Нозирони интихоботии САҲУ дар Тоҷикистон ба кори худ оғоз мекунанд

  • 20 Январ, 2015
Нозирони САҲУImage copyrightBBC World Service
Image caption Раҳбари нозирони САҲУ гуфт, ки онҳо омода ҳастанд пайваста бо намояндагони давлат, расонаҳо ва ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ дар иртибот бошанд

Ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) аз оғози фаъъолияти худ дар Тоҷикистон ба унвони нозири интихоботи порлумонии соли ҷорӣ хабар дод.

Раҳбари ин гурӯҳи нозирон дар нахустин нишасти хабарии худ дар Душанбе, ки рӯзи сешанбеи 20 январ доир шуд, гуфт, ки аз соли 2000 ин панҷумин маъмурияти САҲУ барои назорат бар интихобот дар Тоҷикистон аст.

Миклош Ҳарастӣ (Miklos Harastzti), мегӯяд, ки то ҳол 14 нафар аз нозирони ин маъмурият дар Тоҷикистон буда ва қарор аст то авохири ҳафтаи ҷорӣ 16 нафари дигар ба ин ҳайъат бипайванданд.

Оқои Ҳарастӣ афзуд: “14 нафар аз нозирон, ки коршиноси арсаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, миллӣ ва бехатарӣ ҳастанд аз 13 кишвари ҷаҳони узви САҲУ ба Тоҷикистон омадаанд. Мо баъд аз дарёфти муҷавизи расмӣ аз Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба шаҳрҳо ва навоҳии мухталиф сафар ва ба фаъъолияти худ оғоз хоҳем кард.”

Вай афзуд, ки дар интихоботи порлумонии моҳи март дар Тоҷикистон 150 нозир бо маъмурияти кӯтоҳмуддат аз кишварҳои узви ин сомзон аз сартосари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Оқои Ҳарастӣ мегӯяд, вазифаи аслии нозирони САҲУ назорат бар вазъият ва фаҳмидани воқеъият будааст.

Вай гуфт: “Мо назорат бар он хоҳем кард, ки интихобот дар кадом муҳит ва шароит баргузор хоҳад шуд.”

Ӯ афзуд, ки маъмурияти онҳо ҳамчунин бар он назорат хоҳад бурд, ки шароити ширкати номзадҳо дар интихобот ва инъикоси интихобот дар расонаҳо то чӣ андоза мунсифона ва ҷавобгӯи қонун хоҳад буд. Оқои Ҳарастӣ таъкид кард, ки ин ҳайъат гузориши кӯтоҳи худро то оғози раъйдиҳӣ ироа хоҳанд дод.

Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Ҳарастӣ пас аз баргузории раъйдиҳӣ нозирони САҲУ гузориши муқаддамотии худро дар мавриди интихобот омода хоҳанд кард.

Вале ӯ мегӯяд, ки гузориши комили САҲУ аз ҷараёни муборизоти интихоботӣ, раъйдиҳӣ ва шумориши оро баъд аз ду моҳи доир шудани интихобот интишор хоҳад шуд. Ин гузориш дар пойтахти Лаҳистон дар мақари дафтари нозирони САҲУ мунташир хоҳад шуд.

Раҳбари ҳайъати нозирони интихоботии САҲУ дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки онҳо то ҳол бо масъулони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқоте анҷом додаанд. Ӯ гуфт, ки ҳайъати онҳо ҳамеша омода аст бо намояндагони давлат, расонаҳо ва ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ дар иртибот бошанд.

Оғози фаъъолияти нозирони САҲУ дар Тоҷикистон дар ҳолест, бархе аз коршиносони сиёсӣ дар ин кишвар нақши нозирони ин созмонро дар баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон чандон таъсирбахш намедонанд.

Ба гуфтаи онҳо, ширкати нозирони САҲУ ва ироаи гузоришҳои онҳо дар интихоботҳои қаблӣ ҳокӣ аз он буда, ки давлати Тоҷикистон бисёре аз бахшҳои гузоришҳои онҳоро ҳамвора нодида гирифтааст.

Матолиби муртабит