CESI: 'Русия раҳбари Тоҷикистонро бо инқилоб метарсонад'

  • 10 Октябр, 2014
Маркази Иттилоъоти Истротежии УруОсиёImage copyrightBBC World Service
Image caption Ба гуфтаи коршиносони ин марказ, Русия тавассути Умаралӣ Қувватов давлати Эмомалӣ Раҳмонро бо як “инқилоби рангӣ” тарс медиҳад

Маркази иттилоъоти роҳбурдии Уруосиё (МИРУ), як созмони пажӯҳишии мустақар дар Ландан, иддиъо карда, ки Русия аз Умаралӣ Қувватов, раҳбари яке аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, ҳимоят мекунад.

Ба эътиқоди коршиносони ин созмон (Center for Eurasian Strategic Intelligence, CESI), оқои Қувватов наметавонад бидуни "кумаки ҷиддии хориҷӣ" раҳбари як инқилоби миллӣ дар Тоҷикистон шавад.

Ин созмон муддаъист, ки Русия тавассути Умаралӣ Қувватов давлати Эмомалӣ Раҳмонро бо як "инқилоби рангӣ" тарс медиҳад, зеро мехоҳад Душанбе сиёсати худро дар қиболи Чин ба нафъи Русия тағйир бидиҳад.

Дар гузориши ин созмон омадааст, ки "фаъъолиятҳои ояндаи гурӯҳҳои мухолифи Эмомалӣ Раҳмон ба равобити жиюпулитики Маскав-Душанбе-Пекан иртиботи мустақиме хоҳад дошт."

Ин маркази пажӯҳишӣ ба шиъорҳои тазоҳуроте, ки “Гурӯҳи-24” дар рӯзи 10-уми октябр фаро хондааст, аз ҷумла "Тоҷикистон хоҳони ислоҳот аст", "Барои Тоҷикистони бидуни Раҳмон" ва "Барои интихоботи одилона" ишора мекунад, ки ба сурати густарда дар шабакаҳои интернетӣ интишор ёфтаанд.

Давлати Тоҷикистон дар вокуниш ба ин даъватҳо дастрасӣ ба беш аз 200 вебсойт ва шабакаи иҷтимоъиро масдуд кардааст. Мақомот бо рӯҳониён ва раҳбарони ҷамоъатҳои маҳаллӣ гуфтугӯҳое дар бораи ҷилавгирӣ аз тазоҳурот ва саркӯби ҳар гуна эътирозот анҷом додаанд.

Бино ба гузориши ин созмон, имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон дар рӯзи Иди Қурбон ба мардум дар бораи Умаралӣ Қувватов суҳбат карда ва аз ҷумла гуфтаанд: "Худи ӯ (Қувватов) дар хориҷа аст, аммо мардумро дар инҷо шӯр меандозад, мехоҳад саботи умумиро хадшадор кунад."

Image copyrightnone
Image caption Ба нивиштаи ин созмон, Умаралӣ Қувватов наметавонад бидуни "кумаки ҷиддии хориҷӣ" раҳбари як инқилоби миллӣ дар Тоҷикистон шавад

Маркази иттилоъоти роҳбурдии Уруосиё фарохони гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон ба эътирозоти умумиро низ ба Маскав рабт медиҳад: "Тибқи баровардҳои мо, Маскав аз Қувватов ба унвони каманде барои кунтрули мавзеъгириҳои жиюпулитик ва жиюиқтисодии Раҳмон истифода карда ва ба ин васила нишон медиҳад, ки имкони сар задани ошӯб дар кишвар вуҷуд дорад."

Бино ба ин гузориш, дар равобити Маскав ва Душанбе бар сари тасвиби ниҳоии қарордоди марбут ба тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон танишҳое вуҷуд дорад ва дар арсаи иқтисод Душанбе худро ҳарчи бештар ба Пекан наздик мекунад.

Дар ин гузориш мехонем: "Тоҷикистон саъй дорад дар изои тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-и Русия аз ин кишвар сармоя ва силоҳи бештар дарёфт кунад ва Русия дар ин музокирот аз мавзӯъи ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва воридоти маводди сӯхти Русия ба Тоҷикистон истифода мекунад."

Коршиносони ин марказ таъкид доранд, ки Кремлин аз равобити оқои Раҳмон бо Чин нигарон аст, "зеро Русия Тоҷикистонро нуқтае дуруфтода аз ҳавзаи нуфузи худ дар минтақа медонад ва талошҳои Чин дар Тоҷикистон Русияро асабонӣ кардааст."

Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни сафари ахири худ ба Тоҷикистон, раиси ҷумҳурии Чин ваъда додааст, ки дар се соли оянда дар иқтисоди Тоҷикистон шаш милиёрд дулор сармоягузорӣ мекунад.

Дар ин гузориш мехонем: "Ба намоиш гузоштани имкони вуҷуӯъи як "инқилоби рангӣ" дар Тоҷикистон як навъ ихтори Русия ба Душанбе дар бораи зарурати бознигарӣ дар сиёсатҳояш ба нафъи Русия аст."

Ба бовари коршиносони МИРУ, тамриноти токтикии низомиёни пойгоҳи 201-и Русия, ки ахиран дар размоишгоҳи Лоҳур баргузор шуд, низ "як сигноли дигари Русия" дар ин росто будааст.

Маркази иттилоъоти роҳбурдии Уруосиё як созмони ғайридавлатӣ дар Ландан аст, ки дар моҳи августи соли 2014 таъсис ёфтааст. Мутолеъа ва таҳлили "сиёсатҳои тавсеъаталабонаи Русия ва таҷовузи низомияш ба Урупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна" аз аҳдофи меҳварии ин марказ унвон шудааст.

Матолиби муртабит