат камбудӣ мекобанд ва фақат аз раисҷумҳур эрод мегиранд. Аммо кори мо ин аст, ки таҳлил кунем ва дар баробари ишора кардан ба камбудӣ пешниҳодҳои худро пешниҳод мекунем. Яъне як танқиди хушку холӣ намекунем.
Албатта, мушкилот ҳамеша вуҷуд дорад, аммо мо корҳоеро, ки давлат анҷом додааст, набояд нодида бигирем. Наметавонем бигӯем, ки ҳукумат ҳеҷ кор накард. Пешравиҳо ҳастанд, мо бояд инро ҳам бубинем.
Вақте мо аз мушкилот ҳарф мезанем, бояд тавре бигӯем, ки ҷомеъаро ноором накунем. Зеро бадтарин давлат аз бедавлатӣ хубтар аст. Мо дидем, ки дар давраи кӯтоҳ бархе давлатҳо қариб буд давлати худро аз даст бидиҳанд. Масалан, Укройн ахиран як қисми хокашро аз даст дод.
Пас ба гуфтаи Шумо интиқод ба бедавлатӣ мунҷар мешавад?
Ҷомеъаро бояд ноором накунем. Аҳзоби сиёсӣ бояд ҳар вақте интиқод мекунанд, аввал таҳлил дошта бошанд, номи одамонеро, ки дар ин мушкил гунаҳкоранд, бигӯянд, хоҳ вазир бошад, хоҳ сохтор бошад ё ягон раиси дигар...Ном бигиранд! Кӣ аст он гунаҳкор, аммо онҳо ҳамеша мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон, ҳукумати Тоҷикистон! О, ҳамон ҳукумат як Эмомалӣ Раҳмон нест-ку! Бояд ном бигиранд.
Хуб, гоҳе ном зарурӣ нест. Фарзи мисол, агар мушкили барқ бошад, маълум аст, ки ишора ба ширкати "Барқи тоҷик" аст, ё мушкили интернет бошад, посухгӯ бояд Идораи иртиботот бошад... Аммо гуфтед, ки Шумо мушкилотро ҳамроҳ бо роҳи ҳаллаш матраҳ мекунед. Ҳизби демукрот дар бораи кадом мушкилоти мардум садо баланд кард?
Мо барои давлати Тоҷикистон барномаҳои иқтисодӣ пешниҳод кардаем, ки чанд масъаларо ҳал мекунад ва чун иқтисод бе барқ намешавад, пешниҳод кардем, ки бештар нерӯгоҳҳои кӯчак бунёд шавад, ҳукумат бояд ба корхонаҳо дотатсия (ёрона) бидиҳад ва бахши эенржиро аз инҳисори давлат баровардан лозим аст.
Мо рӯду обҳои зиёд дорем. Инҳоро аз молиёт озод кардан лозим. Тавлидот ва иқтисод пешрафт кунад, масъалаи муҳоҷират низ аз ҳамин роҳ аз байн меравад. Имрӯз даромади хазинаи давлат аз молиёт бар воридот мебошад, ки ҳудуди 60 дарсад аст. Ин хеле зиёд аст, бояд аз 10% зиёдтар набошад. Бояд қисме аз даромади молиёт бояд аз молҳои дарун бошад. Яъне агар нерӯгоҳҳои хурд бештар шавад, он вақт мо метавонем заводу фабрикаҳо (корхонаҳо) дошта бошем.
Барномаҳоятонро ба кӣ пешниҳод кардед? Оё пешниҳоди шумо қабул шуд?
Ба давлат. Албатта, таҳти омӯзиш аст.
Шумо худро мухолифони созанда меномед, аммо аҳзоби мухолиф дар мо пайваста аз нақзи ҳуқуқашон ва эҷоди мавонеъ дар фаъъолиятҳояшон шиква мекунанд. Ҳизби шумо зоҳиран ҳеҷ мушкиле надорад. Чиро? Бархеҳо муътақиданд, ки ҳизби шумо як ҳизби наздик ба давлат аст...
