Кушта шудани ду сокин дар сонеҳае дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар аз сокинони водии Рашт дар як сонеҳае дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт хабар додааст.
Ҳамчунин дар ин сонеҳа, ки дар рӯзҳои таътил дар ин роҳ рух додааст, чор нафари дигар, аз ҷумла як кӯдаки 5-сола шадидан ҷароҳат бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Тибқи хабари сойти расмии пулиси тоҷик сабаби ин воқеъ риъоя нашудани қонуни ҳаракат дар роҳ будааст.
Тавре, ки таҳқиқот мушаххас кардааст, дар натиҷа Гулаҳмад Аминов, ронандаи ин мошин бо тамоми сарнишинонаш аз баландии 80 метр ба поёни роҳ сарозер мешаванд.
Дар ин воқеъ ронанда ва як зани 78-сола ҷонҳои худро аз даст медиҳанд. Дар ҳамин ҳол тибқи гузоришҳои масъулони идораи бозрасии утумубилии ин вазорат дар соли ҷорӣ дар сонеҳаҳо ва тасодумҳо дар роҳҳои Тоҷикистон беш аз 70 нафар аз сокинони синни мухталиф ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Рӯзи 17 марти соли равон, дар як сонеҳа дар ноҳияи Айнӣ панҷ нафар аз ҷавондухтарон, аз ҷумлаи шогирдони мактаби ҳамагонӣ ҷонҳои худро аз даст дода буданд.
