Аҳзоби мухолиф ба порлумон роҳ наёфтанд
Image copyrightBBC World ServiceБар асоси натоиҷи муқаддамотӣ аҳзоби наҳзати исломӣ, кумунист ва сусёл-демукрот ба далели касби ками оро ба порлумони Тоҷикистон роҳ наёфтаанд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ), рӯзи душанбеи 2 март, дар як нишасти хабарӣ натоиҷи интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллиро дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ эълом кард, ки тибқи он Ҳизби ҳокими халқии демукроти кишвар бо касби 65,2 дарсади оро барандаи интихобот шудааст.
Аҳзоби наҳзати исломӣ 1,5 дарсад (58 ҳазору 27 раъй), кумунист 2,3 дарсад (87 ҳазору 12 раъй) ва сусиёл-демукрот 0,5 дарсад (18 ҳазор раъй) ба даст овардаанд, ки тибқи қавонини интихоботи Тоҷикистон танҳо аҳзоб бо 5 дарсади оро курсии порлумонро ба даст хоҳад овард.
Ҳизби демукроти Тоҷикистон низ бо касби 1,7 дарсади оро ба ҷамъи ин се ҳизби ноком дар интихоботи порлумонӣ пайвастааст.
Дар ҳамин ҳол, аҳзоби кишоварзӣ ё агарарӣ бо касби 11,8 дарсад, ислоҳоти иқтисодӣ 7,6 дарсад ва сусиёлист 5,5 дарсад дар порлумон мутаносибан 3, 2 ва 1 курсиро соҳиб шудаанд.
Ба гуфтаи оқои Шоҳиён, натоиҷи интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ дар ҳавзаҳои якмандатӣ аз ҷониби кумусиюнҳои ин ҳавзаҳо эълом хоҳанд шуд.
Дар назар аст, баъд аз зӯҳри имрӯз Ҳайъати нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо ва нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Ҳамсуд дар мавриди раванди баргузорӣ ва натоиҷи интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон ибрози назар кунанд.
Зимнан, дар интихоботи порлумонии солди 2010 аҳзоби наҳзати исломӣ ва кумунист мутаносибан 7,74 дарсад ва 7,22 дарсади ороро касб карда ва ду курсии порлумонро ба даст оварда буданд. Ҳамчунин, намояндагони аҳзоби агарарӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ низ ба порлумон роҳ ёфта буданд.
Дар ин интихобот Ҳизби ҳокими халқии демукрот бо касби бахши умдаи оро (71,69 дарсад) бештари курсиҳои порлумони Тоҷикистонро соҳиб шуда буд.