Бале, ман фаҳмидам. Бархеҳо "ҳизби кисагӣ" мегӯянд. Ин таҳқир аст! Ҳизби ислоҳоти иқтисодиро бигирем, ё ҳизби кишоварзиро - аввал дидан лозим аст, ки онҷо киҳо нишастаанд. Тарафдоронашон киҳо ҳастанд?.. Ё ҳизби моро бигиред, чи хел киссагӣ шуда метавонем мо?
Мо собиқадороне дорем, ки аз аввали замони фурӯпошии Шӯравӣ ҳарфҳояшонро мегуфтанд. Инҳо чи хел имруз кисагӣ шудаанду навомадаҳо опозитсия (мухолиф) шудаанд? Дувум, кисагӣ, яъне чӣ? Магар мо аз касе маблағ гирифтем? Ё мо бо идеҳои онҳо кор мекунем?
Бибинед, мо кушоду равшан мегӯем - дӯстон, Тоҷикистон дар давраи гузариш ба арзишҳои демукротик қарор дорад. Инро 50-100 сол сохтан лозим аст. Мо тамоми қонуну санадҳоро дар сатҳи арзишҳои демукротик сохтем, аммо мардум барои демукротик фикр кардану демукротик рафтор кардан ба вақти бештар ниёз дорад.
Мардуми мо аз бисёр чиз норозӣ аст, аммо бибинед, ки назди чароғак 15 сония тоқат кардан намехоҳанд. Мехоҳад дар ҷомеъаи демукротик зиндагӣ кунад, аммо худаш одитарин чизро риъоят кардан намехоҳад! Ин давраи гузариш аст, давраи гузариш бе шикасту рехт ва бе камбудӣ намешавад.
Ё дар бораи муносибот бо кишварҳои абарқудрат бигӯем, мо муносибатҳои диплумотик дорем бо онҳо. Ин як амри одӣ аст. Дунё агар бе назорати давлатҳои абарқудрат бимонад, давлатҳои хурд якдигара забту талаву тороҷ мекунанд! Вагарна Толибон кайҳо Осиёи Миёнаро мегирифтанд, артиши на Тоҷикистон, на Қирғизистону Узбакистон пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонист! Ба ин хотир мо Русияро дорем, Омрикоро дорем. Бо онҳо ҳамкорӣ мекунем.
Пас посухи Шумо ба саволи ман ин аст, ки шумо ҳизби ба давлат наздик ҳастед, дуруст? Ҳеҷ мушкиле дар фаъъолият надоред ва анҷуманатон низ бо муваффақият ва бе мамонеъат баргузор шуд...
Бибинед, дар Тоҷикистон як чиз вуҷуд дорад. Касе ба касе намегӯяд, ки ба фалон ҳизб ҷой надиҳед. Соҳибкорон худашон иммунитет (масуният) доранд. Мебинанд, ки ҳизби сиёсӣ аст, мегуянд: “От греха подалше” (Сари бебало гардам). Ҳамон тарси соли 1990-95 то ҳоло дар хуни мардум боқӣ ҳаст.
Барномаи пеш аз интихоботи шумо ҳеҷ пешниҳоде, ки бо барномаи ҳизби ҳоким фарқ кунад, тақрибан надорад... Пас будани шумо дар порлумон ба мардум чӣ хоҳад дод?
Ҳамаи барномаҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба якдигар монанданд. Барои он ки ҳамаи онҳо пешрафти Тоҷикистонро мехоҳанд. Фақат шояд ҷумлабандиҳо фарқ мекунанд. Яъне мақсад ҳама як ҳаст.
Аммо мо гапи нав низ дорем. Тоҷикистон бояд бархе сохторҳоро монополия кунад (ба инҳисор дароварад) ё ин ки андозбандиро (молиётро) дар бархе ҷойҳо баланд кунад. Масалан, телефунҳои ҳамроҳ - ин соҳаи даромади осон, муътадил ва бо бисёр фоидаи баланд аст. Мо мехоҳем, ки давлат ҳамин соҳаро ба хотири истротежии амниятӣ ба инҳисори давлат дароварад.
