Даргирии артиши Лубнон ва шибҳинизомиён дар бозори қадими Таробулус
Image copyrightAPГузоришҳо аз шимоли Лубнон ҳокист, ки даргирӣ миёни артиши ин кишвар ва шибҳинизомиёни исломгаро дар шаҳри Таробулус як кушта ва бист захмӣ барҷо гузоштааст.
Ба гузориши Хабаргузории Фаронса, нуҳ сарбози лубнонӣ ва ҳашт ғайринизомӣ дар миёни маҷрӯҳони ин даргириҳо ҳастанд ва фарди кушташуда аз шибҳинизомиён будааст.
Артиши Лубнон дар баёнияе эълом кардааст, ки даҳҳо фарди мусаллаҳро дар минтақаи бозори қадими Таробулус муҳосира карда ва талош мекунад онҳоро дастгир кунад.
Расонаҳои маҳаллӣ ба нақл аз манобеъи худ аз иртиботи ин шибҳинизомиён бо гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш) хабар додаанд.
Даргириҳо дар дувумин шаҳри бузурги Лубнон аз ҷумъашаби 24 октябр оғоз шуд ва имрӯз, шанбе, ҳам садои тирандозӣ ва инфиҷорҳои пароканда дар минтақа шунида мешуд.
Ба гузориши Хабаргузории Фаронса, ин аввалин бор аст, ки доманаи ҷанги дохилии Сурия ба минтақаи бозори қадими шаҳри Таробулус кашида мешавад. Ин бозор дар феҳристи номзадҳои мероси ҷаҳонии Юнеску аст.
Пеш аз ин ҳам Таробулус шоҳиди даргириҳои пароканда миёни ҳаводорон ва мухолифони ҳукумати Сурия буда, аммо ин хушунатҳо маъмулан ба минтақае хос маҳдуд мешуд.
