Мухолифати ҲНИТ бо тазоҳуроти эҳтимолӣ алайҳи давлати Раҳмон
Image copyrightBBC World ServiceҲизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), бонуфузтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, мухолифати худро бо баргузории тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи давлати Эмомалӣ Раҳмон эълом кардааст.
Шӯроии сиёсии ин ҳизб рӯзи 8 октябр дар ҷаласае вазъияти ҷории Тоҷикистон, аз ҷумла фарохони бархе аз гурӯҳҳои мухолифи давлат ба эътирозоти умумиро, баррасӣ карда ва баёнияе дар ин бора интишор додааст.
Дар ин баёния омадааст: "Имрӯзҳо дар ҷомеъа, шабакаҳои иҷтимоъӣ ва расонаҳо дар бораи роҳандозии гирдиҳамоии эътирозӣ аз тарафи баъзе созмонҳо ва афрод овозаҳо ва хабарҳои гуногун паҳн мегардад. Ин масъала аъзо ва тарафдорони ҲНИТ-ро, ҳамчун як ҳизби сиёсии кишвар, ки барои расидан ба сулҳу оштӣ ва суботи ҷомеъа заҳмати зиёд кашидааст, бетараф гузошта наметавонад."
Дар идома ҳизби наҳзати исломӣ мухолифати худро бо баргузории тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи давлат басароҳат иброз дошта ва аз мубтакирони ин иқдом хостааст, ки аз ҳар гуна иқдомоти эътирозӣ даст кашанд.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ менависад: "Ҳаргуна иқдом, амал ва даъвате, ки ба сулҳу ваҳдат, оромиш ва суботи кишвар зарба мезанад, мухолафат бо қонунгузорӣ дорад, новобаста аз аҳдоф ва нияти баргузоркунандагонаш, мавриди маҳкумият ва инкори ҲНИТ қарор хоҳад гирифт."
Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷонибдорони худ низ хостааст, ки аз мушорикат дар гирдиҳамоии эътирозии эъломшуда худдорӣ кунанд, дар ғайри ин сурат мавриди таъдиб ва танбеҳ қарор хоҳанд гирифт.
Дар баёнияи ин ҳизб омадааст: "Мо аз аъзо, ҷонибдорон ва ҳамаи касоне, ки мавқеъи ҲНИТ-ро эҳтиром мегузоранд, даъват менамоем, ки дар ҳеҷгуна чорабиниҳои ғайриқонунӣ ширкат накунанд ва аз ҳолатҳои фитнаангез парҳез намоянд. Ширкат дар чорабиниҳое, ки қонунӣ нестанд ё қонунӣ ҳастанду роҳбарияти ҳизб бо он розӣ нест, мухолафат ба сиёсатҳо ва санадҳои дохилии ҳизб шинохта мешавад ва метавонад боъиси ихроҷи чунин аъзо аз саффи ҳизб бигардад."
Дар баробари ин, ҳизби наҳзати исломӣ аз бархе мақомоти давлатӣ, ки аз онон ном набурда, интиқод карда ва аз он ибрози таассуф мекунад, ки онҳо "дар муносибат бо гурӯҳҳои алоҳидаи сиёсӣ, динӣ ва иқтисодӣ" тайи панҷ соли ахир "иштибоҳоти пайдарпайеро" муртакиб шудаанд.
Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, ки ин ҳизб бештарин осебро аз "сиёсатҳои иштибоҳии мақомот" дидааст ва беш аз ҳар гурӯҳи дигаре "ҳаққи эътирозу нороҳатиро" дорад. Бо ин ҳол, нивишта, ки ҳама гуна эътирозу пешниҳод барои ислоҳи вазъият дар Тоҷикистон бояд бо роҳҳои мусолиматомез сурат бигирад.
Дар баёнияи ҳизб омадааст: "Эътирозу гирдиҳамоӣ низ яке аз василаҳои қонунӣ мебошанд, ки қонунгузории кишвар онро иҷозат додааст ва тибқи қонун бояд аввал ба мақомоти давлатӣ аз тарафи созмондиҳандагон расман муроҷиъат шавад. Нодида гирифтани талаботи қонун маънии кашондани қазия ба фазои берун аз чорчӯби қонунро дорад, ки метавонад оқибати ногувор барои кишвар ва миллат дошта бошад."
Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз иқдомоти "қонунӣ, мусолиматомез ва масъулиятшиносонаи мақомоти давлатӣ барои таъмини амнияту субот ва ҳифзи ҳуқуқи мардум" низ пуштибонии худро эълом карда ва аз мақомот хостааст, ки дар ин замина "бештар аз василаҳои фаҳмондадиҳӣ, муколама ва пешгирӣ" истифода кунанд.
Ин аввалин вокуниши Ҳизби наҳзати исломӣ ба фарохони эътирозоти густарда алайҳи давлати президент Раҳмон аз сӯйи бархе аз гурӯҳҳои мухолиф аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ, монанди Фейсбук аст.
Эътилофи мавсум ба "Тоҷикистони нав", ки ду моҳ аз сӯйи ҷунбиши "Ватандор" ба раҳбарии Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори табъидӣ ва мунтақиди давлат, "Гурӯҳи 24" ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов, тоҷири норозӣ, ва гурӯҳи мавсум ба "Ҷавонони тоҷик барои эҳёи Тоҷикистон" ба раҳбарии Мақсуд Иброҳимов, тоҷири норозии дигар, таъсис шуда, мардумро рӯзи 10 октябр ба тазоҳурот фаро хондааст.
Ин гурӯҳҳо ғолибан дар хориҷ аз Тоҷикистон таъсис шуда ва раҳбаронашон ҳам аз ҷумлаи мунтақидон ва мухолифони сиёсатҳои оқои Раҳмон ҳастанд, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба сар мебаранд, ҳарчанд ба иддиъои онҳо, шумори тарафдоронашон дар дохили кишвар низ зиёд аст.
Соҳибназарон мегӯянд, ки мухолифати умдатарин ҳизби расмии мухолиф бо тазоҳурот мумкин аст иддаи зиёде аз норозиёни дохилиро аз даст задан ба ҳар гуна эътирозоти умумӣ боздорад.
Ин иқдом эҳтимолан хашми мубтакирони гирдиҳамоии эътирозии эъломшударо низ хоҳад барангехт. Дар замони интихоботи риёсати ҷумҳурии гузашта (ноябри 2013), бархе аз раҳбарони ин гурӯҳҳо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро, ба ҳарфшунавӣ аз давлат муттаҳам карда буданд.
Ба ин тартиб, баргузории тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар дохили Тоҷикистон баъид ба назар мерасад. Бо ин ҳол, мақомот ба фарохони эътироз аз сӯи гурӯҳҳои мухолиф вокуниши ҷиддӣ нишон дода ва аз авоили моҳи ҷорӣ тадобири амниятиро дар саросари кишвар, бавижа дар шаҳри Душанбе, пойтахт, ба таври қобили таваҷҷуҳе тақвият кардаанд.
Аз ҷумла, шаби 4 октябр нерӯҳои пулиси зиддишӯриши Тоҷикистон дар амалиёте дар маркази шаҳри Душанбе, ки аз он ба унвони "тамрин" (учебка) ёд шудааст, дар ҳоле ки муҷаҳҳаз ба силоҳу сипар буданд, гирдогирди бархе аз сохтмонҳои давлатӣ, бавижа кохи риёсати ҷумҳури ин кишварро, иҳота карда ва роҳҳои мунтаҳӣ ба маркази шаҳрро бо мошинҳои зиреҳпӯш ва теъдоди зиёде аз маъмурони пулис масдуд карданд.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки аз субҳи рӯзи 9 октябр, як рӯз қабл аз замони тазоҳуроти эъломшуда, низ нерӯҳои амниятӣ ва пулиси мусаллаҳ дар чаҳор дарвозаи шаҳр бо зиреҳпӯшҳо мустақар шуда ва худравҳоеро, ки ба шаҳр ворид мешаванд, ҷиддан бозрасӣ мекунанд.