Мо тоҷироне дорем, ки зану фарзандашон дар хориҷ аз кишваранд, худашон дар ним сол як бор меоянду тиҷорати калон мекунанд, аммо ба амнияти тиҷории Тоҷикистон бовар надоранд, барои ҳамин имрӯз пул кор мекунанду фардо фоидаи ин пул ба хориҷа меравад.
Агар фоидаи калон ба хориҷ аз кишвар равад, мо бо кӣ кор кунем, охир? Ҳамин ҳукумат барои он ҳам вуҷуд дорад, ки ин корҳоро танзим кунад. Аммо барои ин, давлат бояд пул дошта бошад. Андоз (молиёт) ҳам аз давраи подшоҳӣ барои ҳамин лозим буд.
Давлате ки хазинааш суст бошад, ҳукумат пулро барои артишу дигару дигар аз куҷо мегирад? Барои ҳамин, мо мегӯем, ки давлат набояд тиҷорати рақами якро ба чаҳор тоҷир бидиҳад, ки онҳо пулро ба хориҷ бибаранд. Яъне тиҷоратҳои рақами якро бояд давлат бигирад ва ниёзҳои хазинаашро таъмин кунад.
Хуб, чизе ки инҳисорӣ нашуда, ҳамон ширкатҳои телефуни ҳамроҳ ҳастанд, ки пешрафт ҳам кардаанд, дар ҳоле ки масалан аз инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба мардум ҳеҷ суде набуда?
Вақте хусусӣ шуданд, ҳамон фурӯдгоҳ, масалан, ҳеҷ фарқашро намебинам. Ҳамон фурӯдгоҳ хусусӣ шуду, магар гул-гул шукуфт? Масалан, хуроквориро бигирем. Хуроке ҳаст, ки истротежик аст барои Тоҷикистон. Масалан, шакар, ки мардум зиёд аз он истифода мекунанд, мо аз муттахассисон пурсидем, ҳафт намуд шакар мешудааст, чаҳор намудаш барои одамизод ва се намуди дигар барои тавлидот, барои заҳру дигару дигар. Ба мо намуди шакареро меоранд, ки барои инсонҳо нест.
Дар ҳолате, ки давлат инро назорат кунад, ҳеҷ гоҳ моли пастсифатро ба мардум намефурушанд, чун масъулият дорад. Орду намаку шакару равғану доруҳо, бензин, инҳо бояд таҳти назорати давлат бошанд. Агар қимати ҳамин маводди аввалия гарон нашавад, мардум безобита намешавад.
Аммо чун ин колоҳо дар дасти афроди алоҳида аст, дар вақти ид нархҳо боло меравад, ба хотири хурокаи пастсифат мардум ҳама беморанд. Намешавад ин хел. Аммо магар дар ин ҳам раисҷумҳур гунаҳкор? Не, раисҷумҳур нагуфтааст, ки равед дар оғилхона аз испирти этилӣ арақ тайёр кунед.
Дар мо фикр мекунанд, ки ҳатто аз роҳ гузаштанро бояд раисҷумҳур назорат кунад. Чи, раисҷумҳур омада, гӯяд, ки ҳоло 15 сония сабр кун, баъд гузар? Наход, роҳбари давлат раваду даруни маршрутка гӯяд, ҳой бача, нос туф накун!
Баъзе интизороти мардум аз раисҷумҳур ғайримантиқӣ аст. Ман медонам, ҳизби ҳоким рақиби мост, аммо рақибе, ки имконоти қавӣ дорад, қудрат дорад ва натиҷаи кор дорад, мардона баҳо додан лозим аст.
Пас, агар онҳо қавӣ ҳастанду натиҷаи корашон хуб аст, чӣ лозим аст шумо бо онҳо рақобат кунед ва дар интихобот ширкат кунед? Пас чиро аслан ҳизб ташкил додед, агар ҳизби ҳоким ин қадар хуб кор мекунад?
