Раҳматилло Зоиров: Паёми маро ба Путин расонед
Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сусиол-демукроти Тоҷикистон тавассути расонаҳо Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии Русияро ба муносибати 62-юмин зодрӯзаш табрик гуфтааст.
Ӯ ба расонаҳои тоҷик навишт, ки ба далели масдуд будани сойти иҷтимоъии Фейсбук дар Тоҷикистон, натавонист дар бораи зодрӯзи Владимир Путин, ки рӯзи 7-уми октябр буд,, мулоҳизоти худро дар саҳифаи Фейсбукиаш нашр кунад.
Ӯ дар номаи худ унвонии расонаҳои Тоҷикистон зодрӯзи Владимир Путинро, ки рӯзи 7-уми октябр буд, бо зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, ки ду рӯз қабл аз он фаро расида буд муқоиса мекунад.
“Мардуми Русия раиси ҷумҳури худро тавассути шабакаҳои иҷтимоъӣ дар зодрӯзаш ба сурати бесобиқа фаровон табрик гуфтаанд. Аммо дар Тоҷикистон дар рӯзи зодрӯзи оқои Раҳмон дастрасӣ ба ҳамаи шабакаҳои иҷтимоъӣ масдуд шуд.”
Оқои Зоиров мегӯяд ҳарчанд Владимир Путин зодрӯзашро дар Тайга, дар фосилаи ҳудуди 400 килуметр аз наздиктарин мавзеъи маскунӣ ҷашн гирифт, “ҳамаи шабакаҳои иҷтимоъӣ ва хабарӣ кор мекарданд ва интернет “ғарқи” табрикот ба Владимир Путин шуда буд.”
Раҳбари ҳизби мунтақиди давлати Тоҷикистон менависад, ки натавонистааст ба далели баста будани шабакаи иҷтимоъии Фейсбук ва сойти расмии ин ҳизб ба ин табрикот бипайвандад ва ё мулоҳизоти худро дар бораи Иди Қурбон, Рӯзи Забон ва зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳмон Набиев иброз дорад.
Раҳматилло Зоиров дар номааш унвонии хабарнигорон афзуд: “Ба ин хотир мулоҳизоти худ ва табрикоти худро ба муносибати зодрӯзи Владимир Путин тавассути имейл ба расонаҳои мухталиф ирсол мекунам.”
Оқои Зоиров афзуда: “Ин табрикот ба хотири он нест, ки ӯ (Путин) раиси ҷумҳурии Русия ё раҳбари давлат аст, балки ба хотири ин аст ки ӯ чеҳрае бетаъоруф ва гоҳо ғайримантиқиву ҷанҷолбарангез ва фарде бокифоят аст ва талош дорад, тағйиротро сарсахтона дунбол кунад ва муҳимтар аз ҳар чизи дигар - ӯ боғайратона, фадокорона ва қотеъона ба суди давлати худ, Ватани худ, ба нафъи Русия фаъъолият мекунад. Таваллудатон муборак бошад, Владимир Путин!”
Оқои Зоиров таъкид кард, ҳарчанд дар муқоиса бо солҳои қабл Владимир Путин дар соли ҷорӣ аз раҳбарони кишварҳои хориҷӣ камтар паёмҳои табрикотӣ дарёфт кард, “аммо шумори мардуми одӣ аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон, ки ӯро шодбош гуфтанд, бамаротиб бештар буд, ва ин олист!”
Нигаронии САҲУ аз масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоъӣ
Дар ҳоле, ки раҳбари ҳизби сусиол – демукроти Тоҷикистон бо гила аз он ки Фейсбук дар ин кишвар дастрас нест, паёми табрикотиашро ба раиси ҷумҳурии Русия тавассути расонаҳо умумӣ кард, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар бораи баста шудани гурӯҳе аз сойтҳо дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Дар изҳороти Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар ин бора омадааст: “Пас аз масдуд шудани гурӯҳи бузурге аз вебсойтҳо ва расонаҳои иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ВКонтакте, Ютуб ва Фейсбук, Дуня Миятович, намояндаи бахши Озодии баён дар САҲУ аз мақомот даъват кардааст, то бидуни маҳдудият дастрасиро ба интернет таъмин кунад.”
Дуня Миятович гуфтааст: “Масдуд шуданҳои мукаррари вебсойтҳо дар моҳҳои ахир дар Тоҷикистон гароиши изтиробангез ва нигаронкунандаест. Амалҳои маломатомези мукаррар ба мисли ин ба яке аз аслҳои ҳуқуқи башар, яъне дастрасӣ ба иттилоъ ва озодии баён зиёновар аст.”
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон рабт доштани масдудияти бархе аз сойтҳои хабарӣ ва иҷтимоъиро ба онҳо радд мекунанд.
Аз ҷумла Бег Сабурӣ, раҳбари Ожонси иртибототи Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки аз ин қазия бехабар аст ва “ҳадс задааст”, ки чунин вазъ ба хотири мушкилоти фаннӣ рух дода бошад.
Сокинони Тоҷикистон аз рӯзи шанбеи 5-уми октябр ба шабакаҳои иҷтимоъии Фейсбук ва ВКонтакте дастрасии бемонеъа надоштанд ва аз вилояти Суғд гузориш шуда, ки онҷо дастрасии сокинон ба интернет аз тариқи мубойл комилан қатъ шудааст.
