Зоиров: Раҳбари маҳаллии ҳизби сусиёл-демукрот боздошт шуд
Image copyrightBBC World ServiceРаҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, бо интишори баёнияе аз боздошти Фирдавс Соҳибназаров, раҳбари дафтари ин ҳизб дар ноҳияи Хуросон, хабар дод.
Оқои Зоиров боздошт ва иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Соҳибназаровро аз сӯйи додситонии вилояти Хатлон ғаразнок ва беасос хонд. Ба навиштаи ӯ, ин амр яке дигар аз тадобири мақомоти давлатӣ барои роҳ надодан ба баргузории интихоботи озодона ва шаффоф дар кишвар аст.
Вай дар ин бора гуфт: "Ин корро махсус карданд, ки вай дар интихобот ширкат накунад. Фирдавс Соҳибназаров имконияти калон дошт, ки дар интихобот пирӯз шавад, зеро дар як рӯз овоз ҷамъ карда, ҳуҷҷатҳояшро супорида буд. Онҳо инро дида, тарсиданд ва зуд хостанд рақибро барканор кунанд."
Ба гуфтаи раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, Фирдавс Соҳибназаров, қаблан ба додситонии ноҳияи Хатлон алайҳи гурӯҳе аз мақомоти "ТоҷПромБонк" дар робита бо фасод шикоят карда буд, аммо бо оғози таҳқиқи ин қазия додситонӣ тасмим гирифтааст баръакс фарди шокиро муттаҳам ба қаллобӣ кунад.
Раҳматилло Зоиров хабар дод, ки Фирдавс Соҳибназаров рӯзи 3-юми феврал дар бинои додситонии вилояти Хатлон боздошт шуда ва қарор буд рӯзи чаҳоршанбе барои интишори дастур дар бораи боздошти ӯ дар шаҳри Қурғонтеппа ҷаласаи додгоҳ баргузор шавад.
Оқои Зоиров ба Би-би-сӣ гуфт рӯзи 4-уми феврал гуфт: "Тафтишоти пешакии додситонӣ нишон дод, ки ҳеҷ асосе барои боздошт вуҷуд надорад ва Фирдавс Соҳибназаровро бидуни асос боздошт кардаанд."
Оқои Зоиров, ки ҳамзамон вакили мудофеъи оқои Соҳибназаров мебошад, дар баёнияи худ ҳамчунин менависад: "Зерҳимояи ман – Фирдавс Соҳибназаров ба ҳама, аз ҷумла, ба ман таъкид кард: "Бародарон, устод, хоҳиш мекунам, ором бошед. Инҳо супориши қатъӣ гирифтаанд. Ягона гуноҳи ман, бо аризаам нисбат ба шахсони нобакор ва муттаҳам ба прокуратура (додситонӣ) арз кардам, ки онҳо маро ва дигаронро фиреб дода, солҳои 2009 ва 2010 ҷиноятҳои зиёд содир кардаанд. Ман тоқат карда натавонистам ва бо ариза ба прокуратура муроҷиъат кардам."
Оқои Соҳибназаров аз ҷониби ҲСДТ дар ҳавзаи интихоботии № 28 ба интихоботи порлумонӣ номзад шуда ва гуфта мешавад рақибони ӯ мақомоти собиқи ноҳия ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки парвандаи мазкур танҳо қазияи додгоҳӣ нест, ки раҳбари ҳизби Рсусиёл-демукрот дар давраи муборизоти интихоботӣ бо он дасту панҷа нарм мекунад.
Оқои Зоиров ҳамчунин вакили мудофеъи Шуҳрат Кудратов, муъовини ҳизби сусиёл-демукрот ва ҳуқуқдони саршинос аст, ки дар моҳи январ додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро ба нуҳ сол зиндон маҳкум кард. Оқои Зоиров аз аввали таҳқиқи ин парванда гуфта буд, ки бозрасҳо ба қазияи оқои Қудратов рӯйкарди яктарафа доранд.
Раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки даргирии ӯ бо қазияҳои додгоҳии фаъъолони ҳизбаш ба ӯ имкон намедиҳад, ки дар муборизоти интихоботӣ ба сурати боиста ширкат кунад.
Ӯ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба хотири ин қазияҳо то ҳол ӯ "аллакай як моҳи омодагӣ ба интихоботро гум" кардааст.