Ин тавр нест. Ҳамин давлат дар тӯли ҷанги шаҳрвандӣ давлат сохт. Саъдии Шерозӣ мегӯяд "Як-як ҳунар ҳам бин, Даҳ-даҳ гунаҳ ҳам бахш." Аммо ин маънои онро надорад, ки давлат имрӯз ҳама корро мекунад ва мо бояд дастамонро боло кунему бишинем, не. Сохторҳои дигари зертобеъи давлатӣ ҳастанд, ки корҳоеро ки ҳукумат мегӯяд, то ба охир анҷом намедиҳанд. Мо мехоҳем аз инҳо эрод бигирем.
Дар раванди гузариш ба арзишҳои демукротик ҳукумат бояд тартиби корро пайваста тағйир бидиҳад. Мо мехоҳем дар таҳияи қонунҳо дар порлумон саҳим бошем. Мо чаҳор нафареро, ки пешбарӣ кардем, барои порлумон афроди ботаҷруба ҳастанд ва метавонанд мардумро мутақоъид созанд.
Пас шумо намехоҳед ҷойгузини ҳизби ҳокими халқи демукрот шавед, балки фақат мехоҳед ба ин давлат кумак кунед, дуруст аст?
Бубинед, мо аз таҷруба дидем, ки митингҳо (тазоҳурот) хатарноканд. Одитарин мисол меорам. Вақте дар роҳ як сонеҳа мешавад, дар Инглистон шавад, ҳеҷ масъалае нест, аммо агар ин сонеҳа дар Тоҷикистон шавад, барои ду мошин камаш сад нафар тамошобин ҷамъ мешавад.
Тасаввур кунед, агар сад нафар барои тазоҳурот ҷамъ шавад, ҳазор нафари дигар тамошобин ҷамъ мешавад. Дар миёни ин ҳазор нафар камаш сад то дузду роҳзан бошад, кофӣ аст, ки вазъиятро ноором кунанд, чиро ки онҳо мехоҳанд бетартибӣ шавад. Дигар давлатҳо ҳам шояд дар ин манфиъати худро пайдо кунанд.
Пас ҳизби демукрот тарафдори он аст, ки ба роҳпаймоиҳо иҷоза дода нашавад?
Ман шахсан тарафдор нестам, ки митинг (тазоҳурот) шавад. Оромии Тоҷикистон барои ман, барои хонаводаи ман, барои фарзандони ман қиматбаҳо аст. Ман намехоҳам дар Тоҷикистон эксперимент (озмоиш) кунад. Худро фидоӣ ё пайғамбар тарошаду баъд Тоҷикистонро ҷазир кунад.
Масалан Бурӣ Каримов якумин одаме буд, ки ба (Қаҳҳор) Маҳкамов (раиси ҷумҳури вақт дар авоили даҳаи 1990) эътироз кард, баъд чӣ шуд? Рафт ба Маскав, мебахшед маро, Рӯдакӣ кард худашро, шеърнависӣ кард. Мебахшанд маро, Бурӣ Каримов олим аст, ходими хидматнишондода аст. Аммо бубинед, ки як амали ноҷои ин одам чӣ хел аз тарафи одамони ғараздор истифода шуд...
Як-ду пешниҳоди бетаҳлилро ба мардуми содалавҳ мегӯяд, онҳо бовар мекунанд. Аммо касе таҳлил намекунад, фикр намекунад, ки оё иҷрои ҳамин пешниҳод дарвоқеъ мумкин аст ё номумкин? Яъне дар гирди як гапи беҳуда мардум метавонад ҷамъ шавад ва ҷамъият ноором шавад.
Мо ҳамин ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро бо нохуну сӯзан ҷамъ карда овардем. Аммо хатари он вуҷуд дорад, ки ҳамин Тоҷикистонро низ мисли Криме дар Укройн муфт аз даст бидиҳем. Барои ҳамин пешниҳодҳое, ки мекунем ,бояд дар сатҳи илмӣ бошад.
