Шикояти хабарнигорони хатлонӣ аз 'тавҳин' ба як зани рӯзноманигор
Image copyrightBBC World ServiceҲудуди 40 рӯзноманигори маҳаллӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз ончи тавҳин ба як зани хабарнигор аз сӯйи як мансабдори маҳаллӣ хондаанд, ба вазири маъориф ва устондори Хатлон шикоят бурдаанд.
Дар ин нома, ки ба Нуриддин Саидов, вазири маъориф ва илми Тоҷикистон, ва Давлатшо Гулаҳмадов, устондори вилояти Хатлон, фиристода шуда, як мақоми маҳаллӣ ба тавҳин ва беэҳтиромӣ нисбат ба рӯзноманигор Ашӯрмо Солеҳова муттаҳам шудааст.
Хабарнигорон аз ин ду мақоми давлатӣ хостаанд, ки рафтори ин мансабдори маҳаллӣ нисбат ба хонуми Солеҳова, ки бо тахаллуси Шабафрӯз дар нашрияи шаҳрии “Набзи Қурғонтеппа” мақолаву гузориш менивисад, мавриди баррасии ҷиддӣ ва мунсифона қарор дода шавад.
Хонум Солеҳова дар рӯзи "Занги камолот" дар дабиристони мавсум ба “Ориёно” дар шаҳри Қурғонтеппа машғули ҷамъоварии иттилоъ барои навиштани гузорише буда, ки бо Хоналӣ Қурбонзода, раиси идораи маъорифи вилояти Хатлон, рӯбарӯ шудааст.
Дар посух ба ин суоли мансабдори маҳаллӣ, ки дар мактаб чи кор мекунад, хонум Солеҳова гуфтааст, ки барои аккосӣ аз маросими "Занги камолот"-и шогирдон омадааст. Вале, ба иддиъои хабарнигорони маҳаллӣ, оқои Қурбонзода дар ҳузури онҳо ба хонум Солеҳова суханони нораво гуфтааст.
Хонуми Солеҳова мегӯяд, ҳамин муносибат дар гузашта низ шудааст: "Дар идораи маъориф оқои Қурбонзода ба ман гуфт, ки ту кӣ ҳастӣ ва дар инҷо чӣ кор мекунӣ? Вақте ки гуфтам хабарнигор ҳастам, дар ҷавоб бо тамасхур гуфт, ки ҳа, аз ҳамин пӯшишат маълум, ки хабарнигор астӣ."
Ба гуфтаи рӯзноманигорони маҳаллӣ, зоҳиран ин мақоми устондорӣ ба пӯшиши одии ин зани рӯзноманигор эрод гирифтааст. Аммо хонум Солеҳова мегӯяд, ки имконоти молӣ ба ӯ даст намедиҳад, ки либосҳои гаронқимат ва пурзарқу барқ харад.
Вай афзуд: "Ман як хабарнигорам, ки бо заҳмати зиёд моҳиёна 358 сомонӣ (70 дулор) маъош мегирам.Ин маблағ барои харидории хӯрок барои се фарзандам намерасад, пас ман аз куҷо метавонам барои худ порчаҳои зебо ва гарон хараму бипӯшам?"
Дар ҳамин ҳол, Хоналӣ Қурбонзода, раиси идораи омӯзишу парвариши Хатлон, дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки вай нисбат ба касе иҳонат накардааст.
Ӯ мегӯяд: "Ман дар тӯли фаъъолиятам ягон хабарнигорро наранҷондаам ва баъди хондани мактуби ин духтар ман шаб зиёд фикр кардам. Ман танҳо нагузоштам, ки аккосӣ кунад. Чун чорабинӣ шурӯъ нашуда буд ва гуфтам, ки ҷойи худро тағйир диҳад."
"Дар дасташ як планшет буд ва ӯ аккосӣ мекарду роҳи меҳмононро мегирифт. Ман чизе нагуфтам, ки аз доираи одобу ахлоқ дур бошад. Агар ин хабарнигор як мард мебуд, ҳатман ба додгоҳ муроҷеъа мекардам, вале вай зан аст."
Аз оқои Қурбонзода пурсидам, ки оё бо ӯ ва дигар хабарнигороне, ки зери нома имзо гузоштаанд, мулоқот анҷом хоҳад дод? Вай гуфт: "Ман дар шаҳри Кӯлоб ҳастам ва бояд бо ҳамаи хабарнигорон суҳбат кунам? Ман намедонам, ки чӣ кор кардам. Чизи зиёдатие нагуфтаам. Агар ин зан гуфтаҳои маро таҳқир ҳисоб кунад, ман намедонам. Дар он маросим чандин волидони хатмкунандагони мактаб ҳозир буданд."
