КМИРТ: “Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд"

  • 1 Март, 2015
Раъйдиҳӣ дар ДушанбеImage copyrightBBC World Service
Image caption Беш аз 30 дар сади воҷидини шароити раъй дар интихобот то соъати 09:00 дар раъйдиҳӣ ширкат карданд

Кумисиюни марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, ки то соъати 15:00 вақти маҳаллӣ беш аз 74 дарсади мардуми ин кишвар дар раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ширкат карданд. .

Аз ин рӯ Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси ин кумисиюн дар суҳбат бо ширкати давлатии телевизюнӣ интихоботи порлумонии соли ҷориро баргузоршуда эълом кард.

Оқои Шоҳиён гуфт, ки аз беш аз чор милёну 300 ҳазор воҷидини шароити раъй дар Тоҷикистон се милёну 210 ҳазор нафар дар раъйдиҳии рӯзи 1 марти интихоботи порлумонӣ ширкат карданд.

Вай афзуд, ки тибқи қонуни интихоботи Тоҷикистон дар сурате, ки беш аз нисфи интихобкунандагон (воҷидини шароити раъй) дар интихобот ширкат кунанд, интихобот баргузоршуда эътироф мешавад. Ва аз рӯ вай интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон баргузоршуда ҳисоб кард.

Аммо масъулони ин кумисиюн дар бораи мушорикати раъйдиҳандагон аз миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки теъдоди онҳо мавзӯъи баҳси миёни давлат ва мухолифон аст, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳануз ҳеҷ иттилоъе надодаанд.

Абдуманон Додозода, раҳбари дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки раъйдиҳӣ дар интихобот дар фазои демукросӣ ва бидуни навоқиз идома доштааст.

Аммо вай гуфтааст, ки яке аз шикоёти расида аз навоҳии Кӯлоби вилояти Хатлон аз намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди мавонеъ барои ворид шудани нозирони ин ҳизб ба ҳавазаи интихоботӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи иддае аз хабарнигорони маҳаллӣ дар бархе аз ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботӣ дар навоҳии мухталиф раъй додани як кас ба ҷойи чанд нафар мушоҳида шудааст.

Тибқи иттилоъи сойти ҲНИТ нозирони ин ҳизб аз нақзи қонуни интихоботӣ дар раванди раъйдиҳи дар қитаъҳои раъйдиҳӣ, аз ҷумлаи қитаъи Даштимирон дар ноҳияи Варзоб ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон хабар додаанд.

Чунин маворид дар чанде аз ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дар шаҳри Душанбе низ ба мушоҳида расидааст. Аз ҷумла дар ҳавзаи интихоботии шумораи сеи ноҳияи Исмоиъили Сомонии ин шаҳр як марде, ки дар даст ду варақаи раъй дошт гуфт, ки ҳамсараш бемор аст ва ӯ ба ҷои занаш раъй хоҳад дод.

Бо ин вуҷуд масъулони ин ҳавза мегӯянд, ки навоқизе дар равандаи раъйдиҳӣ набудааст.

Ҳануз маълум нест, ки кадоме аз ҳашт ҳизби сиёсӣ бештарини ороро ба худ ихтисос медиҳанд, аммо бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ умедвор ҳастанд, ки ба порлумони ҷадид имкон дорад намояндагони ҳизбҳои бештари сиёсӣ ворид шаванд.

Ҳарчанд бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ҳатман дар тӯлӣ рӯз ба пойи сандуқҳои раъй хоҳанд рафт, аммо бархе аз воҷидини шароити ширкат дар интихобот, аз ҷумлаи сокинони гуфтаанд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат нахоҳанд кард. Зеро ба шаффоф будани натиҷагирӣ аз шумориши оро бовар надоштаанд.

Дар интихоботи имсоли порлумонӣ дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ ва 185 номзади инфиродӣ ширкат мекунанд, ки раъйдиҳандагон бо интихоби хеш аз миёни онҳо 41 нафарро ба унвони намоянда, вориди порлумони ҷадиди Тоҷикистон хоҳанд кард.

Ҳамчунин 22 нафари дигар аз феҳристи ҳизбӣ вориди Маҷлиси ҷадиди намояндагон мешаванд ва дар маҷмӯъ дар порлумони ҷадид 63 нафар аз намояндагон барои панҷ соли дигар фаъъолият хоҳанд кард.

Матолиби муртабит