Вазъи Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони маъруф, пас аз сонеҳа беҳбуд ёфтааст

  • 18 Апрел, 2014
Афзалшо ШодиевImage copyrightBBC World Service
Image caption Гуфта мешавад, ки Афзалшо Шодиев дар як сонеҳа дар шаҳри Душанбе ҷароҳат бардоштааст

Пизишкони бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе мегӯянд, ки вазъи саломати Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони саршинос, ки ахиран дучори сонеҳа шуд, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Ба гуфтаи яке аз пизишкони маъруфи ин бемористон, оқои Шодӣ ду рӯз қабл бо ҷароҳоти сангин аз ноҳияи рӯй ва сараш ба ин бемористон мунтақил шудааст.

Пруфесур Мубин Аминов рӯзи ҷумъаи 18 апрел дар суҳбат бо Би-би-сӣ вазъи саломати оқои Шодиро дар марҳилаи кунунӣ “қаноъатбахш” арзёбӣ кард.

Оқои Аминов афзуд: "Афзалшоҳи Шодӣ дар сонеҳа ҷароҳат бардошта ва бештар аз ноҳияи сар ва рӯй захмӣ шудааст. Аммо ҳоло вазъи ӯ хуб аст."

Дар ҳамин ҳол, масъулони бахши иттилоъоти бемористони Ибни Сино низ дар суҳбати телефунӣ аз беҳбуд ёфтани вазъи саломати ин ҳунарманди маъруф хабар доданд. Аммо ба ин суол, ки оё оқои Шодӣ баъд аз сонеҳа ба бемористон оварда шуда буд ё хайр, изҳори беиттилоъӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки худрави ин овозхони саршинос ду рӯз қабл дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба комюне бархӯрда ва дар натиҷа оқои Шодӣ маҷрӯҳ шудааст.

Аз сӯйи дигар, кормандони пулиси роҳи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар мавриди ин сонеҳа изҳори беиттилоъӣ карданд, аммо ба гуфтаи манобеъи огоҳ, ин сонеҳа дар роҳе, ки сокинон аз он ба унвони “Бетонка” ёд мекунанд, рух додааст. Ин роҳ дар имтидоди рӯдхонаи мавсум ба Душанбе воқеъ аст.

Афзалшоҳи Шодӣ тайи се даҳаи ахир ба унвони яке аз овозхонҳои мумтоз шинохта шуда ва дар Тоҷикистон ва бархе дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаводорони зиёде дорад.

Оқои Шодӣ тайи солҳои ахир, бавижа баъд аз пахши олбуме зери унвони “Лоиқнома” тарафдорони зиёде пайдо кардааст. Вай аз ҷумлаи овозхонҳоест, ки бо Лоиқ Шеръалӣ, шоъири фақид, ҳамкории наздик дошт.

Таронаҳои сурудаи оқои Шодӣ дар бораи Самарқанду Бухоро дар саросари Тоҷикистон ва бархе аз манотиқи тоҷикнишини кишвари ҳамсояи Узбакистон ҳаводорони зиёде доранд. Бисёриҳо аз ин овозхони маъруф, ки дар гузашта зиёрати ҳаҷро ҳам анҷом додааст, Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ ном мебаранд.

Давлати Тоҷикистон аз ӯ бо эътои ҷавоиз ва унвонҳои мухталиф, аз ҷумла унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, қадрдонӣ кардааст. Дар моҳи феврали соли 2013 як созмони ғайридавлатӣ дар Русия ба Афзалшоҳи Шодӣ ҷоизаи "Хиради Миллат"-ро эъто кард.

Матолиби муртабит