Бетаваҷҷуҳӣ ба интихобот ва нобоварӣ ба намояндагони порлумон
Image copyrightBBC World ServiceБархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки дар бораи интихоботи порлумонии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон иттилоъи кофӣ надоштаанд.
Ҳамчунин иддае дигаре гуфтаанд, ки алоқаманди ширкат дар раъйдиҳии рӯзи якуми марти соли ҷорӣ барои интихоби номзадҳо ба порлумон набудаанд. Иддае низ мегӯянд, ки таблиғоти интихоботӣ дар шаҳр камтар ба назар мерасидааст.
Ба гуфтаи иддае аз сокинони ин шаҳр аз раъй онҳо тағйироти чандоне дар давлатдории Тоҷикистон ва шеваи кори порлумон нахоҳад шуд.
Вале ба гуфтаи сокинони огоҳ аз муборизоти интихоботӣ ширкати фаъъолонаи мардуми Тоҷикистон дар интихобот ва ворид шудани афроди сазовор ба порлумон метавонад ба зиндагии иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъсири мусбӣ расонад.
Нобоварӣ ба интихобот
Ду духтари ҷавони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки имсол синни онҳо ба ҳаждаҳ расидааст ва барои бори нахуст дар раъйдиҳӣ ширкат хоҳанд кард.
Вале яке аз онҳо, ки худро Мавлуда муъаррифӣ кард мегӯяд, ки чандон алоқамандие ба интихобот ва сиёсат надоштааст.
Мавлуда мегӯяд: "Ростӣ ман ҳоло барои идомаи таҳсил дар донишгоҳи олӣ омодагӣ мебинам ва вақтамро бештар ба хондани кутуб масраф мекунам. Интихобот чист ва барои чӣ аст барои ман муҳим нест, ман дар бораи он ин қадар иттилоъ надорам."
Аммо ӯ гуфт, ки ин раъйдиҳӣ барои интихоби намояндагони порлумон будааст, вай афзуд, ки дар мавриди рафтанаш ба ҳавзаи интихоботӣ барои раъйдиҳӣ ҳоло фикр хоҳад кард.
Сабзигул Асоева, сокини ноҳияи Рӯдакӣ низ баъид медонад, ки ин бор барои раъйдиҳӣ ба ҳавзаи интихоботӣ хоҳад рафт ё хайр?
Хонум Асоева мегӯяд, ки қаблан дар интихобот ва раъйдиҳӣ ширкати фаъъолона дошт, вале ҳоло ба номзадҳо ва намояндагони порлумон чандон боварӣ надоштааст.
Вай афзуд: "Дар урфият мегӯянд, ки ваъда додӣ вафо кун" аммо канӣ он ваъдаҳое, ки то ҳол ба мо додаанд, вале иҷро нашудааст. Аз ин рӯ ман имсол ба интихобот намеравам."
Вай мегӯяд, ки ду кӯдак дорад ва дар вазъияти риққатборе ба сар мебарад ва имрӯзҳо машғули дарёфти маблағ барои гузарони зиндагӣ будааст.
Ноошноӣ бо аҳзоби сиёсӣ
Чанде дигар аз занони ҳамсубати ман низ гуфтаанд, ки гирифториҳои рӯзгор ва иҷрои корҳои манзил ба онҳо имкони тамошои барномаҳои телевизюн ва ё ширкат дар мулоқот бо номзадҳоро намедиҳад.
Бархе аз ин афрод аз мавҷудияти ҳашт ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон ва барномаҳои интихоботии онҳо иттилоъоте надоштанд ва мегуфтанд, ки раъйи худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурииТоҷикистон ба сандуқҳо хоҳанд рехт.
Вале дар додани посух ба ин суол, ки оқои Раҳмон раҳбари кадом ҳизби сиёӣ аст, танқисӣ мекашиданд. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда дар Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷират, бекорӣ, маъоши ночиз бисёре аз сокинони Душанбе мегуфтанд, ки ба ҳизби ҳоким раъй хоҳанд дод.
Самад, як сокини Душанбе гуфт: "Медонам, ки ҳоло интихоботи порлумонӣ ҳаст ва ман ба ҷонибдорӣ аз Раҳмон раъй медиҳам, ҳизб ҳизби Раҳмон аст ва ман ҷонибдори ӯ ҳастам.”
