Интихобот: Овезаҳои ҲНИТ ва тавзеҳи таҳрими интихобот аз Зоиров

  • 28 Январ, 2015
Image copyrightBBC World Service

Шаҳрдории Душанбе дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи ҷой додани овезаҳои таблиғотӣ барои муборизоти интихоботиро рад кардааст.

Дар ин бора Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯи ҳизби наҳзати исломӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ дар номаи шаҳрдории Душанбе дар посух ба дархости ин ҳизб дар мавриди дарёфти иҷоза барои ҷой додани лавҳаҳои таблиғотии қаблазинтихоботӣ дар хиёбонҳо омадааст, ки ин амр муғойир бо қонуни интихобот будааст.

Дар ин номаи шаҳрдорӣ аз ҷумла омадааст, ки тибқи қонуни порлумонӣ ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз “гузаронидани маъракаҳои оммавӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма, маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон; ташкили баҳсу мунозираҳо, нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқотӣ иборат аст.

Номаи шаҳрдорӣ афзуда: “Аммо Қонуни мазкур насби рекламаро ҳамчун роҳи ташвиқоти пешазинтихоботӣ пешбинӣ накардааст.”

Зоиров: Таҳрими мо марбут ба ҳавзаҳои умумӣ мешавад

Дар ҳамин ҳол Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сусиол демукроти Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 28-уми январ бо интишори изҳороте унвонии Кумитаи марказии интихоботи Тоҷикистон мавқеъи ҳизбашро дар мавриди таҳрими интихобот эълом шарҳ додааст.

Ба навиштаи оқои Зоиров қарор дар бораи таҳрими интихобот аз сӯйи ҳизби ӯ танҳо марбут ба номзадҳои феҳристи ҳизбӣ буда ва ба намояндагони ҳизб, ки аз ҳавзаҳои якмандатӣ мехоҳанд номзадии худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кунанд, рабте надорад.

Ин тавзеҳот ба дунболи ба он мунташир шуд, ки масъулони кумитаи марказии интибохот рӯзи 28-уми январ дар вокуниш ба пешниҳоди номзадҳои узви ҳизби сусиол демукрот аз роҳи “худпешбарӣ” гуфтаанд, баррасии сабти номи ин сусиол-демукротҳо ба унвони номзад “пас аз равшан шудани мавқеъи ҳизби сусиол демукрот дар бораи ширкат дар интихоботи порлумонӣ” сурат мегирад.

Ҳизби сусиол демукроти Тоҷикистон рӯзи 19-уми январ ба унвони эътироз ба ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе нисбат ба муъовини ин ҳизб эълом карда буд, ки “бо сабаби зарурати бартараф кардани норасоиҳои зиёде, аз ҷумла бо қабули Ҳукми гайриқонунӣ ва гайриодилонаи суди ш. Душанбе нисбати муовини раиси ҲСДТ Ш. Қудратов, иштироки худро дар интихоботи парлумони тибқи руйхати ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ боздошт” мекунад.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми январ Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи саршинос ва муъовини раҳбари ҳизби сусиол демукротро дар ришвахорӣ ва тақаллуб муҷрим шинохта ва ӯро ба нӯҳ сол зиндон маҳкум кард.