Як ҷонибдори 'Гурӯҳи-24' барои 17 сол маҳкум ба зиндон шуд

  • 4 Март, 2015
Орми додгоҳImage copyrightBBC World Service
Image caption Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавонро ба иттиҳоми узвият дар “Гурӯҳи-24” барои беш аз 17 сол равонаи зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини ҷавони ин шаҳрро дар узвият дар “Гурӯҳи 24” муҷрим шинохта ва ӯро барои беш аз 17 сол равонаи зиндон кард.

Ҳамчунин, қозии парванда Умедҷон Солеҳовро аз ҳаққи мансуб шудан ба симатҳои раҳбарӣ барои чаҳор сол маҳрум кардааст.

Тибқи иттилоъи торнамои ин додгоҳ Ҳотам Раҷабзода, қозии парванда, оқои Солеҳовро бар асоси моддаи 67-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба зиндон маҳкум кардааст.

Ин моддаи қонун, ки “Таъйини ҷазо барои маҷмӯъи ҷиноятҳо”-ро муъайян мекунад, маҳкумият ба 25 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар хабари ин торнамо, ки рӯзи чаҳоршанбеи 4 март пахш шуд, иттилоъи бештар аз ин ироа нашуда, аммо гуфта мешавад, ки оқои Солеҳов дар зиндони низоми сангин нигаҳ дошта хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар ин иттилоъ дар мавриди узвияти оқои Солеҳов дар “Гурӯҳи 24” низ навишта нашудааст, вале гуфта мешавад, ки парвандаи вай бар асоси панҷ моддаи қонуни кайфарии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Аз ҷумла, оқои Солеҳов барои таъсис, даъват ва фаъъолият дар гурӯҳи "тундрав ва ифротӣ", таъсиси созмони ифротгаро ва тавҳин ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст.

Гуфта шуда, ки оқои Солеҳов бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоъӣ, аз ҷумла Фейбук, Одноклассники ва YouTube ҷавононро барои пайвастан ба “Гурӯҳи 24”, эътилофе аз гурӯҳҳои мухолифи давлати феълии Тоҷикистон, даъват мекардааст.

Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеъи оқои Солеҳов ба хабарнигорон гуфта, ки муваккили ӯ дар сухани охираш дар ҷаласаи додгоҳ узвияти худ дар “Гурӯҳи 24”-ро рад кардааст.

Дар моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон “Гурӯҳи 24” ба раҳбарии Умаръалӣ Қувватовро, ки аз мухолифони давлати Эмомалӣ Раҳмон хонда мешавад, ифротгаро хонда ва фаъъолияташро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

Эътилофи мавсум ба "Гурӯҳи 24" аз сӯйи оқои Қувватов, ки аз тоҷирони саршинос ва наздик ба хонаводаи раисҷумҳур шинохта мешуд, дар моҳи августи соли 2012 дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, таъсис ёфт.

Дар соли 2014 оқои Қувватов ва ҷонибдорони ӯ бо пахши баёнияе хостори он шуданд, ки Президент Раҳмон довталабона истеъфо кунад. Ба иллати адами вокуниш ба ин пешниҳод “Гурӯҳи 24” дар моҳи октябри ҳамин сол сокинони Тоҷикистонро ба гирдиҳамоии эътирозӣ фаро хонд.

Ҳарчанд ин роҳпаймоӣ баргузор нашуд, вале ба гуфтаи нозирон, мақомоти тоҷик аз чанд рӯз қабл барои муқобала бо он омодагӣ дида буданд. Ба дунболи ин даъват фаъъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд ва афроди муртабит бо он таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд.

Умаръалӣ Қувватов дар солҳои гузашта ду бор аз сӯйи кормандони интизомӣ дар Дубай ва Истонбул боздошт шуд, вале додгоҳҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Туркия аз истирдоди оқои Қувватов ба Тоҷикистон монеъ шуданд. Ҳарчанд мақомоти интизомии Тоҷикистон борҳо дархости истирдоди вай аз ин кишварҳоро карда буданд.

Чанде пеш Додситонии кулии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони мавсум ба "Ҷавонони тоҷик барои эҳёи Тоҷикистон", ки низ аз сӯйи мақомоти интизомӣ ба узвият дар ин гурӯҳ муттаҳам мешавад, аз Маскав, пойтахти Русия, ба Тоҷиқистон мустарад шудаст.

Созмони "Ҷавонони тоҷик барои эҳёи Тоҷикистон" ва ҷунбиши "Ватандор" ба раҳбарии Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори табъидӣ, низ аз ҷумлаи гурӯҳҳо ва созмонҳое буданд, ки ҳамроҳ бо "Гурӯҳи 24" дар моҳи октябри гузашта мардумро ба роҳпаймоии эътирозӣ алайҳи давлат фаро хонда буданд.

Матолиби муртабит