Як сокини пойтахти Тоҷикистон, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт: "Қудрат дар дасти намояндагони ҳизби ҳоким аст ва аз ин рӯ онҳо бештар шонс барои гирифтани орои бештар дорад. Аммо ба ақидаи ман порлумон бояд аз намояндагони аҳзоби сиёсии мухталиф таъсис ёбад."
Иддае аз сокинони шаҳри Душанбе низ бар ин ақида буданд, ки натиҷаи интихобот бидуни ширкати онҳо маълум хоҳад буд ва онҳо мегуфтанд, ки ҳизби ҳоким чун ҳамеша бештари ороро ба худ ихтисос хоҳад дод.
Таваҷҷӯҳи рустоиён ба интихобот
Ин дар ҳолеаст, ки ба гуфтаи намояндагони иддае аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон дар солҳои ахир таваҷҷӯҳ ба интихобот ва бедории сиёсӣ бештар дар миёни мардуми рустонишин дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон мегӯяд, ки ин омилро аз мулоқотҳои номзадҳои ҳизбашон бо мардум дарк кардаанд.
Оқои Ғаффоров афзуд: "Ростӣ дар ҷараёни мулоқотҳо мо дарк кардем, ки алоқамандаии мардум ба интихобот дар манотиқи русто бешар аз шаҳрҳо будааст."
Оқои Ғаффоров меафзояд, ки мушкили аслӣ ноогоҳии мардум аз кори порлумон нарафтани намояндагони он ба назди интихобкунандагон будааст.
Ӯ мегӯяд: "Яке аз душвориҳое, ки бештари мардум ба он таъкид карданд, он буд, ки дар даҳсолаи ахир ҳеҷ нафар аз намояндагони порлумон, ки мардум ба онҳо раъй доданд, боре ҳам ба назди мардум нарафтаанд. Ҳарчанд намояндагони порлумон ҳар замоне вақти муъайяне барои мулоқот бо мардумро доранд.”
Бархе аз ҳамсуҳбатони ман низ ба ин нукта таъкид кардаанд, ки то ҳол намедонанд, ки номзад аз ҳавзаи интихоботии онҳо намояндаи кадом ҳизб будааст.
Аммо иддае зимни ном гирифтани аҳзоби сиёсии ширкаткунанда дар интихобот мегуфтанд, ки дар ин интихобот Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби коммунист ширкат мекунанд.
Натиҷагирӣ аз интихоботи қаблӣ дар Тоҷикистон ҳокӣ аз он буд, ки баъд аз ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон, ҳизби ҳоким, ки бештарини шумораи ороро ба худ ихтисос дод, Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, яке аз аҳзоби мухолифи давлат дар раъйдиҳӣ беш аз 8 дарсади ороро дарёфт карда буд.
Ҳарчанд намояндагони ин ҳизб ва бисёре аз коршиносон ба ин ақида буданд, ки ки дар шумориши оро тақаллуб шуда ва намояндагони ин ҳизб беш аз 40 дарсади ороро гирифта буданд.
Коршиносони сиёсӣ ҳадс мезанад, ки дар интихоботи кунунӣ мумкин аст, ки шумори раъйдиҳандагон ба ҷонибдорӣ аз ҲНИТ камтар шавад.
Зеро онҳо бо ишора ба ширкати ин ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 ва пешниҳоди Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзад ба интихобот мегӯянд, ки ин иқдоми масъулони ҳизб интизороти аксари раъйдиҳандагон аз пешниҳоди номзади қавӣ ба интихоботро ноумед карда буд.
Шоҳдавлат Шонусайриев, яке аз коршиносони сиёсӣ мегӯяд ба ин бовар аст, ки ҲНИТ чун пештара бо ду номзад вориди порлумони ҷадид хоҳад шуд.
Вай гуфт: "Зеро назорати воқеъӣ ба равандаи шумориши оро дар Тоҷикистон нест. Ва ман гумон мекунам, ки масъулони Кумисиюни интихоботӣ ва раъйдиҳии Тоҷикистон натиҷа воқеъии раъйдиҳиро пешкаши мардум кунанд.”
Ин дар ҳолест, ки ҲНИТ имсол барои ширкат дар интихобот дар канори ҳизби ҳоким 27 номзадро аз феҳристи ҳизбӣ пешниҳод кардааст.
Баъд аз интихоботи порлумонӣ дар соли 2010 ба порлумон 63 намоянда ворид шуданд, ки беш аз 90 дарсади курсиҳои ин маҷлисро намояндагони ҳизби ҳоким ба худ ихтисос доданд.