Маълум нест, ки ихтилофи байни оқои Хонзода ва рӯзноманигорони маҳаллӣ бар сари иддиъои хонум Солеҳзода ба чи хоҳад анҷомид. Аммо ҷудо аз ин қазия, ҷомеъашиносон мегӯянд, ки нигоҳи табъизомез ба занон дар сутуҳи мухталифи давлатӣ дар Тоҷикистон ба таври густарда ривоҷ дорад.
Қазияи хонум Солеҳова аз камтар маворидест, ки мавзӯъи тавҳин ё беэҳтиромӣ нисбат ба занон аз сӯйи мансабдорони давлатӣ дар ҷомеъа ба таври матраҳ мешавад. Юсуф Муҳаммадзода, як сокини Хатлон , мегӯяд, ки Тоҷикистон як кишвари демукротик аст ва ҳеч мансабдоре ҳақ надорад, ки ба пӯшиши касе эрод бигирад ё нисбат ба касе, бавижа занон, табъизу тавҳин кунад.
Оқои Муҳаммадзода мегӯяд: "Дар зеҳнияти бисёре аз мансабдорон ҳанӯз ҳам идеулужии шӯравӣ ҷой дорад ва онҳо на ба донишу ҳунар, балки ба пӯшиши афрод таваҷҷуҳ мекунанд. Мудохила дар пӯшиши занон ҳам ҷузъе аз сиёсати пӯшида дар кишвар аст, ки ба таври рӯзмарра амалӣ мешавад."
Дар ҳамин ҳол, занону духтарони хатлонӣ мегӯянд, ки дар ин вилоят "ба чашми кам дидани занону духтарон" аз сӯи раҳбарон ва дигар ҳамкоронашон зиёд мушоҳида мешавад. Онҳо ин муносибатро як навъ беэҳтиромӣ ба зан медонанд.
Гулдаста номи мустаъори як зани хатлонӣ аст, ки дар ҳукумати яке аз навоҳӣ кор мекунад. Вай мегӯяд, ки роҳбарон занҳоро баробари мардон намегузоранд ва зан маҳалли кор ҳамеша аз мард як зина пойинтар аст.
Гулдаста аз таҷрубаи худ мегӯяд: "Ман наметавонам фикрамро дар миёни мардҳо баён кунам, медонам, ки аз ин чиз хушашон намеояд ва ҳамеша ман як зан ҳастам ва ба ман ба унвони зан нигоҳ хоҳанд кард. Барои аксарияти мардҳо дар Тоҷикистон зан бояд танҳо хонашин ва тарбиятгари фарзанд бошад."
Ин зани хатлонӣ мегӯяд, ки борҳо барои пешниҳоди ягон тарҳе бо ҳамкорон даъво мекунад, вале ба хотири он ки ин тарҳро як зан пешниҳод карда, ба иҷрои он муваффақ намешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар чорчӯби як барномаи давлатӣ зери унвони “Мақоми зан дар ҷомеъаи имрӯзӣ" ҳамеша шиъор дода мешавад, ки шумори занон бояд дар миёни раҳбарони муассисоти давлатӣ афзоиш ёбад, вале дар миёни мақомоти давлатӣ дар марказ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ занони раҳбар камтар ба мушоҳида мерасанд.
Дар вилояти Хатлон бештари раҳбарони сатҳи аввали шаҳрҳо ва навоҳии мухталиф мардҳо ҳастанд. Аз сӯйи дигар, фаъъолият дар ширкатҳои кишоварзӣ дар ин вилоят бештар бар уҳдаи занон будааст.
Гулчеҳра, як сокини вилояти Хатлон, гуфт дар ин вилоят заноне, ки бо тавҳин ва таҳқир аз сӯйи раҳбар ё ҳамкоронашон дучор мешаванд, ба ниҳодҳои вижа кам шикоят мебаранд. Ба гуфтаи вай, бештари ин занон дар бораи ҳуқуқи худ иттилоъи ночизе доранд.
Вай мегӯяд: "Шумори занҳое, ки дар ҷои кор муваффақ мешаванд, дар вилоят андак аст ва бисёре аз онҳо дар зиндагии хусусӣ дар хонаводаҳояшон чандон хушбахт нестанд."
Иддае аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон рафтори аксари мардум бо заноне, ки дар муассиса ва корхонаҳо дар канори мардон кор мекунанд, хуб нест.