Аз фаъъолияти порлумон то имрӯз қонеъ будед? Чун ҳамеша ин интиқодро мешунавем, ки ҳар барномаву тарҳу қонун, ки ҳукумат пешниҳод мекунад, бидуни шак тасвиб мекунад...
Дар порлумон одамоне ҳастанд, ки пештар дар ниҳодҳои давлатӣ кор кардаанд. Вақте онҳоро меоранд ба порлумон, баъзеҳошон фикр мекунанд, ки тамом, ман ба мақсадам расидам! Ақаллан аз номи деҳаи худашон ҳарф намезананд, чизеро, ки бо чашмони худ мебинанд.
Мутаасифона, дар порлумони мо як мушкили дигар ҳам ҳаст. Олим ё донишмандро меоранд, аммо вай фикрашро гуфта наметавонад, мутақоъид карда наметавонад мардумро. Дар ҳоле ки дар порлумон академик лозим нест. Бигузор академикҳо сари мизи худ мақолаҳои илмии худро нависанд, аммо дар порлумон бояд одамоне кор кунанд, ки наттоқ бошанд ва мардумро мутақоъид карда тавонанд.
Дар барномаи пеш аз интихоботи шумо мавзӯъи муҳоҷирати корӣ зиёд ба чашм намехурад...Чиро?
Мо барои он аз муҳоҷират зиёд нагуфтем, ки мақсади барномаи мо боло бурдани иқтидори иқтисодии Тоҷикистон аст, ки бо роҳандозии ин барнома ҷойҳои кор пайдо мешавад ва масъалаи муҳоҷират ҳал мешавад. Яъне ҳалли ин масъала ҷойи корӣ аст. Барои ҷойи кор заводу фабрика (корхонаҳо) даркор, барои заводу фабрика барқ лозим аст. Мо барномаи барқро ба ҳукумат додем.
Аммо як чизи дигар.. Ман намехоҳам аз ҳукумат ҳимоят кунам ё аз мардум, бояд ҳақро бигӯем. Масалан, дар бозори мардикорӣ меравӣ, ба ӯ мегӯӣ, ки ман дар як моҳ ба ту 1000 сомонӣ медиҳам, ҷойи хоб ва хурок медиҳам. Мегӯяд, не, кам аст. Охир дар Русия дар зери таъна кор мекунанд, пули коркардаашонро ба хуроку иҷораи хонаашон медиҳанд, фақат ҳамон 200 дулор ба хона мефиристанд. Чаро ҳамин ҷо ҳамон дусад дулорро намегирад? Мегӯяд, ки ман дар панҷ рӯз меёбам ин қадар пулро!
Худаш моҳи дароз семичка (тухми гули офтобгардон) хӯрда, дар ҳамон мардикорбозор мешинад, хешу таборашро дар Душанбе безор карда. Ё масалан, як тоҷири афғонро бигирем, ҳазорҳо тун мол мебиёрад, дар болояш 10 дирам мемонад, дар даҳ рӯз бораш ба фурӯш меравад. Тоҷикони мо дар болояш ду сомонӣ мемонанд, бор ба фурӯш намеравад, бор мепусад, аммо як тин кам намекунад. Яъне маданияти кору тиҷоратро мо намедонем.
Пеш бурдани ҷомеъа фақат ба ҳукумат вобаста нест, ба ҳама вобаста аст. Ё шикоят мекунанд, ки моҳона паст аст. Масалан, омӯзгор мегӯяд маъош паст аст, аммо ҳар рӯз шикояткунон меравад кор. Охир агар рӯзат нагузарад, маъош паст бошад, чиро меравӣ кор? Нарав! Ку дар як мактаб муъаллимон корпартоӣ (эътисоб) кунанд, нараванд кор, бубинем, мебардоранд маъошро? Албатта, мебардоранд. Аммо агар бо ҳамин маъош ба кор меравӣ, пас розӣ ҳастӣ! Он эрод дигар чӣ маънӣ дорад?
