Гузоришгарони Бидуни Марз аз Бег Сабур тавзеҳ хост
Image copyrightBBC World ServiceСозмони Гузоришгарони Бидуни Марз аз раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон хостааст тавзеҳ бидиҳад, ки чиро дастрасӣ ба хадамоти ҷустуҷӯгари Гугел ва сойти Ютюб дар ин кишвар масдуд шудааст.
Ин созмон гуфта, ки худсарона маҳдуд сохтани дастрасии мардум ба интернет зери по гузоштани ҳаққи шаҳрвандон ба дарёфти иттилоъ мебошад, ки тахаллуфе азим аст.
Бисёре аз корбарони интернет дар Тоҷикистон хабар додаанд, ки аз рӯзи панҷшанбе ба ин сӯ ба хадамоти ҷустуҷӯгари Гугел, аз ҷумла Gmail ва Ютюб, дастрасӣ надоранд. Ин мушкил бавижа аз сӯйи муштарикони ширкатҳои Тисел ва Мегофун гузориш шудааст.
Корбарон гуфтаанд, ки аз 10 июн ба ин сӯ сойти Ютюб, ки шабакае барои ба иштирок гузоштани видеу буда ва молики он ширкат Гугел аст, дар роёнгар (компютер) ва ойпадҳои онон боз намешавад. Бархе хабар додаанд, ки ба сойти Тоҷнюз ҳам дастрасӣ надоранд.
Мақомоти Идораи иртибототи Тоҷикистон иртиботи худ бо ин қазияро рад кардаанд, аммо масъулони ширкатҳои фароҳамгари интернет басароҳат гуфтаанд, ки аз Идораи иртиботот дастур гирифтаанд, ки дастрасӣ ба ин сойтҳоро масдуд кунанд.
Ҷуҳон Бир, раҳбари бахши Урупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи созмони Гузоришгарони Бидуни Марз гуфтааст: "Худсарона маҳдуд сохтани дастрасӣ ба ин сойтҳо зери по гузоштани ҳаққи мардум ба дарёфти хабар аст."
"Мақомоти тоҷик ҳамвора масъулияти худро дар мавриди масдудияти сойтҳо рад мекунанд, вале охирин такзиби онҳо посухе кофӣ нест. Онҳо масъул ҳастанд, ки тадовуми дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистонро барои мардум замонат бидиҳанд."
Оқои Бир ҳамчунин гуфтааст: "Мо аз раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон, Бег Сабур, мехоҳем бедиранг дар бораи ин масъала тавзеҳ бидиҳад ва сойтҳои басташударо бетаъхир боз кунад. Давлат бояд аз ҳар гуна фишор бар фароҳамгарони интернет худдорӣ кунад."
Пештар Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки бидуни ҳеч таъхире дастрасии сокинони ин кишвар ба сойти Ютюбро барқарор кунанд. Аммо мақомоти тоҷик то ба ҳол ин тақозоҳоро нодида гирифтаанд.
Гузоришгарони Бидуни Марз, ки як созмони ҳомии озодии баён ва расонаҳо аст, мегӯяд, ки тайи ду соли ахир мақомоти Тоҷикистон чандин бор дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоъӣ ва сойтҳои хабариро масдуд кардаанд.
Фейсбук, Туитер, Вконтакте, Ютюб ва торнамоҳои хабарии Би-би-сӣ, родиюи Озодӣ, хабаргузориҳои "Asia-Plus", "Ferghana", "RIA Novosti", "Vesti" в "Gazeta" пайваста бо маҳдудият ё масдудият рӯбарӯ шудаанд.
Пеш аз интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли милодии гузашта, мақомоти тоҷик дастрасӣ ба сойти Ютюбро низ барои чанд моҳ масдуд кардаанд.
Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, ки масдудияти сойтҳои интернетӣ дар Тоҷикистон ҳамвора пас аз он сурат мегирад, ки матолибе интиқодомез дар бораи давлати ба гуфтаи ин созмон худкомаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар, дар онҳо мунташир ё пахш мешаванд.
Мақомҳои Идораи иртибототи Тоҷикистон ҳамвора даст доштани худро дар ин масдудсозиҳо рад кардаанд, вале масъулони ширкатҳои фароҳамгар изъон мекунанд, ки маъмулан аз ин ниҳод дастурҳои шифоҳӣ ё паёмак мегиранд, ки бояд шуморе аз торнамоҳо баста шаванд.
Масдудияти дстрасӣ ба хадамоти Гугел, бавижа сойти Ютюб дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифта, ки ахиран аксҳо ва тасовире аз шиъорҳои зидди давлати оқои Раҳмон дар хиёбонҳои Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шудаанд. Мухолифини ӯ видеуҳои танзомезе ҳам дар Ютюб интишор додаанд.
Хабаргузории "Озодагон" пештар гузориш карда буд, ки як корбари Фейсбук пас аз пайдо шудани шиъорҳои тарафдорони ҷунбиши Ватандор ва Гурӯҳи 24, ду гурӯҳи мухолифи давлат, дар хиёбонҳои Душанбе ба иттиҳоми "тавҳин ба раиси ҷумҳур" боздошт шудааст.
Дар гузориши солонаи Гузоришгарони Бидуни Марз Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон дар заминаи озодии матбӯъот дар мақоми 115 қарор гирифта, ба ин маъно, ки вазъи озодиии матбӯъот дар ин кишвар бисёр вахим аст. Аммо мақомоти тоҷик ин иддиъоро ҳамвора рад мекунанд.
