Марги як духтари бистсола дар асари бархӯрди қатор
Image copyrightBBC World ServiceЯк духтари бистсола дар шаҳри Душанбе дар асари бархӯрди қатор кушта шудааст. Ба гуфтаи манобеъи пулис, ин ҳодиса субҳи рӯзи 30 апрел иттифоқ уфтодааст.
Элмира Аҳмадиева, мутаваллиди соли 1994 ва сокини хиёбони Маяковскийи шаҳри Душанбе, дар асари бархӯрди қатор дар хиёбони Фединаи шаҳри Душанбе, дар болои пули наздик ба маҳаллаи 103, ҷароҳатҳои сангин бардошта ва дар маҳалли ҳодиса ҷони худро аз даст додааст.
Ҷамолиддини Садриддин, сухангӯйи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, ки тепловози ТЕ 0114 таҳти идораи Муртазоқул Қаюмов, ки аз истгоҳи қатори “Душанбе 1” ба сӯи истгоҳи қатори “Душанбе 2” ҳаракат мекард, соъати 7 субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар ин маҳал ба хонум Аҳмадиева бархӯрд кардааст.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ин ҳодиса замоне иттифоқ уфтод, ки Элмира Аҳмадиева дар гӯшҳояш гӯшӣ монда буд ва дар ҳоле ки мусиқӣ гӯш мекард, дар роҳи қатор ҳаракат дошт. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ӯ садои лукумутивро нашунида бошад.
Ба гуфтаи шоҳидона айнӣ, аз нахустин зарбаи қатор ӯ уфтода ва талош кардааст дубора бархезад ва худро канор бигирад, вале қатор бо суръати боло ҷасади ӯро то фосилае дуртар кашондааст.
Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Душанбе ин шоеъа паҳн шудааст, ки духтаре ки зери қатор кушта шуд, худро амдан ба зери қатор андохтааст. Аммо пайвандони хонум Аҳмадиева ин шоеъотро бепоя хонда ва мегӯянд, ки қатор бо суръати болое ҳаракат мекард ва ӯ мутаваҷҷеҳи омадани он нашуда буд.
Зарина Марикина, яке аз наздикони Элмира Аҳмадиева, ба Би-би-сӣ гуфт: "Ман Элмираро аз овони кӯдакияш мешиносам ва ӯ дусти наздики духтари ман буд. Ӯ ҳаргиз дар фикри худкушӣ набуд, зеро пас аз мушкилоти зиёди рӯзгор ӯ тоза кори хубе пайдо кард ва барномаҳое барои ояндааш дошт."
Хонум Марикина гуфт шоеъот перомуни марги Элмира аз он ҷо пайдо шуда, ки чанд рӯз қабл аз ин ҳодиса, ба таърихи 25 апрел, Элмира дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоъии “Однокласники” зери яке аз аксҳояш ба дӯстписараш навишта буд, ки "мо аз ҳам ҷудо мешавем ва дигар бо ман тамос нагир."
Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзи ҳодиса Элмира субҳи зуд ба маҳалли кораш шитоб дошт. Вай замоне ки мутаваҷҷеҳ шуд қатор ба ӯ наздик мешавад, дар охирин лаҳза мехост худро аз роҳ канор бигирад, вале қатор "аз як пояш ӯро кашида, ҷисми нимҷонашро то чанд метр бурд ва то расидани пизишкон ҷони худро аз даст дод."
Хонуми Марикина мегӯяд, ки модари Элмира маълули дараҷаи ду аст, ки дар ҷое кор намекунад. Вай хоҳаре сесола ва бародаре 12-сола дошта ва танҳо ноновари хонаводаашон будааст. Масъулони ширкати қаннодии "Рошен", ки Элмира Аҳмадиева он ҷо кор мекард, ҳазинаи ташйеъи ҷанозаи ӯро ба уҳда гирифтаанд.
Дар маҳалле, ки ин ҳодиса иттифоқ уфтод, кишоварзон аз ноҳияҳои Шаҳринав, Турсунзода ва Ҳисор ҳамарӯза тавассути қатор ба шаҳри Душанбе сабзиҷоту мева оварда ва дар канори роҳи оҳан мефурушанд.
Ба гуфтаи баъзе аз фурушандаҳо, дар гузашта низ ҳаводиси мушобеҳе дар ин маҳал иттифоқ уфтодааст. Кормандони ширкати роҳи оҳан мегӯянд, ки ин қатор тибқи реҷаи доимии худ ҳаракат мекард ва ҳамарӯза дар ҳамин вақту соъат аз ин маҳал убур мекунад.