Бо тағйири қонуни интихобот акнун дар Русия фақат се ҳавзаи раъйгирӣ хоҳад буд, дар ҳоле ки барои ҳудуди як милюн муҳоҷири корӣ дар онҷо ин кам аст... Шумо чӣ фикр доред?
Мо таҳлил кардем, ки аз Исловёнску Дунетску Луҳонск ин қадар мардуми укройнӣ ба Русия омадаанд, ки на барои тоҷик, на барои қирғиз дигар кор нест дар он ҷо. Дар ин сардӣ ва бекорӣ агар ягон дузду роҳзан набошад, дигар ҳамааш шимол меравад. Лекин кадом тоҷикистонӣ дар сардии 40 дараҷа кор мекунад? Ҳамааш гашта меоянд ба Тоҷикистон, ё ба ягон ҷойи дигар меравад.
Аз сӯйи дигар, кадом давлати пешқадамро дидед, ки дар як кишвари дигар интихобот гузаронад. Ман назорат карда истодам интихоботҳои ахирро, бовар кунед, оқои Шоҳиён бисёр одами босавод ҳастанд. Кумисиюни интихобот ҳафт брошур таҳия ва чоп кардааст, ки мардум одитарин ҳуқуқи худашонро донанд.
Охир ҳукумат ё кумисиюни интихобот наметавонанд ҳар раъйдиҳандаро аз дасташ гирад ё бо булдозер тела карда, барад, гӯяд дар интихобот ширкат кун. Агар мехоҳанд биёянд аз Русия раъй бидиҳанд, зиёди зиёд дар онҷо агар бимонанд, аз 300 то 500 ҳазор мемонанд, аз ин бештар намемонад муҳоҷир онҷо бошад.
Соли оянда, соли 2015, ба гуфтаи таҳлилгарон соли душворе хоҳад буд барои Тоҷикистон. Дар бораи асароти буҳрони Русия дар Тоҷикистон чӣ фикр доред?
Мо ба давлат як барнома пешниҳод кардем, ки бояд ба сармоягузорони дохилӣ имтиёзи баланд бидиҳад, то ки онҳо натарсида, милёрдҳо дулори худро биёранд ва дар инҷо ба гардиш гузоранд. Барои ин бояд бо тамоми тоҷикони бонуфузи дунё алоҳида суҳбат карда шавад, замонат дода шавад, то онҳо бовар кунанд.
Агар онҳо розӣ шаванд, мо метавонем дар муддати панҷ сол дар ин кишвар тавлидотеро ба кор андозем, ки барои 35 милиюн нафар шуғл таъмин мекунад. Барои ин корро кардан 50-60 милёрд дулор лозим аст ва ин пулро ҳамин тоҷирони тоҷик меоранд, фақат ба онҳо имтиёз ва шароит фароҳам кардан лозим аст, ки натарсанд. Баъзе мушкилот ҳаст дар ин замина. Порлумон бояд баъзе қонунҳоро дигар кунад.
Баъзе зиндониён бояд афв шаванд. Дар ин сурат Тоҷикистон баръакс аз дигар ҷой муҳоҷиронро метавонад қабул кунад. Масалан, дар кишварҳои Урупо ҳаст ин гуна таҷруба. Озод мекунанд тоҷирро, вай бо 20–30 милюн як корхона месозад. Аз ин ки ӯ дар зиндон пӯсида хоб меравад, чӣ фоида аст ба давлат?
Пул доштааст, бигузор кор кунад. Иҷозааш надиҳанд, ки берун аз Тоҷикистон равад, аммо иҷоза бидиҳанд, ки дар дохили Тоҷикистон зиндагӣ ва кор кунад. Бигузор, пули вай дар гардиш бошад. Бархеҳо мегӯянд, ки ин гуна барнома шубҳанок аст, бояд таҳқиқ шавад, аммо ба назарам, ҳеҷ ҷойи таҳқиқ нест. Фақат бояд аз сармоягузорони дохилӣ истифода кунем.
Ташаккур барои суҳбат
