Боздошти дубораи Умаралӣ Қувватов: ин бор дар Туркия

  • 20 Декабр, 2014
Умаралӣ ҚувватовImage copyrightBBC World Service
Image caption Тарафдорони оқои Қувватов аз мудофеъони ҳуқуқи башар хостаанд, ки аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон монеъ шаванд

Умаралӣ Қувватов, тоҷири табъидӣ ва раҳбари "Гурӯҳи 24", аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, ҳамроҳ бо се тан аз ҷонибдоронаш дар шаҳри Истонбул боздошт шудааст.

Пулиси Туркия ҳанӯз ҳеч иттиҳоме алайҳи ӯ матраҳ накарда, вале аъзои хонаводаи оқои Қувватов муътақиданд, ки боздошти ӯ ва ҳамроҳонаш бо дархости мақомоти тоҷик анҷом шудааст, ҳарчанд манобеъи пулиси Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин бора хабар надоранд.

Қумринисо Ҷабборова, ҳамсари оқои Қувватов, ба Би-би-сӣ гуфт, ки боздошти шавҳараш субҳи рӯзи ҷумъаи 19 декабр дар манзилаш дар яке аз маҳаллоти шаҳри Истонбул сурат гирифтааст.

Вай гуфт: "Ҳафт нафар, либоси мулкӣ доштанд, омаданду аввал ҳама ҷоро тафтиш карданд, баъд паспорт (гузарнома) пурсида ва (Қувватовро) бурданд. Мо, ки забони туркӣ намедонем, ҳатто гап зада натавонистем. Меҳмон доштем, ғайр аз Умаралӣ се нафари дигар ҳам буданд, онҳоро ҳам бурданд."

Ба гуфтаи ӯ, асомии ин се нафар Ҳусейн Ашуров, Абдурашид Ҳомидов ва Суҳроб Тӯраев аст.

Хонум Ҷабборова мегӯяд пеш аз ин ҳар рӯз аз тариқи шабакаи "Зелло" маъмурони амниятии Тоҷикистон оқои Қувватовро таҳдид мекарданд, ки "вақту соъатат кам мондааст, мо ба сарвақтат мерасем, омода бош."

Ба гуфтаи ӯ, оқои Қувватов сабти бархе аз ин суханони таҳдидомезро, ки ба маъмурони амниятии Тоҷикистон нисбат дода мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ дар интернет пахш карда буд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе аз тарафдорони ӯ бо интишори баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз ниҳодҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ хостаанд, ки аз истирдоди эҳтимолии оқои Қувватов ба Тоҷикистон монеъ шаванд.

Дар ин баёния аз ҷумла омадааст: "Мо эълом мекунем, ки мақомоти Туркия Умаралӣ Қувватов, раҳбари мо мухолифон дар Тоҷикистонро боздошт карданд ва мехоҳанд ба дасти мақомоти тоҷик бисупоранд. Мо аз шумо мехоҳем, ки аз эътирози мо дар назди сафоратхонаҳои Туркия дар кишварҳои ҷаҳон ҳимоят кунед."

Муаллифони ин баёния ҳамчунин аз ҳамаи "мукборизони роҳи озодӣ ва наҷоти мардумони ситамдида" дар атрофи ҷаҳон хостаанд, ки кумаки худро барои озодии оқои Қувватов дареғ надоранд, чун "сарнивишти ҳамаи милал имрӯз як аст" ва "мо бояд аз торих сабақ бигирему муттаҳид шавем."

"Мардуми тоҷик ба ҷуз Худо ва шумо, эй мардумони рӯи Замин, эй муборизони роҳи озодӣ ва наҷоти мазлумон, дигар ба касе наметавонанд такя кунанд. Имрӯз навбати таваҷҷуҳ ба яке аз милал расидааст - тоҷикон, ки тайи 23 сол таҳти ситам ва шиканҷаи як режими диктотурӣ дар Тоҷикистон қарор доранд."

Боздошти оқои Қувватов дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябр "Гурӯҳи 24"-ро, ки ӯ яке аз муассисон ва раҳбараш маҳсуб мешавад, як гурӯҳи ифротгаро хонда ва онро ба феҳристи созмонҳои теруристӣ ва ифротгаро дар ин кишвар изофа карда буд.

Раъйи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин бора пас аз он содир шуд, ки эътилофе аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар, аз ҷумла "Гурӯҳи 24", ба торихи 10 октябр мардумро ба роҳпаймоиҳои эътирозӣ алайҳи давлати ин кишвар фаро хонда буд.

Ҳарчанд ин роҳпаймоӣ баргузор нашуд, вале ба гуфтаи нозирон, мақомоти тоҷик аз чанд рӯз қабл барои муқобала бо он омодагӣ диданд. Аз ҷумла, шаби 4 октябр маъмурони пулиси зиддишӯриши Тоҷикистон, дар ҳоле ки саропо мусаллаҳ буданд, дар тамриноте густарда чандин сохтмони давлатиро дар маркази шаҳри Душанбе таҳти кунтрули шадид гирифта ва рафтуомад ба онҷоро маҳдуд карданд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Қувватов бо се тан аз ҳамроҳонаш боздошт шудааст

Ҳамчунин, системи иртиботот дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон дар он рӯзҳо мухтал ва дастрасии сокинон ба садҳо сойти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ дар интернет масдуд шуд. То ҳол масдудияти дастрасӣ ба бисёре аз ин сойтҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ рафъ нашудааст.

Умаралӣ Қувватов, ки пешинаи чандон пурранги сиёсӣ надорад, то соли 2012 ба тиҷорат машғул буд ва худро аз моликони ширкати мавсум ба "Фароз" медонист. Ин ширкат тайи солҳои зиёде ба тиҷорати маводди сухтӣ, аз ҷумла барои нерӯҳои омрикоӣ ва Ноту дар Афғонистон, машғул буд.

Аммо дар пайи ихтилофи назар бо бархе аз шариконаш, ки афроди наздик ба хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, оқои Қувватов Тоҷикистонро тарк кард ва дар моҳи августи соли 2012 эътилофи мавсум ба "Гурӯҳи 24"-ро дар Маскав таъсис дод.

Вай сипас аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ ба интиқодоти густарда аз мақомоти тоҷик пардохт ва иттиҳомоти фасоди молиро алайҳи бархе аз наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон матраҳ кард.

Зимнан, ин нахустин мавриди боздошти Умаралӣ Қувватов дар хориҷ аз Тоҷикистон нест. Авохири декабри 2012 вай дар ҷараёни як сафараш ба Дубай боздошт шуд ва наздик ба нуҳ моҳро дар боздошт ба сар бурд.

Мақомоти тоҷик талошҳое барои истирдоди ӯ ба кишвар анҷом доданд, вале ба дунболи эътирозоти пайвастаи гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ, оқои Қувватов дар моҳи сентябри соли 2013, дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, аз боздоштгоҳи Дубай озод шуд.

Матолиби муртабит